ДомойХудомӯзДаҳ замимаи касбӣ барои iOS ва Android аз BBC Academy

Даҳ замимаи касбӣ барои iOS ва Android аз BBC Academy

Аксари мутахассисони медиа смартфонҳоро, ки ҳангоми сабти видеоӣ метавонанд таҷҳизоти касбиро иваз намоянд, ҳамчун восита баррасӣ намекунанд.

Марк Сеттл (Marc Settle), мутахассиси Медиаакадемияи BBC (BBC Academy) чунин меҳисобад, бо истифода аз замимаҳои махсус, ки бисёре аз онҳо пулакӣ аст, журналистон, наворбардорон, коргардонҳо метавонанд маводи мукаммали видеоиро таҳия намоянд.

Барои намуна — трейлери филми амрикоии Tangerine, ки бо iPhone 5s сабт шудааст, мисол овардан мумкин аст. Намоиши филм дар фестивали Sundance Film Festiveal сурат гирифт.

[youtube youtubeurl=»ALSwWTb88ZU» ][/youtube]

Инак, шарҳи Марк, ки дар bbc.co.uk нашр шудааст:

Барои ҳар як сабт омодагии хуб муҳим аст. Ба журналистон, мумкин аст, тамоми замимаҳои ин боб зарур набошанд, вале агар шумо доир ба истифодаи пурраи смартфон фикр кунед, ба номгӯйи мазкур таваҷҷӯҳ намоед.

Scripts Pro  барои  iOS – замимаи хеле боэътимод барои муайянкунии андозаи сенарияҳо бо стандарти намуна мебошад.

Алтернативаи ройгон барои Андроид — My Screenplays.

Тарҳи он чиро, ки дар сабти ҳосилшуда бо камераҳои мухталиф бо кӯмаки замима барои Андроиди SL Director’s Viewfinder ва муодили он барои  iOS дидан мумкин аст – ин Artemis Directors’ Viewfinder мебошад.

iPhone ба истифодабаранда имкони каме идора кардани сабтро медиҳад, вале маҳдудиятҳои намоён низ ҳастанд, ки коргардонҳои синаморо ба сатҳи баланди паридан водор менамоянд. Масалан, Шумо ҳатто наметавонед сатри садоро, ки дар вақти банаворгирии видео сабт мешавад, шунавед, ҳол он, ки ҳангоми банаворгирӣ фокусро ҳамвор тағйир додан мумкин нест.

Замимаи FiLMiC Pro аз ҷониби аксарият бисёр эътироф гардидааст, маҳз он барои сабти Tangerine истифода мешавад. Дар байни номгӯи вазифаҳо, замима имкон медиҳад, ки садо дар вақти сабт назорат карда шуда, шумораи кадрҳо дар сония ва суръати парда тағйир дода шавад. Он ҳамчунин имконияти тағйир додани фокус ва бисёр чизҳоро медиҳад.

Замимаи FiLMiC Pro дар якҷоягӣ бо замимаи дигари имкониятҳои зиёддошта барои видео — Filmakr – барои таҳияи рекламаҳои дилрабою олиҷаноб барои Benteley истифода мешуд.

Даҳ замимаи касбӣ барои iOS ва Android аз BBC Academy

Дар ин видео бо сабт натанҳо замимаҳо, ки аз онҳо истифода кардаанд, балки бисёр гаджетҳо ва дастгоҳҳои барои сабт истифодашаванда, нишон дода шудааст.

[youtube youtubeurl=»PQmzuT0C8T4″ ][/youtube]

Барои истифодабарандагони Андроид замимаҳои санҷидашуда барои сабт – ин Cinema FV-5 мебошад. FiLMiC Pro ба наздикӣ ба Android баромад, вале нопуррагӣ (кӯтоҳӣ) аз ин системаи амалиётӣ чунон маъно дорад, ки замима танҳо барои смартфонҳои муайян кор мекунад.

Ҳатто, агар ҳар кори аз Шумо вобастаро барои дуруст ба назар расидани видео иҷро кардед, ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки ё аз сабаби ба таври дилхоҳ ва интизорӣ ба охир нарасидан мехоҳед онро тағйир диҳед, ё Шумо сахт мехоҳед  маводи сабткардаи хешро ислоҳ намоед.

Бо ин ҳадаф ба Шумо замимае барои коркарди пост-продакшн зарур аст. FiLMiC Pro метавонад ҷиҳати сарфа намудани маблағ барои харидани боз як замима кӯмак расонад, ҳарчанд, ки он низ дорои як қатор танзимот аст, ба монанди тавозуни сафед, сояҳо, сарахбор ва пуркунӣ. Эффектҳои бештари муфассал дар замимаи  Video Grade ҳастанд, ки дар онҳо идораи сояҳо, минтақаҳои нур ва дақиқӣ ҳастанд.

Замимаи Apple iMovie – воситаи бениҳоят маъмул бо вариантҳои зиёд, ҳатто барои аксари коргардони эҷодӣ кифоя аст, гарчанде барои Шумо андозаи назарраси хотираи озод зарур аст, зеро замима тахминан 700 MБ-ро ишғол менамояд. Наздиктарин эквивалент барои Андроид – ва боз, он аз сабаби нопурра будан, танҳо дар баъзе аз дастгоҳҳо, на дар ҳамааш кор мекунад — ин KineMaster мебошад.

Сабти  хушу  бомуваффақияти  филмҳо!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ