ДомойХудомӯзШабакаҳои иҷтимоӣ: омор ба соли 2016

Шабакаҳои иҷтимоӣ: омор ба соли 2016

Барои фаъолияти хеш аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаред? Тавсия медиҳем: маълумоти бисёр муҳим ва комил доир ба бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ.

Омори  Facebook

Истифодабарандагон кистанд ва чӣ тавр истифода мебаранд

  • Дар Facebook ба ҳисоби миёна ҳармоҳа 1,65 млрд ва ҳамарӯза 1,09 млрд истифодабарандагони фаъол ҳастанд.
  • Платформа метавонад бо ҳузури ба ҳисоби миёна ҳармоҳа 1,51 млрд ва ҳамарӯза 989 млн истифодабарандагони фаъоли мобилӣ фахр намояд.
  • Сомонаи бештар истифодашаванда дар байни медиаҳои иҷтимоӣ
  • Facebook ба якчанд насл ҷудо мешавад – 83 фоизи волидон бо кӯдакони навраси синнашон 13-17 сола, дар Facebook дӯстони фарзандони хеш маҳсуб мешаванд.
  • Ба ҳисоби Facebook аз шаш дақиқаи вақти дар онлайн гузаронидашуда як дақиқа ва аз панҷ дақиқаи вақти дар телефони мобилӣ гузаронидашуда як дақиқа рост меоянд.
  • Facebook – ин замимаи аз ҳама бештар истифодашаванда мебошад.
  • Истифодабарандаи оддии Facebook 155 дӯст дорад. Ба ҳисоби миёна занҳо нисбат ба мардон дӯстони зиёд доранд: 166 дар муқоиса бо 145.
  • Сомона ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 8 млрд боздиди видеоӣ дорад.
  • Истифодабарандагони Facebook ҳар рӯз дар ҳаҷми 100 млн соат видео тамошо мекунанд.

 Омори  Twitter

Истифодабарандагон кистанд ва чӣ тавр истифода мебаранд

  • Twitter ҳармоҳа 310 млн истифодабарандагони фаъол дорад.
  • 83 фоизи онҳо истифодабарандагони фаъол дар дастгоҳи мобилӣ мебошанд.
  • Дар ҳар як сония 6000 твит фиристода мешавад.
  • Дар соли 2015 дар Twitter 100 млн GIF-ча паҳн шудааст.
  • 86 фоизи истифодабарандагони Twitter мегӯянд, ки онро барои хабарҳо истифода мекунанд, 81 фоизи истифодабарандагон мегӯянд, ки ҳар рӯз хабарҳоро месанҷанд, 40 фоизи иистифодабарандагони Twitter сомонаро барои он истифода мебаранд, ки дар бораи хабарҳо огоҳинома гиранд.
  • Аз онҳое, ки Twitter-ро барои хабарҳо истифода мебаранд, 70 фоиз мегӯянд, ки ин усули беҳтарини дастраскунии хабарҳо дар низоми вақти воқеӣ мебошад.
  • Twitter-ро боз 36 фоиз барои вақтгузаронӣ истифода мебаранд ва 28 фоиз ҳангоми тамошои пахши мустақим онро ҳамчун «экрани дуюм» истифода мекунанд.
  • 53 фоизи истифодабарандагони Twitter ҳеҷ гоҳ ҷойгир намекунанд

Омори  Instagram

Истифодабарандагон кистанд ва чӣ тавр истифода мебаранд

  • Ҳар моҳ беш аз 400 млн истифодабарандагони фаъол дорад.
  • Истифодабарандагон аллакай беш аз 40 млрд аксро паҳн кардаанд.
  • Истифодабарандагон ҳар рӯз лайки 3,5 млрд аксро мегузорандю
  • Ба ҳисоби миёна истифодабарандагон ҳар рӯз 80 млн аксро паҳн менамоянд.
  • Piper Jaffray баҳори соли 2016 дар баррасии «Баҳисобгирии наврасон» мегӯяд, ки 27 фоизи наврасон дар рӯйхати шабакаҳои иҷтимоии хеле муҳим Instagram-ро дар ҷойи дуюм гузоштанд.

Омори  YouTube

Истифодабарандагон кистанд ва чӣ тавр истифода мебаранд

  • Беш аз 1 млрд истифодабаранда дорад.
  • Наздик сеяки ҳамаи одамони дар интернетбуда, истифодабарандагони YouTube мебошанд.
  • YouTube нисбат ба ҳар шабакаи ноқилӣ дар ИМА, бо теъдоди зиёди одамони синнашон аз 18 то 34 сола ва аз 18 то 49 сола робитаро ба роҳ мемонад,
  • Дар YouTube ҳар рӯз 4 млрд боздид карда мешавад.
  • Бештар аз нисфи боздидҳо дар YouTube аз дастгоҳҳои мобилӣ меоянд.
  • Шумораи соатҳое, ки одамон барои боздиди видео дар телефони мобилӣ мегузаронанд, ҳар сол дучанд зиёд мешавад.
  • Ҳисоби миёнаи давомнокии боздид дар дастгоҳи мобилӣ 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
  • Истифодабарандагон аллакай 350 000 соат видео VR (Виртуальной Рельности) бо кӯмаки маҷмӯи картони Google тамошо кардаанд.

Дар асоси маводи  blog.hootsuite.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ