ДомойМедиалента“Қаҳрамонон наздиканд ”: пахши сеюми барномаҳо дар бораи одамоне, ки зиндагиро ба...

“Қаҳрамонон наздиканд ”: пахши сеюми барномаҳо дар бораи одамоне, ки зиндагиро ба ҷиҳати беҳтар тағйир медиҳанд

Аз лаҳзаи оғози лоиҳаи нави Internews дар дар ОМ “Қаҳрамонон наздиканд” танҳо якчанд моҳ сипарӣ шуд, вале дар ин муддати кӯтоҳ идеяи асосӣ, ки дар асоси лоиҳа ҷойгир аст, тасдиқ гардид. Одамони  бо ҳарфи калон, фикркунанда, амалкунанда ва бепарвонабуда хеле бисёранд!

Ба таваҷҷӯҳи Шумо пахши сеюми барномаҳоро дар бораи онҳое, ки ҳаёташон пур аз маънӣ ва мақсад аст, манзур месозем.

[youtube youtubeurl=»i6Q8p64SqFs» ][/youtube]

Дар Костанай ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ба ниёзмандон кӯмак расонанд, метавонанд якбора дар якчанд лоиҳаҳои хайриявӣ ширкат варзанд. Оғоз аз соли 2008 дар шаҳр мусобиқаҳои калон оиди волейболи лойӣ гузаронида мешаванд – аз оғоз эҳсонкорӣ шарти асосии волейболи лойӣ дар Костанай буд. Ба лоиҳаи “Ҳаёт дар кафи даст” қариб панҷ сол мешавад. Гурӯҳи иборат аз коргарони рӯзномаи “Хбарҳои Костанай” оиди ин лоиҳа тамоман бемузд кор мекунанд.

[youtube youtubeurl=»CJUvWXjyRzQ» ][/youtube]

Ҷӯйҳо ва кӯчаҳоро дар шаҳри хеш тоза кардан. Кӯмак расонидан дар корҳои хона ба онҳое, ки наметавонанд онҳоро мустақилона иҷро кунанд, гузаронидани консерти хайриявӣ барои ҷамъ овардани маблағ барои эҳтиёҷмандон. Достон Турдалиев и Рамазон Абдувоитов – ин ҷавонмардони ташаббускор ва замонавӣ, ки бо дастони худ ҳаёти атрофро беҳтар мегардонанд.

[youtube youtubeurl=»T7h9nz_C7S4″ ][/youtube]

Коллексияҳои ғайриоддӣ, дурахшон ва аҷоиб дар хонаҳои одамони Хуҷанди бостонӣ ҷамъ оварда шудаанд. Сарпӯшҳои миллӣ, лавозимоти хонагӣ, қайчӣ ва ҳатто автомобилҳои тамғаҳояшон кӯҳна – ба маблағҳои дар даст доштаи худ коллексионерон кӯшиш мекунанд, ки зарра-зарра тахрихи халқи тоҷикро нигоҳ доранд.

[youtube youtubeurl=»qyYlj1uGrGM» ][/youtube]

Кори хайр кардан – ин маънои фаҳмидан, эҳсос кардан, ҳамдарди кардан, хоҳиш доштан ба кӯмакрасонӣ ва кӯмак расониданро дорад…

Бо ташаббуси Асел Мухторова  ва бо дастгирии фонди “Ал Мумин” маркази бӯҳронӣ таъсис ёфта буд, ки дар он ба кӯдакон ва занҳои ба зӯроварии оилавӣ дучоршуда кӯмак расонида мешавад. Дар муддати як моҳ ба марказ бо ҳисоби миёна 5-6 занҳо муроҷиат мекунанд. Барои нисфи онҳо ёрии психологӣ лозим аст.

Хона-интернати кӯдакон дар деҳаи Уч-Коргони ноҳияи Кадамжайс ҳар моҳ кӯмаки башардӯстонаро аз тарафи фонди Ал Мумин мегиранд.

[youtube youtubeurl=»fN-WN2e-F2A» ][/youtube]

Қаторкӯҳҳои Тоҷикистон бо қудрат ва бузургии худ шахсро ба ваҷд меоранд. Аммо боигарии онҳо на танҳо аз ин иборат аст – як қатор сангҳои гаронбаҳо  дар зери заминҳои тоҷикон ниҳонанд…  соли 2000 Абдулахад Муминов корхонаи хешро барои истеҳсоли лавозимотҳои сохтмон аз туфи вулқонӣ таъсис дод. Имрӯз дар ин ҷо дар муддати як сол 60 ҳазор метри квадратӣ масолеҳи ороишӣ тайёр мекунанд.

Дар корхона беш аз 200 нафар коргарон фаъолият мебаранд. Қисми зиёди коргаронро занҳо ва духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.  Мошинҳои сангбурранда бо қувваи муттахассисони худӣ тайёр карда шудаанд.

Барномаҳо дар намуди гузориш ва портрет, ки 20 дақиқаро дар бар мегиранд, пахш мешаванд. Забони асосӣ- русӣ, бо тарҷума ва дубляж забонҳои миллии – қазоқӣ, қирғизӣ ва тоҷикӣ.

Интирокчиёни лоиҳа ТРК Алау (Костанай), ТДК 42 (Уральск), ТТК (Караганды-Темиртау), ТВ «Азия» (Худжант), Ынтымак (Ош)

Пахши аввали барномаи “Қаҳрамонон наздиканд” –ро дар ин ҷо тамошо кардан мумкин аст, дуюм гузариш бо ҳавола.

Агар Шумо қаҳрамононеро медонед, ки бояд дар бораи онҳо то ҳадди имкон одамони бисёр бояд донанд, агар Шумо бо лоиҳаи мо ҳакорӣ кардан хоҳед, мо ба мактубҳо ва эзоҳҳои Шумо шод мешавем: Валерия Сулейменова, продюсери лоиҳа, suleymenova_76@mail.ru.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ