ДомойХудомӯз4 онлайн-замимаи ройгон барои коркарди «рассомӣ»-и аксҳо

4 онлайн-замимаи ройгон барои коркарди «рассомӣ»-и аксҳо

Аксҳое, ки дар шакли поп-арт коркард шудаанду шоҳасарҳои санъати тасвирии ҷаҳониро ба ёд меоранд, яке аз вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз намудҳои маъруфи манбаъ табдил ёфтааст.

Бароятон якчанд онлайн восита ва замимахоро пешниҳод менамоем, ки бо ёрии онҳо Шумо дилхоҳ суратро ба лавхаи ҳақиқӣ табдил дода метавонед.

Prisma (Android, iOS) — яке аз маъруфтарин замимахо барои офаридани аксҳои «рассомӣ». Он айнан чун филтрҳои Instagram кор мекунад. Шумо метавонед филтрҳо ва маҳсулнокии онҳоро интихоб намуда, натиҷаи корҳоро тамошо кунед.

Prisma дар Android ва iPhone ройгон дастрас мебошад, тафсир барои iPad 2.99 доллар арзиш дорад.

Pikazo (Android, iOS) — барои сохтани филтри шахсии худ имкон медиҳад.

Кор аз интихоби сурат оғоз мешавад. Шумо суратро аз байни аксхои дар телефон доштаатон интихоб карда метавонаед ва ё сурати нав мегиред. Баъдан филтрҳоро интихоб мекунед ва ин амал якчанд дақиқа вақтро мегираду халос. Ҳама маҳсули эҷод кардаатон дар Pikazo нигоҳ дошта мешаванд. Баъдан онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардан ё ройгон дастрас намудан мумкин аст.

Dream Scope (Web)

Ин барои онҳое қулай аст, ки аксро дар дастгоҳҳои мобилӣ коркард намудан мехоҳанд. Бар замми ин, DreamScope суратҳои Шуморо намефишурад. Шумо аксхоро бо суръатнокии тез берун оварда метавонед.

DeepArt (Web)

Боз як веб-замимаи қулаю ройгон. Ба замимаи «Аксхои охирин» диққат диҳед. Дар ин ҷо якчанд нусхаи корхоро дидан мумкин аст, ки тавассути хадамоти DeepArt (Web) офарида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ