ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews барои иштирок дар семинари минтақавӣ оид ба кам кардани хавфи офатҳои...

Internews барои иштирок дар семинари минтақавӣ оид ба кам кардани хавфи офатҳои табиӣ

Мутахассисони медиа аз Осиёи Марказӣ барои иштирок дар семинари минтақавӣ оид ба кам кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки санаҳои 4-7-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Қайроққуми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, метавонанд дархост пешниҳод намоянд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ: лоиҳаи “Кам кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амният дар минтақаи САҲА”, ки аз ҷониби Бюрои Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА (БҲФИЭ-БКЭЭД) дар ҳамкории зич бо Маркази САҲА дар Бишкек ва лоиҳаи минтақавии “Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Интернюс амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.

Ҳамкорон: Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария, ҳукуматҳои Австрия, Лихтенштейн, Люксембург ва Иттиҳоди Аврупо.

Дар бораи чорабинӣ: семинар/тренинги минтақавӣ оид ба “кам кардани хавфи офатҳои табиӣ” дар доираи Қарори 6/14 Шўрои Базел вазирони САҲА дар таҳкими кам кардани хатари офатҳои табиӣ ташкил карда шудааст. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ВАО ва Марказҳои Орхусс аз Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Чорабинии мазкур ба таҳкими иқтидори ҷонибҳои манфиатдор дар кам кардани хатари офатҳои табиӣ, баланд бардоштани иштироки ҷомеа ва намояндагони ВАО дар банақшагирӣ ва маълумотноккунии ҷонибҳои манфиатдор барои кам кардани хатари офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳаллӣ, ҳамзамон дар таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ оид ба кам кардани хатари офатҳои табиӣ дар ҳамаи сатҳҳо равона гардидааст.

Семинар/тренинги 3-рӯза дар шаҳри Қайроққуми Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар доираи чорабинӣ баррасии системаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад, мисолҳо ё  намунаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ дар ин самт оварда мешаванд, ҳамзамон ҷаласаи сайёри амалӣ ташкил карда мешавад, ки дар он иштирокчиёни семинар метавонанд қувваи хешро дар масъалаи арзёбӣ ва харитасозии хатарҳо, ҳамзамон таҳия ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли проблемаҳои зикргардида, бисанҷанд.

Баъди ба охир расидани семинар иштирокчиён метавонанд робитаро бо ҳамтоёни худ ба роҳ монанд, лоиҳаҳоро барои истеҳсоли маводи муштараки медиавӣ дар мавзӯи кам кардани хатари офатҳои табиӣ таҳия намоянд ва барои гирифтани гранти Internews дархост пешниҳод кунанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ тарҷума аз забони англисӣ ба русӣ ва баръакс таъмин карда мешавад. Ба иштирокдорон маводи тренинг бо забони русӣ ва сертификатҳо пешниҳод мегарданд.

Иштирок дар семинар

Барои иштирок дар семинари минтақавӣ мутахассисони медиаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват карда мешаванд. Internews хароҷоти сафар, хӯрок ва истиқоматро барои иштирокчиёни интихобшуда дар давраи баргузории семинар пардохт менамояд.

Ба мутахассисони медиа, ки хоҳиши дар семинар иштирок карданро доранд, зарур аст, ки тарҷумаи ҳол ва шакли пуркардашударо (аз ин ҷо зеркашӣ намоед) ба суроғаи centralasia@internews.eu то 16-уми сентябри соли 2016 фиристанд.

Дар мавзӯи нома албатта ишора намоед: “иштирок дар семинари минтақавӣ оид ба “кам кардани хатари офатҳои табиӣ””.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ муроҷиат намоед:   

Элмира Ҷумақодирова, менеҷери минтақавии барномавӣ, Намояндагии Интернюс дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Email: edzhumakadyrova@internews.org

Тел: +996 554 424487

Фирӯз Баротов, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Тоҷикистон

Email: fbarotov@internews.org

Тел: + 992 37 221 9933

Темур Оганов, ҳамоҳангсози лоиҳа, Намояндагии Интернюс дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Email: toganov@internews.org

Тел: +996 550 345376

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ