ДомойОзмунҳо/ГрантҳоБақайдгирии кушод ба Конфронси байналхалқии Internews #MediaCA

Бақайдгирии кушод ба Конфронси байналхалқии Internews #MediaCA

Санаи 27-28-уми сентябри соли 2017-ум Internews дар шаҳри Алматои Қазоқистон конфронси байналхалқии Internews #MediaCA-ро мегузаронад. Мо аз ҳузури намояндагони ВАО ва медиаширкатҳои дар соҳаи рушди медиасохтор ва рӯзноманигорӣ фаъолиятбаранда аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар конфронс шод хоҳем шуд.

Дар давоми ду рӯз ояндаи медиаи Осиёи Марказиро муфассал муҳокима хоҳем кард. Дар конфронс масъалаҳои маркетинг ва таблиғотдиҳандагон (рекламодатель) дар ВАО, форматҳои нав ва ченакҳои медиавии  Интернетро муҳокима мекунем ва чӣ тавр манбаи замонавии фурӯхташанванда офариданро мефаҳмонем ва ба шабакаи Youtube ҳамоҳанг намуда, аз фурӯши он маблағ ба даст оварданро шарҳ медиҳем. Барномаи конфронс инчунин гузаронидани намоишҳои созандагӣ ва дарсҳои омӯзишӣ бо иштироки медиаэкспертҳои ватанию байналхалқиро дарбар мегирад, ки аз мавзӯҳои  медиатрендҳо, дарсҳои таҳлилӣ барои ТВ ва онлайн, идоракунии таҳрирҳо, чӣ тавр бо ВАО-и маҳаллӣ корро пеш бурдан, бозори истеҳсолии манбаи ватанӣ дар шароити болоравии рақобатнокӣ иборат мебошад.

Ҳайъати мутахассисони даъватшуда ба Конфронси байналхалқии Internews #MediaCA аз инҳо иборатанд:

  • Всеволод Пуля — рӯзноманигор, медиа мураббӣ, сармуҳаррири Russia Beyond The Headlines, медиа машваратчӣ ва ҳаммуассиси MediaToolbox, муҳаррири бахши «Медиаҳои нав» дар маҷаллаи «Журналист», сармуаллими факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи Ломоносов;
  • Арина Бородина — зиёда аз 12 сол ба ҳайси шореҳи телевизион ва хабарнигори махсуси хонаи нашриёти «Коммерсант» кор кардааст. Айни замон тафсири телефизиониро дар «Эхо Москвы» ба пеш мебарад. Муаллифи садҳо мақолаҳо ва маводҳои таҳлилӣ дар бораи вазъи телевизиони рус ва тамоюлҳои бозори телевизион мебошад. Зиёда аз 15 сол боз бозори телевизионро меомӯзад. Хусусиятҳои барномасозии телевизионӣ, шавқу завқ ва таассуроти аудиторияи  телевизиониро медонад.

Барои иштирокчиён аз Алмато шумораи ҷойҳо маҳдуд нестанд, вале пешакӣ аз  бақайдгирии онлайнӣ гузаштанашон зарур мебошад.

Диққат! Ташкилкунандагони конфронс ба иштирокчиён аз Алмато маблағи рафтуомад ва хӯроки нисфирӯзӣ, ҷойи зистро пардохт намекунанд.

Ба иштирокчиёни минтақавӣ аз Қазоқистон, ичунин ба тамоми аризадиҳандагон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон то санаи 6 сентябри 2017-ум, соати 17:00 бо вақти Алмато пур кардани дархост барои иштирок ҳатмӣ мебошад. Интихоби иштирокчиён ба конфронс аз тарафи жюриҳои давлатҳои иштирокчӣ ба амал бароварда мешавад. Рӯйхати иштирокчиён санаи 8 сентябри соли 2017-ум муайян карда мешавад. Ба иштирокчиёни аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон интихобшуда (ба ғайр аз Алмато) маблағи рафтуомад, хӯрдухӯрок ва ҷойи зист пардохт карда мешавад.

Internews меъёрҳои эҳтиёткории эко-идоравиро риоя мекунад, аз тарафи иштирокчиён бо худ гирифтани дастгоҳҳои шахсиашон ё қаламу қоғаз барои навиштани қайдҳо ва зарф барои оби нӯшокӣ хуш пазируфта мешавад. Оиди саволҳои вобаста ба конфронс ба Роҳбари Хуқумати  Internews дар Осиёи Марказӣ, ба Марат Бегалиев bmarat@INTERNEWS.ORG муроҷиат кардан мумкин аст. Иттилоот оиди конфронс дар сомонаи  “Новый репортер” ва сомонаи www.internews.kg ҷойгир карда мешавад. Конфронс дар толори Рақсии меҳмонхонаи «Рахат Палас» баргузор мегардад. Суроға: кӯчаи Академик Сатпаев 29/6, шаҳри Алматои Қазоқистон.

Конфронси байналхалқии #MediaCA –  чорабинии лоиҳаест, ки дар доираи барномаи «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот»-и  Internews бо ёрии Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналхалқӣ ба амал табиқ карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ