ДомойХудомӯзДу восита барои рамзикунонии ирсоли почтаи электронӣ

Ду восита барои рамзикунонии ирсоли почтаи электронӣ

Мо почтаи электрониро бо ҳар мақсад истифода мебарем. Қисми зиёди мактубҳои электронӣ чун матни одди ирсол ва ҳифз мешавад, ки хондин он хело содда мебошад. Лекин маълумоти ирсошаванда муҳим бошад, оиди ҳифзи он бояд фикр кард.

Ана – якчанд намуди ҳифзи мактубҳои шумо.  Паёмҳои шумо ҳангоми ирсол ва ҳифз дар сервер рамзнок карда мешаванд, дар ин тарз онҳоро касе ба ғайр аз шумо дида наметавонад. Яъне маълумоти шуморо танҳо он нафароне, ки шумо ирсол менамоед, мутолиа мекунанд.

Таъминкунандагони рамзкунонидани почта якчанд намуд мешаванд: замимаҳои шабакавӣ, замимаҳои компютери, иловагиҳо барои хизматрасониҳои почтавӣ, ки ҳиссаи муҳофизати доранд.

Hushmail, яке аз таъмингари рамзикунонии маъруф ба ҳисоб меравад. Ҳангоми истифодаи Hushmail мактубҳои шумо дар ҳолати рамзкунонида қарор ёфта, вақти ворид шудан ба хизматрасони он аз рамз бароварда мешавад. Агар ба касе паёмак навишет, метавонед саволи махфиро гузоред, ки қабулкунанда бояд ба он ҷавоб гуфта, муоширатро идома диҳад.

Ба қабулкунандаи шумо истинод меравад. Бо истифодаи ин истинод ӯ метавонад ба Hushmail вуруд шавад.

Ҳангоми гузаштан тариқи истинод ба қабулкунанда саволи шумо мерасад, бо ҷавоби дуруст ӯ метавонад мактубро хонад.

Enigmail иловагии ройгон барои Mozilla Thunderbird – чунин иловагиҳоро барои дигар барномаҳои почтави низ дарёфт кардан мумкин. Барои истифодаи Enigmail бояд иловагии Enigmail-ро барои Thunderbird ва барномаи GNU Privacy Guard-ро барои системаи оператсионии худ насб кунед.

Баъди он, ки шумо Enigmail-ро, дар Thunderbird насб намудед, менюи нави OpenPGP, ки дорои ёрдамчии роҳандози фаъол мешавад. Ёрдамчи ба шумо қадам ба қадам тарзи роҳандозии дурусти вуруд ё хуруҷи рамзҳоро нишон медиҳад.

Шумо бояд рамҳзоятонро бо дигарон иваз намоед, аз ин сабаб роҳи камтар душвор мебошад. Бартари дар он аст, ки шумо метавонед Enigmail-ро бо дигар замимаҳо кор фармоед, ба мисоли Gmail.

Матни аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ