ДомойОзмунҳо/ГрантҳоИхтиёриён дар 20 минтақаи ҷаҳон! (бо пардохти хароҷот)

Ихтиёриён дар 20 минтақаи ҷаҳон! (бо пардохти хароҷот)

Мӯҳлати охирон: 13 сентябри соли 2017

Тавсиф:

Грант: пардохти хароҷот

Ташкилоти International Volunteer HQ ба ҳамаи хоҳишмандон пешниҳод менамояд, ки ба лоиҳаҳо оид ба муҳофизат ва ҳифзи мҳити табиии намудҳои гуногун дар 20 минтақаи ҷаҳон ҳамроҳ шаванд.

Стипендия пардохт менамояд:

Лоиҳаи 2-ҳафтаина оид ба муҳофизат ва ҳифзи муҳити зист;

парвоз дар ҳавопаймо;

суғурта;

шаҳодатномаи ихтиёрӣ.

 

Ҳамаи ихтиёриён ба таълим фаро гирифта, дастгирӣ карда шуда, курси муайянкуниро хоҳанд гузашт, ҳамзамон ихтиёриён бо ҷои зист ва хӯрок таъмин хоҳанд шуд. Ҳангоми иҷрои барнома ихтиёриён бо ҳадафи ивази таҷриба барои IVHQ ба блоггерҳо мубаддал хоҳанд шуд.

Талабот барои номзадҳо:

Ихтиёрӣ метавонад номзаде шавад, ки синнаш аз 18-сола боло бошад ва барояш масъалаи ҳифзи муҳити зист шавқовар аст. Миллат ва шаҳрвандӣ муҳим нест. Номзадҳо бояд барои он омода бошанд, ки онҳо минтақаи истироҳатии худро тарк мекунанд ва ба кишвар ва фарҳанги дигар хоҳанд рафт.

 

Чӣ тавр метавон ихтиёрӣ шуд?

яке аз лоиҳаҳои пешниҳодшударо интихоб кунед.

бояд тугмачаи «APPLY FOR SCHOLARSHIP»-ро пахш намоед.

дархостро пур кунед ва дар он нависед, ки чаро Шумо хоҳиши дастгирӣ намудани лоиҳаро доред ва чӣ гуна таҷрибаро мехоҳед ба даст оваред.

Маълумоти муфассал дар сомонаи созмондиҳандагон.

Манбаъ: http://neupusti.net

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ