ДомойХудомӯзVerifeye Media Pro Camera – замима барои сабт ва фурӯши акс- ва...

Verifeye Media Pro Camera – замима барои сабт ва фурӯши акс- ва видеомавод

Видеое, ки бо кӯмаки замимаи ройгон сабт шудааст, ҳангоми таҳия аз тафтиш мегузарад, медиа метавонад дар асоси созишномаи “пардохт барои ҳар як мавод” ба мавод иҷозат диҳад.

Оҷонсии хабарҳои визуалии Verifeye Media дар оғози моҳи марти соли 2016 замимаи ройгони камераи аксбардори Verifeye Media Pro Camera (iOS)-ро баровард, ки журналистони мустақил ва шоҳидони тасодуфӣ тавонанд даромади иловагӣ ба даст оранд.

Видео ва аксҳое, ки бо кӯмаки замимаҳо сабт шудаанд, ҳангоми таҳия аз тафтиш мегузаранд, — дар маводи journalism.co.uk, мефаҳмонад ҳаммуассис Ҷон Ди Мак Хю.

Verifeye Media Pro Camera маълумоти геолокатсиониро ба ҳар як селобаи хабарнигории аксҳо пайванд менамояд, вале шахсияти ҳар як иштирокчӣ аз ҷониби даста санҷида мешавад, гарчанде барои гирандагон номи онҳо пинҳон мемонад.

Verifeye Media ба “маводҳо” иҷозат медиҳад, маҷмӯи роликҳои видеоӣ ё намоиши аксҳо барои идораҳои иттилоотӣ бо нархи собитшудаи 200 фунт стерлинг барои мавод – 50 дарсади он ба шоҳидон ё шахсони озод (фрилансер), ки маводро омода намуданд, ҷудо карда мешавад. Раванди пардохт дар давоми 7 рӯз амалӣ мегардад.

“Ҳамин ки чизе дар ҷараёни иттилоотии мо рух медиҳад, мо аллакай ҳуқуқ ба паҳн кардани ин мавод, барои иҷозатномагирӣ ба он, мо аллакай медонем, ки онро кӣ сохтааст”, — мегӯяд Мак Хю.

Тамоми ҷараён автоматӣ кунонида шудааст. Барои ташкилотҳои медиа, ки тасвирро харидорӣ менамояд, ҳамзамон, сабт барои иштирокчии аксҳоро ҷойгиркарда, ки ӯро оид ба харидуфурӯш воқиф менамояд, чек ташкил карда мешавад.

Барои оғози кор бо Verifeye Media Pro Camera бояд аз қайди verifeyemedia.com гузашт.

Дар замима опсияи “пурбор кардани автоматӣ” ҳаст, ки барои истифодабарандагон имконият медиҳад маводро дар ҳолате ба қайд гиранд, ки дар акси ҳол онҳо барои ба охир расонидани вазифа душворӣ хоҳанд кашид.

Мак Хю: “Ин махсусан қулай аст, агар Шумо фикр кунед, ки ҳоло Шуморо дастгир мекунанд ва камераро кашида мегиранд. Бо кӯмаки хизматрасонии фаъолшавии автоматӣ Шумо метавонед чизеро сабт намоед, ва агар Шумо дастгир кардан, Шумо медонед, ки он аз дастатон рафт, ҳатто агар камераи шуморо кашида гиранд ё дар назди Шумо шикананд. Ё агар телефони шуморо ғорат кунанд, дар ин ҳолат низ мавод аз даст меравад”.

Замима дар бета-тафсир наздик як сол мавҷуд буд. Бо вуҷуди он ки ҷараёни иттилоот ҳамоно дар бета боқӣ мемонад, он аллакай шумораи муайяни муштариёнро ҷамъ намудааст, онҳо асосан ширкатҳои бузурги медиаи рақамӣ, ба монанди Mashable ё BuzzFeed, The Guardian и The Telegraph мебошанд.

Имрӯз аксари истифодабарандагони замима – кормандони озод (фрилансер) ва аксбардороне мебошанд, ки аллакай ин ё он маводро инъикос мекунанд ва мехоҳанд тасвир (видео)-ро ҳамчун сарчашмаи нави даромад илова намоянд, таъкин намуд Мак Хйю.

“Дар мо дар шаҳри Кале гурезаҳо ҳастанд, ки ба қайд гирифта шудаанд ва сабт менамоянд. Вале мо ҳеҷ нафарро барои ягон корро рафта, иҷро кардан хоҳиш намекунем, зеро ҳамаи хатарҳое, ки бо он алоқаманд аст, мефаҳмам”, — илова менамояд Мак Хйю, ки таҷрибаи зиёди мухбири аксбардори низомӣ дорад.

Гарчанде Verifeye Media дар марҳилаи ҳозираи ташаккул ба шахсони озод имконияти дархостро намедиҳад, чунин мешуморад, ки даста барои дастгирӣ ва ҳимояи иштирокдорони хеш, ки мавод пешниҳод менамоянд, ҳамоно масъулияти маънавӣ дорад.

“Ман медонам, дар он ҷо чӣ хоҳад буд ва медонам, ки чӣ хел бо роҳи осон ба мавқеъгирӣ хотима бахшид, эҳтиётиро аз даст дод. Барои ин ҳарчанд ман ҳуқуқи манъи рафтани нафареро ба ҷое надорам, ман шояд ба гуфтани он ки “мо маводи туро нашр намекунем” ҳуқуқ дорам, агар донам, ки вай ноқисулақл мебошад”.

Verifeye тартиби “бонг (сигнал)-ҳои чароғаки роҳнамо”-ро барои бақайдгирии истифодабарандагоне, ки чуноне таҷриба нишон медиҳад, худро дар ҳолатҳои хатарнок мегузоранд, истифода мебарад.

«Ин ҳама – истифодаи он таҷрибае, ки ман дар майдон гирифтам, онро дар ҷараёни тиҷорат ҳамроҳ кардам, гӯё ман мегӯям: “роҳи беҳтар кардани кор ҳаст” », — илова менамояд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ