ДомойОзмунҳо/ГрантҳоНамояндагии ташкилоти байналмилалии Internews дар Қазоқистон барои додани грантҳои хурд озмун эълон...

Намояндагии ташкилоти байналмилалии Internews дар Қазоқистон барои додани грантҳои хурд озмун эълон менамояд

Ҳадафҳои грантҳои хурд — ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳо оид ба мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ дар байни ВАО-и мустақили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва табодули ин барномаҳо маҳсуб мешавад.

Намояндагии ташкилоти байналмилалии Internews дар Қазоқистон таҳия маводи медиявиро дастгирӣ менамояд:

  • Силсилаи гузоришҳо (репортажҳо)-и махсуси телевизионӣ бо забонҳои русӣ ва қазоқӣ дар мавзӯъҳои саривақтӣ (бо давомнокии аз 15 дақиқа).
  • Силсилаи мусоҳибаҳои телевизионӣ бо забони қазоқӣ дар мавзӯъҳои саривақтӣ (бо давомнокии аз 20 то 30 дақиқа, бо ҳамроҳкунии аксҳо).
  • Таҳияи маҷмӯи барномаҳо дар формати «викторина» ва «пурсиши афкор».

Internews дархостҳои грантиро ба лоиҳаҳо оид ба мавзӯъҳои зерин дастгирӣ менамояд:

  • Ҳуқуқ
  • Ҷомеа бар зидди коррупсия
  • Гендер
  • Иқтисодиёт
  • Вазъияти ВАО
  • Ташаббусҳои ҷавонон
  • Экология (тағйирёбии саросарии иқлим)
  • Мавзӯъҳо оид ба таҳаммулпазирӣ
  • Барномаҳои иҷтимоӣ (муҳиму саривақтӣ барои Қазоқистон)
  • Фаъолнокии шаҳрвандон барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли масъалаҳои ҷомеа.

Дар ин лоиҳа Internews барномаҳоро дар мавзӯъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, барномаҳои фароғатӣ, филмҳои бадеӣ, роликҳои ҷамъиятӣ ва клипҳои мусиқавиро дастгирӣ намекунад.

Ба ҳайси дархосткунанда медиа ва ширкатҳои истеҳсолӣ метавонанд баромад намоянд. Шарти ҳатмӣ барои гирандагони грант пешкаши ҳамаи ҳуқуқҳо ба маводи дар доираи грантӣ таҳияшавандаи Internews аст.

Грантгирандагони эҳтимолӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо баробари гирифтани дархостҳо муайян карда мешаванд. Internews ҳуқуқи аввалиндараҷаро ба тақсим кардани маводе, ки дар натиҷаи лоиҳаҳои грантии дар байни ВАО-и се кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳия карда шудаанд, ба даст меоварад.

 

Дархостҳои грантӣ аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

  • Мавод бар хилофи меъёрҳои қонунгузории кишварҳо набошад
  • Мавод нуқтаи назари гуногунро дарбар гирад
  • Мавод манфиатҳои ягон тарафҳои сиёсӣ, динӣ, ҷонибҳои дигар ва шахсони ҷудогонаро дар пай надошта бошад
  • Мавод ба мавзӯъҳо ва жанрҳои эълонкардаи Internews ҷавобгӯй бошад
  • Эҷодкорӣ истифода шуда бошад
  • Имконияти баамалбарории лоиҳаро бо якчанд забон дошта бошад.

 

Дархостҳои грантӣ (шакли он замима мегардад) бояд тавсифи ҳадаф, натиҷаҳои пешакии лоиҳа (лоиҳа чаро ва чӣ тавр шавқу завқи ҷомеаро ба миён меоварад), нақшаи корӣ ва буҷетро (шакли он замима мегардад) дар бар гирад. Нишон додани аудитория ва қаламрави ҳадафноке, ки лоиҳа фаро хоҳад гирифт, зарур аст.

Тавсия дода мешавад, ки ба дархост тарҷумаи ҳол (резюме)-и иштирокчиёни лоиҳа замима гардад.

Дархостро то 1-уми июни соли 2017 ба ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубодилаи мавод» Оксана Oсадчук — oossadchuk@INTERNEWS.ORG  фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ