ДомойХудомӯз5 замима барои ҳифзи маълумот дар дастгоҳи мобилӣ (Android)

5 замима барои ҳифзи маълумот дар дастгоҳи мобилӣ (Android)

Имрӯз смартфонҳо ва планшетҳо қисми ҷудонашавандаи фаъолияти касбии мутахассисони медиа маҳсуб мешаванд. Вале, замимаҳо ва имкониятҳои истифодаи технологияҳои нав ҳарчи бештар шаванд, ҳамон қадар имконоти бештар барои ба даст овардани маълумоти Шумо аз ҷониби бадрафторон пайдо мешавад.

Замимаҳои бисёре мавҷуданд, ки имконият медиҳанд ба дараҷаи кам бошад ҳам, ҳифзи маълумотро таъмин намоянд. Чанде аз онҳоро пешниҳод менамоем.

Барои он ки имконияти ҷамъоварии иттилоот дар бораи Шумо бо системаи ҷустуҷӯии бузургтарин истисно гардад, замимаи DuckDuckGo-ро истифода намоед – ин системаи ҷустуҷӯе, ки истифодабарандагонро назорат намебарад.

Пинҳонии воқеӣ. Ҷустуҷӯи дархост, бигзор он видео ё саволҳои хандовар вобаста ба саломатӣ ва молия бошад, ҳамеша хусусияти шахсӣ дорад. Аз ин лиҳоз, мо ҷамъ намекунем ва ба ягон шахси бегона маълумоти шахсии Шуморо намефиристем.

NordVPN — замимае, ки ба Шумо имкон медиҳад, на танҳо IP-суроға ва маълумотро оид ба амалиёт дар фазои маҷозӣ пинҳон намояд, балки имкон медиҳад ба хизматрасониҳои онлайнии бастаи ин ё он минтақа пайваст шавед.

NordVPN имкон медиҳад ба хизматрасониҳои 548 дар 49 кишвар барои ташкил намудани тамошои пинҳонии саҳифаҳои онлайнӣ пайваст шавед.

Ҳастанд вазифаҳои пулакӣ ва ройгон.

Боргирӣ: DuckDuckGo (ройгон) ба Google Play Маркет

ProtonMail имкон медиҳад почтаро бехатар фиристонад ва қабул намояд.

Мактубҳои Шумо рамзгузорӣ мешаванд ва ба бегонагон хонданашаванда мегарданд.. Ҳаст вазифа барои фиристодани паёмак ба онҳое, ки замимаро истифода намекунанд.

Telegram имрӯз яке аз мессенҷерҳои бехатар маҳсуб мешавад.

Фиристодани паёмак бо мазмуни дигар дар ҳолати пинҳонӣ мегузарад.

Hushed – замимае, ки бо кӯмаки он Шумо метавонед рақами якдафъаинаро барои телефон ва планшет дастрас намоед. Қисме аз вазифаҳои замима – пулакӣ, аммо имконоти ройгон низ ҳастанд.

Рақамҳоро ба ягон дастгоҳи Android пайваст намоед ва бо замимаи мо рақами воқеии телефони худро бо кӯмаки рақами якдафъаинаи Hushed пинҳон карда, занг занед.

Hushed-ро чун ҳимояи конфиденсиалӣ барои телефони хеш қабул намоед, зеро ҳар як рақами ба дастоварда ҳеҷ гоҳ рақами воқеии телефони Шуморо ошкор намекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ