ДомойMedia and Social Innovation LabМаслиҳатҳо ба муаллифони лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз устодони Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои иҷтимоӣ

Маслиҳатҳо ба муаллифони лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз устодони Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои иҷтимоӣ

Кадом омилҳо барои муваффақияти лоиҳаи иҷтимоӣ таъсир мерасонанд? Муаллифон ва таҳиягарон ҳангоми амалӣ намудани ғояҳо чиро бояд дар хотир дошта бошанд? Чиро ба инобат гиранд?

Бо маслиҳатҳои назариявӣ ва тавсияҳои амалӣ устодон ва тренерҳои Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои иҷтимоӣ-2016:

Иван Печищев, устоди калон, Русия. Дотсенти кафедраи журналистикаи ПГНИУ (Перм), ҳамоҳангсози «Гармхонаҳои технологияҳои иҷтимоӣ»,  te-st.ru: «Аз ҳадафҳои олӣ гузоштан ҳаросидан мумкин нест. Имрӯз воситаҳои техникӣ имконияти тақсимоти амалии ҳар чизи заруриро медиҳанд.

Дар навбати аввал бояд аудиторияи хешро фаҳмед. Ба Шумо зарур аст, дуруст дарк намоед, ки ин одамон киҳо ҳастанд. Агар аудиторияро хуб донем, метавонем ба комёбӣ мушарраф шавем.

Бояд ҳарчи бештар робитаро пайдо намоем. Ба танқид нисбат ба ситоиш бодиққат муносибат кардан зарур аст, зеро маҳз дар танқид – имкониятҳо барои рушд мавҷуданд».

Иштирокчиёни Лаборатория имконияти беҳамто пайдо намуданд – барои онҳо маслиҳат – дар давоми се рӯз зарур аст, ки доираи робитаҳои касбии худро васеъ намоянд. Устодон ва ташкилкунандагон, барандагони семинарҳои пешбар, дастаҳои лоиҳаҳои дигар мебошанд. Таҷриба, дониш ва навгониҳои онҳо барои оянда кӯмак мерасонанд.

Дар коркарди лоиҳа бояд ба таври ҷиддӣ муносибат кард. Дар як ҷо ҷамъ омадани ин қадар теъдоди коршиносон ва соҳикасбҳо кам дар кам рух медиҳад. Лоиҳаи дар Лаборатория хуб омодашуда имконияти бузург барои татбиқ ва дастгирии сармоягузоронро дорад».

Ҷаҳонгир Ҷалолов, раҳнамо (устод), Тоҷикистон. Асосгузор ва роҳбари лоиҳаи «FASTER.tj, интернет — супермаркет»: «Теъдоди лоҳаҳоеро, ки ҳар рӯз дар шабакаҳо нашр мешаванд, ба инобат гирифта, мехостем ҳар ғоя (идея) бояд асос, мазмуни беназир ва ғайра дошта бошад.

Захираҳои онлайнӣ, бахусус, сомонаҳо, бояд ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй бошанд – мутобиқат, вижагӣ, вақти боргирӣ. Албатта стратегияи ташаккулро бояд ба назар гирифт – вагарна лоиҳа оянда надорад».

Сергей Макаров, раҳнамо (устод), Қирғизистон. Директори ФҶ «Институти медиаҳои нав»: «Лоиҳаҳо бояд мушкилоти воқеии ҷомеаро ҳал намоянд.

Интернет-лоиҳа – он танҳо амалан муносибатҳои мавҷуда ё роҳҳои ҳалли мушкилот мебошад. Аз ин хотир, аз нигоҳи ман, иштирокчиён бояд доир ба ғоя (идея)-и худ ва марҳилаҳои татбиқи он хуб андеша намоянд».

Гулим Амирханова, магистранти факултети коммуникатсия, медиа ва дизайни НИУ «Мактаби олии иқтисод»; коршинос дар соҳаи медиаҳои нав, журналистикаи мултимедиавӣ, bestapp.menu:

«Барои муаллифони лоиҳаҳои иҷтимоӣ асосӣ — ҷустуҷӯи маъноҳо – лоиҳаи Шумо барои чӣ? Дарки аудитория – барои кӣ? Дарки ин раванд – аз чӣ бояд оғоз намуд, баъд чӣ? Ҳисобкунии хароҷот».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ