ДомойОзмунҳо/ГрантҳоDW Akademie ба рӯзноманигорн идрор пешниҳод менамояд

DW Akademie ба рӯзноманигорн идрор пешниҳод менамояд

Рӯзноманигорони ҷавон, роҳбарони ВАО ва мутахассисони соҳаи чандрасонагӣ барои гирифтани ин идрор, метавонанд ариза пешниҳод намоянд.

DW Akademie барои иштирок дар Барномаи байналмилалии тадқиқот дар соҳаи медиа (Media Studies Program), ки дар Бонн баргузор мегардад, дархост қабул менамояд. Донишҷӯёне, ки чор чоряки барномаро бомуваффақият хатм менамоянд, соҳиби дараҷаи магистр мегарданд.

Барнома – гузаронидани тадқиқот, омӯзишҳо ва машғулияти амалиявиро дар бар гирифта, аз чунин соҳаҳо иборат мебошад: рӯзноманигорӣ, иртиботи омма ва идоракунии ВАО.

Ба довталабон аз давлатҳои Африқо, Осиё, Амрикои Лотини ва Аврупои Шарқи, даҳ идрори пурра пешниҳод мешавад.

Номзадон бояд дараҷаи бакалаври ва на кам аз собиқаи кории як сола дар соҳаи ВАО дошта бошанд. Инчунин донистани забонҳои англиси ва олмони ҳатмист.

Дархостҳо то 31 март қабул карда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти бештар аз ин истинод истифода баред.

Манбаъ: ijnet.org.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ