ДомойОзмунҳо/ГрантҳоМаркази Беркмани донишкадаи Гарвард коромӯз меҷӯяд

Маркази Беркмани донишкадаи Гарвард коромӯз меҷӯяд

Донишҷӯёни тамоми ихтисосҳое, ки ба омузиши технологияҳои муосир ҳавас доранд, метавонанд барои иштирок дар коромӯзии Кембриҷ, штати Массачусетс, дархост пениҳод намоянд.

Маркази таҳлили Интернет ва ҷомеаи Беркмани донишкадаи Гарвард, барои иштирок дар коромӯзии тобистони 2016 дархост қабул менамояд. Барномае, ки тамоми рӯз давом мекунад аз 6 июн то 12 август ба нақша гирифта шудааст.

Номзадони интихобгардида дар гурӯҳҳои таҳқиқоти, ки бо масъалаҳои кибермуҳофизат ва рушди соҳаи илм фаъолият менамоянд, кор хоҳанд кард. Инчунин метавонанд дар дарсҳои махсус ва дигар ҷамъомадҳои устодони Маркази Беркман ва дар иштирокчиёни барнома шаиркат варзанд.

Коромӯзон дар як соат 11,5 доллар маблағ ба даст меоранд. Роҳкиро, хароҷоти зист ва суғурта аз тарафи коромӯзон пардохт мешавад.

Барои иштирок дар барнома донишҷӯёни хориҷи даъват карда мешаванд. Коромӯзон наметавонанд донишҷӯёни ИМА ё сокини ин давлат бошанд.

Дархост то 12 феврал қабул карда мешавад.

Баро гирифтани маълумоти иловаги аз истинод истифода баред.

Манбаъ: jnet.org.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ