30-юми марти соли 2017 соати 17:00 бо вақти Остона ва Бишкек, соати 16:00 бо вақти Душанбе, соати 14:00 бо вақти Москва вебинари ройгони «Стандартҳо ва принсипҳои журналистикаи ҳассоси низоъ» гузаронида мешавад.
Дар вақти баргузории вебинар Шумо мефаҳмед:
— «Низоъ» чист ва бо он чӣ гуна бояд муносибат намуд?
— Сабабҳои асосии низоъ;
— Таъсири ВАО ба низоъ;
— Масъалаҳои байнисарҳадӣ чун мавзӯъҳои «ҳассоси низоъ»;
— Стандартҳо ва принсипҳои журналистикаи ҳассоси низоъ.
Дар бораи лектор:
Нуриддин Қаршибоев — раиси Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), www.nansmit.tj, коршиноси эътирофгардида дар соҳаи медиа.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009). Иштирокчӣ ва ташкилкунандаи тренинг ва конференсияҳои зиёди байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма. Соҳиби таҷрибаи бойи тренерӣ, модераторӣ ва корҳои ташкилӣ мебошад. Муаллифи беш аз 600 мақола, очерк ва маърӯзаҳои илмӣ аст.
Бо фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ВАО дар ҳукумат машғул аст. Моҳи марти соли 2009 бо ҷоизаи махсуси Медиа Алянси Тоҷикистон (MAT) «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон» қадр карда шуд. Ташаббускори асосии коркарди Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, таъсиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ВАО ҶT (солҳои 2009-2011), баъдтар ҳамчун раиси Шӯрои ВАО ҶТ (2015) интихоб шуд.
Ташаббускори Шабакаи мусоидат ба озодии сухан дар Тоҷикистон — TajFEN (соли 2010) мебошад. Ба рӯйхати «100 қаҳрамони иттилоотӣ», ки аз ҷониби «Хабарнигорони бидуни марз» (соли 2014) омода шудааст, ворид гардид.
Барои иштирок дар вебинари ройгон, лутфан аз ин истинод гузаред.
Диққат! Барои иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:
- Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб намоед. Дар браузер бояд тафсири охирини Adobe Flash Player бошад. Дар Google Chrome — Flash Player бо нобаёнӣ ворид карда шаванд.
- Санҷед, ки оё суръати пайвастшавии интернети Шумо кофӣ аст. Ҳадди ниҳоии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Меъёри тавсиядиҳанда барои кори бароҳат аз 2Mb (ҳангоми норасоии суръат, дар вақти намоишҳои видеоӣ, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, нишон додани мизи корӣ ва кор бо шеваҳои дигар, ки сифати канал талаб менамояд, таъхирпазирии садо ва тасвир ба миён меоянд). Суръати интернети худро дар ин саҳифа санҷида метавонед.
- Агар Шумо ба Интернет аз шабакаи корпоративӣ дастрасӣ дошта бошед, пас ба Шумо зарур аст, ки бо маъмури системавиатон барои кушодани порти 1935, 80, 443 дар тамос бошед.
- Барои ба вебинар ворид шудан, дар саҳифаи бозшуда тугмаи «Войти в вебинар» пахш намоед, маълумотро дар бораи худ пур намоед ва дар назди шартномаи истифодабаранда розигии худро гузоред.
- Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ворид шавед, пас дохилшавиро аз браузерҳои Google Chrome ё Puffin Browse тавсия медиҳем.
Вебинари ройгони «Стандартҳо ва принсипҳои журналистикаи ҳассоси низоъ» аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба миён омадааст, имконпазир гардид.