ДомойХудомӯзҲангоми фаъол набудани сомона, чихел хонандагонро гум накунем

Ҳангоми фаъол набудани сомона, чихел хонандагонро гум накунем

Фаъолияти сомона ногаҳон қатъ шунаш мумкин – боршавии ғайричашмдошти истифодабарандагон, нуқсонҳо бо хостинг, басташавии маҷбурӣ – сабабҳо гуногун шуда метавонанд.

Лекин имрӯз, бо бисёр бадуни шабакаҳои иҷтимои ва платформаҳо, гум кардани хонанда аз сабаби баста шудани маҳзанатон нобахшанда аст.

Чихел ба басташудани ногаҳонии маҳзан бояд тайёр шуд?

Қадамҳои нахустин

Ҳал намоем, кадом хизматрасонӣ ва абзорҳоро истифода мебаред. Аз  кадоме шумо ҳозир истифода мебаред? Кормандони шумо бо чи сару кор доранд?

Имкониятҳои тахминӣ:

  • Платформаҳои блогӣ (WordPress.comTumblr,Posterous ва ғайраҳо), кидар дар онҳо шумо метавонед маводҳои худро ҷой диҳед.
  • Шабкаҳои иҷтимоӣ (FacebookTwitterYouTube ва ғайраҳо), ки назар ба блогҳо тавоноии кам доранд, лекин имкониятҳои додугирифти тези мавод байни истифодабарандогни зиёд.

Албатт агар ҳарду имкониятро якҷоя истифода баред, самаранокии кор дучанд мешавад.

Тақсимоти вазифа ва салоҳият. Кӣ қарори гузатанро ба нусхаи сомона бароварда метавонад – сармуҳаррир, веб-меҳаррир? Кӣ ба фаъол намудани он ҷавоб медиҳад? Равиши кор дар муҳити нав барои журналистону муҳаррирон чи тавр ба роҳ монда мешавад? Ҳар як шахс дар редаксия, бояд вазифаи худро донад.

Ҳамаи аккаунтҳо ва платформаҳои иловагӣ, ки шумо аз онҳо ҳамарӯза истифода намебаред, бояд фаъол бошанд. Ҳангоми қатъ шудан, кормандони техникӣ аз паи барқарор кардани системаи асосӣ мешаванд. Нусхаҳо бояд дар ҳолати тайёр қарор дошта бошанд.

Розандозии сомнаҳои муваққатӣ – хонадагон, албатта дигаргуниҳоро мефаҳманд, лекин, хуб мешавад агар он то ҳадди имкон кам карда шавад. Аз ин сабаб ҳамаҷо аз нишон, ранг ва ҳарфҳои худатон истифода баред.

Фаъол наумдни Google Analytics –ро фаромӯш накунед – дар ҳама ҳолат, баъдан шумо мехоҳед фаҳмед, ки сомонаи муваққатии шумо чихел фаъолия намуд.

Эълонро бо матни он, ки сомонаи шумо фаъол нест, аз куҷо бояд хонандагон маводҳоро мутолиа намоянд, тайёр кунед.

Истиноди охирини тавсири кэшшудаи сомонаатонро фаъол намоед. Ин роҳи қулай аст, то ки ба истифодабарандагон маводҳои охирони сомонаатонро, ки пеш аз қатъ гардиданаш ҷой дода будед, нишон диҳед.

Кормандонро тайёр кунед – ба онҳо тамоми нақшаи кориро фаҳмонед ва байнашон вазифаю ҷадвали кориро тақсим кунед.

Ҳамнгоми қатъ гардидан

Агар шароит даст диҳад, истифодабарандагонро тариқи автоматики ба нусхаи сомонаатон роҳандози кунед.

То расман эълон шудани ҳодиса, бо ҳар роҳҳо истифодабарандагонро огоҳ намоед. Бояд шахси масъулро, барои робита бо шабакаҳои иҷтимои таъин намоед.

Ҳамаи хабарҳои охиронро ба сомонаи муваққатӣ аз нав ҷой кунед. Агар имконият бошад, ҳамаи хабарҳоро низ тариқи автоматики ба онҷо равона кунед.

Шумо бояд блоги «зинда» дошта бошед, то ки ба хонандагон оиди рӯйдодҳо ва фикрҳоятон гуфта бошед.

Шумо ҳангоми қатъи ногаҳонии сомонаатон омода ҳастед?

Манбаи акси пешомад: napalmi.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ