ДомойMedia and Social Innovation LabОзмун барои иштирок дар "Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ" – 2017

Озмун барои иштирок дар «Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» – 2017

Барои иштирок дар сеюмин «Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» — ВАО, ташкилотҳои ғайридавлати, IT-мутахассисони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват мешаванд. Ин – имконияти беҳамто, барои омӯзиши тарзи пешниҳоди нави масоили иҷтимои, ҷалби ҷомеа баҳри ҳалли онҳо, омода намудани воситаҳои босифат баҳри татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ.
Соли равон Лаборатория аз 21 то 23 май дар Душанбе, Тоҷикистон барпо мегардад.
«Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» – ин лоиҳаест, ки дар доираи барномаи Internews «Дастгири ба дастрасии иттилоот» бо ҳамкории Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилаи (USAID), татбиқ мегардад. Ташкилкунандагони чорабини – Интернюс дар Тоҷикистон, TCell, Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ассосиатсияи пахшкунандагони и мустақил ва истеҳсолкунандагони аудио/видео маводҳо, ТҒД «Хома».
Дархостҳо ба онлайн-лоиҳаҳои иҷтимои қабул карда мешаванд, ки дар он мушкилоти шаҳр, маҳал, давлат тариқи замимаҳои мобили, лонгрид, лоиҳаҳои харитави, лоиҳаҳои махсус ва ғайра ҳал шаванд.
Барои иштирок дар чорабини 9 дархост интихоб мешавад – се дархост аз ҳар давлати иштирокчӣ. Дар рафти «Лабораторияи медиа ва инноватсияҳои иҷтимоӣ» дастаҳо метавонанд дархости худро пурра карда онҳоро бо ёрии мураббиён (менторҳо) ба лоиҳаои фаъол табдил диҳанд.
Дар асоси натиҷаҳои Лаборатория ба беҳтарин онлайн-лоиҳаҳои давлатҳои иштирокчи грантзои хурд ба ҳаҷми 1500$ пешниход мегардад.
Инчунин дар нақша ҳаст, лоиҳаҳои коркардшуда ба ҳамкорони ВАО-и Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баҳри пешбурд ва устувори тақдим карда шавад.

Ҳамаги 27-30 иштирокчи аз се давлат даъват карда мешавад. Интернюси Тоҷикистон хароҷоти парвоз, роҳкиро, зист ва хӯроки иштирокчиёнро пардохт менамояд.

Дархостҳои шахсӣ ва гурӯҳи аз ВАО-и касбӣ, намояндагони бахши шаҳрвандӣ, ТҒД, сохторҳои давлатӣ ва IT мутахассисони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон қабул карда мешавад.
Талаботи интихоби дархости лоиҳавӣ:
• Лоиҳа бояд мушкилоти саривақти, мубрами ҷомеаро ҳал намояд;
• Лоиҳа бояд қулай ва содда ба расонаи мавҷудбуда мутобиқ гардонида шавад;
• Лоиҳа бояд истифодабарандагони мақсаднокро дошта бошад;
• Лоиҳа бояд нақшаи идомаи ғояро баъди чорабини дошта бошад (фандрайзинг, пешбурд ва рушди устувор);
• Иштирокчиён бояд собиқаи татбиқи лоиҳаҳои ВАО, иҷтимои ва IT-лоиҳаҳоро дошта бошанд;

Шакли пуршудаи дархост ва ҳуҷҷатҳои лозимаро то 12 апрели соли 2017 ба сурағаҳои электрони ирсол намоед. Дар мавзӯи мактуб хоҳишмандем «InLab-2017» нишон диҳед:
Довталабони Қазоқистон oossadchuk@internews.org
Довталабони Қирғизистон vgalich@internews.org
Довталабони Тоҷикистон apopovanews@gmail.com
Шакли дархостро аз инҷо гирифта метавонед.
Натиҷаҳои озмун 17 апрели соли 2017 дар сомонаи www.newreporter.org дарҷ мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ