ДомойХудомӯз7 онлайн-хизматрасонӣ барои кор бо аксҳо

7 онлайн-хизматрасонӣ барои кор бо аксҳо

Чӣ тавр коллажҳо, руқъа (открытка) созем, ба сурат мӯҳр ё навиштаҷот гузорем ва даъватнома тартиб диҳем? — Рӯйхати хизматрасониҳои навшудаю содда ва ройгони онлайниро пешниҳод менамоем.

Social Media Image Maker тақрибан бо ҳамаи шабакаҳои асосии иҷтимоӣ кор мекунад. Тавассути он тасвири профили, ҷилди рӯй, сарлавҳаҳо, намунаи варақҳои дохилиро офарида, бевосита онҳоро дар хизматрасонии ин абзор (инструмет) ҷойгир кардан метавонед.

Акси лозимаро интихоб кунед, ки тағйир додан мехоҳед ва баъдан тугмаи Create-ро пахш кунед, то ба саҳифаи таҳрир гузаред.

Ғайр аз ба андозаи дилхоҳ даровардани акс, ин абзор (инструмент) инчунин  барои гузоштани таъсири филтрҳо ва андозагирӣ кардани акс имкон медиҳад, аз қабили баланд кардани ранги акс, ба акс намуди ноаён додан ё паст кардани ранги баландии табиӣ ва ғайра.

Social Image Resizer Tool. Барои кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтарин восита мебошад. Аввал муайян кунед, ки барои кадом шабака мехоҳед аксҳо офаред ва абзори мазкур андозаи суратро бароятон тағйир хоҳад дод. Шумо метавонед суратҳоро ба Facebook, Twitter, Google+, Linkedin, Pinterest, Instagram ва YouTube интиқол диҳед.

Share As Image. Бо воситаи ин абзор Шумо ба осонӣ матн ва филтрҳоро ба аксҳо илова карда метавонед. Вақте ки матнро ба шакли лозима даровардед, онро ба ҳамон намуде кашол диҳед, ки дидан мехостед. Ҷойҳои барои матн пешбинишуда маҳдудият надорад. Бинобар ин, танҳо матнро ҷойгир кунеду халос.  Инчунин барои сабти тасвир ё аксҳо дар Twitter, Pinterest ва Instagram опсияҳо мавҷуд мебошанд.

Pinwords имкон медиҳад, ки иқтибосҳо ё матнҳоро дар яке аз шаш намуди типографикӣ ҷойгир намоед.  Матнро ҷойгир карда, онро калон ё то андозаи дилхоҳ хурд карда метавонед. Аксеро, ки бо он кор кардан мехоҳед, кашол диҳед ё онро ба шабака зеркашӣ намоед ва пас ҳарф ё намуди чопиеро, ки бароятон писанд аст, интихоб  кунед. Баъдан андозаи матнро тағйир дода, сипас барои сабти тағйирот тугмаи «Pin it»-ро пахш кунед.

Befunky — ин омезиши се абзор (интсрумент) мебошад:  таҳриркунандаи акс, омодаи коллажҳо ва функсия барои гузоштани воситаҳои таъсиррасон ба аксҳо. Илова бар амали стандартӣ (баланд кардани тобишнокии сурат, намуди шусташуда, буридани акс ва ғайра) Befunky бароятон тобиши рангҳоро дар шакли нақшу нигори мухталиф (камераи шикоф) пешниҳод менамояд, ки дар он анвои рангҳои ранга ва ангиштӣ мавҷуд мебошанд. Инчунин ба он на танҳо матн, балки ҷузъиётҳои графикиро низ илова кардан мумкин аст.

Боз як хусусияти бемисл ин «Ҳамроҳкунӣ» мебошад, ки ба акс гузоштани ниқоби шакли муайяндоштаро имкон медиҳад. Суратҳоро ба хадамот аз манбаҳои сершумор зеркашӣ карда метавонед, аз  мизи кориатон ё веб-камераю Facebook оғоз карда то анбори нигаҳдорӣ ба монанди Google Drive ё Dropbox.

Recitethis — ин роҳи одии тартиб додани сурат бо иқтибосҳо мебошад. Иқтибосро барои назарсанҷии пешакӣ ба шакли муайяни пешниҳодшаванда дароред. Сипас қолаберо интихоб кунед, ки ба иқтибоси интихобкардаатон нисбатан мувофиқ бошад ва баъдан тугмаи «сохтан»-ро пахш кунед.

Pablo — иқтибосро гузошта, матн ё тамғаи иловагиро ҳамроҳ кунед. Баъдан андозаи матни сарлавҳа ва ранги онро муайян намуда, акси асосиро интихоб намоед. Ба даруни маводи ҳосилшуда сурати худро зеркашӣ намуда, онро таҳрир карда метавонед, то ки ба сурат тобиши шусташуда диҳед ё ранги онро сиёҳу сафед кунед.

Дастурамал барои сохтани инфографика дар canva.com ва easel.ly.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ