ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГрантҳо барои журналистон дар моҳи июл

Грантҳо барои журналистон дар моҳи июл

Мехоҳед дониши навро аз соҳаи журналистика ба даст оред, навиштани маводро дар мавзӯи нав оғоз кунед ё кори иҷрокардаатонро эътироф намоянд? Ба ин курсҳо, коромӯзиҳо ва озмунҳои ояндадор барои журналистони тамоми олам таваҷҷӯҳ намоед.

Ҷоизаи ба номи Рори Пек  Мӯҳлат то 3-юми июл

Ҳар сол Фонди Рори Пека (Rory Peck Trust) видеожурналистоне, ки дар таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи видеожурналистика бахшида ба иттилооти байналмилалӣ ташаббус ва навоварӣ нишон медиҳанд, қадр менамояд. Ҷоиза дар се шарт супорида мешавад: иттилоот, сужетҳо ва ҷоизаи Sony Professional Impact Award. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

 

Идрорпулиҳои барномаи Adelante (IWMF Adelante reporting fellowships)  Мӯҳлат то  4-уми июл

Журналистони тамоми ҷаҳон барои иштирок дар сафари хабарнигорӣ ба Салвадор ва Гватемала, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии бонувони дар ВАО (IWMF) фаъолияткунанда ташкил ва маблағгузорӣ мегардад, дархост пешниҳод карда метавонанд. Барнома тренингро оид ба амният дарбар мегирад. Ҳангоми сафар иштирокчиён аз болои маводи ба таври нокифоя дар медиа инъикосшудаи ҳодисаҳо, кор мебаранд. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

 

Озмуни саммити Future of Storytelling  Мӯҳлат то 7-уми июл

Саммити Future of Storytelling (FoST) ба озмуни FoST Prize дархост қабул менамояд. Ба озмун маводҳои интерактивӣ, аз ҷумла онлайн-лоиҳаҳо, замимаҳои мобилӣ, бозиҳо, инсталлятсияҳои мултимедиявӣ, лоиҳаҳо бо истифода аз воқеияти виртуалӣ, ҳамзамон лоиҳаҳои дигари платформаҳои мултимедиявиро пешниҳод кардан мумкин аст. Ғолиб мукофотро дар ҳаҷми 5 000 доллар, сафархати пурраро ба Нью-Йорк ва чиптаи ройгонро ба саммити FoST ба даст меоварад. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

 

Озмуни  TruthBuzz  Мӯҳлат то 9-уми июл

Журналистон ва мутахассисони соҳаҳои дигар барои озмуни TruthBuzz, ки аз ҷониби Маркази байналмилалӣ барои журналистон ва Фонди Крэйг Нюмарк ташкил карда мешавад, ғояҳоро дар бораи роҳҳои табдил додани санҷиши далелҳо ба маводҳои шавқовари истифодашавандаи интерактивию тасвирӣ, метавонанд пешниҳод намоянд. Ба озмун дархост дар формати рақамӣ ва бо забони гуногун қабул карда мешаванд. Ғояҳои пешниҳодшуда метавонанд видео, карикатураҳо, графикаҳо, гифкаҳо, аксҳо, пурсишҳо, аудио, бозиҳо ва ғайраҳоро истифода намоянд. Ғолибони корҳое, ки се ҷои аввалро соҳиб мегарданд, мукофоти пулиро дар ҳаҷми 10 000, 5 000 ва 2 500 доллари ИМА ба даст меоранд. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

 

Барномаи кӯмаки машваратӣ аз Women Photograph Мӯҳлат то 15-уми июл

Занон — аксбардорони тамоми ҷаҳон, ки дар соҳаи аксбардории ҳуҷҷатӣ махсусгардонида шудаанд, метавонанд барои иштирок дар барномаи кӯмаки машваратии  Women Photograph — 2017 дархост пешниҳод намоянд. 22 нафар иштирокчиёни барнома давоми сол таҳти роҳбарии мутахассисони варзидаи соҳаи аксбардорӣ корбарӣ хоҳанд кард. Дар байни мушовирони барнома муҳаррирони National Geographic, NPR, The New York Times ва The Guardian, ҳамзамон аксбардорон — дорандагони ҷоизаи Пулитсеровский, гирандагони идрорпулиҳои Гуггенхайма ва ҷоизаи World Press Photo мебошанд. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

 

Идрорпулии ташкилоти World Nomads  Мӯҳлат то 18-уми июл

World Nomads дархостро барои гирифтани тревел-идрорпулиҳо барои таҳиягарони филмҳои ҳуҷҷатӣ қабул менамояд. Ғолиб моҳи ноябри соли 2017-ум давоми 12 рӯз дар Ҳиндустон таҳти роҳбарии киноматографист ва коргардон Брайан Рапсӣ филмро аз ҳаёти одамон дар Керал ба навор мегирад. Ба идроргиранда маблағи хароҷоти сафар, маблағи таҷҳизот барои сабти филм ва суғурта ҳангоми саёҳат пардохт карда мешавад. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

 

Озмун барои кори беҳтарин дар соҳаи журналистикаи рақамии Visa d’or franceinfo  Мӯҳлат то 27-уми июл

Журналистони мултимедиявӣ барои иштирок дар озмуни «Visa d’or franceinfo: мукофот барои маволи беҳтарин барои формати рақамӣ» даъват карда мешаванд. Ин озмун – қисми фестивали байналмилалии фотожурналистикаи Visa pour l’Image – Perpignan, сарпарастони озмун – France Médias Monde, France Télévisions, Radio France ва INA мебошанд. Ғолиб мукофоти пулиро дар ҳаҷми 8 000 евро ба даст меорад. Маълумоти бештарро аз ин ҷо дарёфт намудан мумкин аст.

Манбаъ: ijnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ