ДомойНақди РасонаӣРейтинги мавзуъҳои апрелии соли 2019 дар Қазоқистон ,Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Рейтинги мавзуъҳои апрелии соли 2019 дар Қазоқистон ,Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Кадом ҳодисаҳоро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон,Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор додаанд? Шарҳи ҳармоҳаи маъруфтарин мавзуъҳо дар асоси додаҳои хидматрасонҳои MediaMetrics.kz ва MediaMetrics.ru тартиб дода шудааст.
Қазоқистон
Мавзуи машҳуртарин дар Қазоқистон дар ин моҳ шухии якумиапрелии дар zonakz.net дарҷшуда дар бораи «андоз аз соҳиби мошин набудан» буд. Ҳарчанд бисёриҳо дарк карданд,ки ин як шухист, вале фаъолона мавзуъро дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадал намуданд .
Дар 15 мавзуи раддаи аввал-боз се хабар аз шухиҳои якумиапрелӣ ҷо гирифтанд. Баъди табдили номи пойтахти Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дар бораи ҳатман илова шудани калимаи «Нур» ба насаби қазоқистониҳо ва ҳуҷҷати духтаре алакай бо насаби нав- Нур-Афанасьева интишор ёфт. Мардум радияи ВКД ва шарҳҳои он духтаркро хонда мубодилаи афкор менамуданд. Боз як хабари фейк, ки дар ин раддабандӣ қарор гирифт : видео «бо пулиси кушташуда» буд, ки мардум ба иштирок гузоштанд, ки асалан кадре аз наворбрдории филмест

Скриншот аз сомонаи Mediametrics.kz
Аз шахсиятҳои расмӣ дар раддаи аввал танҳо Дариға Назарбоева дохил шуд. Баъди эълони интихоботи ғайринавбатӣ аз ҷониби Қосим-Жомарт Токаев, муддате мавзуи доғ -киро ба сифати номзад пешниҳод намудани ҳизби Nur Otan буд. На президенти нахустин ва на дуюмин ба раддаи аввали хабарҳо науфтоданд, вале барои ҳама мароқовар буд, ки оё Дариға Назарбоева аз номзадҳо ҳаст ё на.
Шаш мақолаи топ- 15 дар моҳи апрел ба ҳодисаи задухурди оммавӣ дар Алмаато, ҳодисаи мудҳиши садамаи роҳ дар наздикии Кордай, пайдо намудани ҷасади духтари гумшуда, марги қаҳромондухтари риштаи куштии ҷудо ва ду мавод дар бораи дастгир намудани кормандони пулис: ришваситонӣ дар Қизилорда ва паҳн намудани маводи муходир дар пойтахт тааллуқ доштанд
Ба рейтинг хабар дар бораи як бозёфти бостоншиносӣ дар Туркистон ворид шуд. Эҳтимол, хонандагонро сарлавҳаи хабар ҷалб намуд : «Дар наздикии мақбараи Аҳмади Ясавӣ бозёфти даҳшатангезе пайдо шуд»
Дар миёни дигар мавзуъҳо сиёсати нархгузори аввалин лоукостери (ширкати ҳавопаимоӣ бо нархҳои арзон) қазоқистонӣ –FlyArystan низ буд.
Тамоми маводи дар рейтинги моҳ дохилшуда иттилоотианд ва бо забони русӣ навишта шудаанд. Ва дар се портал нашр шудаанд: аз 15 хабари нашршуда 10-то дар Tengrinews.kz, чор хабар дар Zakon.kz ва танҳо як хабар, вале дар мақоми аввали рейтинг, ба Zonakz.net тааллуқ дорад.
Тоҷикистон
Мавзуи моҳ дар Тоҷикистон эҳтимоли болоравии нархи дастрасӣ ба интернет шуд, ки тадбиқи онро хадамоти зиддиинҳисорӣ пофишорӣ менамуд. Аз 15 мавод, ба ҳар василае чортои он ба ин мавзуъ алоқаманд ҳастанд. Мардум далелҳои ин хадамотро дар бораи боло бурдани нарх, иттилоотро дар бораи он, ки дар ҳамсоякишвар-Афғонистон, баръакс инернет арзон мешавад ва дар бораи он, ки барои фаъоле парвандаи ҷиноӣ кушодаанд,ки барои сабукдуш намудани ташаббускори чунин қонун даъват мекард, мехонданд. Воқеан, бо супориши президенти Точикистон нарх дар сатҳи пешинааш монд, вале ин хабар дар рейтинг қарор нагирифт.

Скриншот аз сомонаи Mediametrics.ru
Се хабар аз топ-15 оид ба барномаи кории Эмомалӣ Раҳмон- тағйироти кадрӣ ва кушодашавии киштӣ-тарабхонаи рамзӣ ҳикоят мекунанд .
Дар Тоҷикистон мавзуи сохтмони НБО-и Роғун идома дорад. Дар мақолаи таҳлилӣ-иттилоотӣ муаллиф дар бораи он андешаронӣ мекунад, ки президенти нави Ӯзбекистон-муҳандиси институти обёрӣ ва механизатсияи Тошканд аз руй ихтисос метавонад бо сохтмони ин пойгоҳи барои Тоҷикистон ниҳоят зарур розӣ ва ҳатто дар он ширкат кунад
Дар топ-15 ҳамчунин муноқишаи байни варзишгарон Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор дохил шуд. Конор сухани таҳқиромезе дар Twitter нисбат ба зани шаҳрванди Русия навишт, ки онро Ҳабиб таҳқир ба томоми муслмонон номид .
Дар Тоҷикистон боду ҳавои баҳории ғайримуқаррарист ва се мавзуи топ-15 ба он рабт дорад, мисли шамоли сахт боиси марги одам шуд, бодуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки боду ҳаво минбаъд ҳам «нохуб» мемонад..
Дар топ-15 ҳамчунин мақолаи калоне оид ба Бунёди Оғохон оид ба рушд ворид шуд, ки онро бори нахуст шаҳрванди Тоҷикистон сарварӣ менамояд. Дар он ҳам дар мавриди шахси таъиншуда ва ҳам дар бораи ояндаи кори хазина дар минтақа сухан меравад
13 мақола-иттилоотӣ, 2-то таҳлилӣ ҳастанд. Аз топ-15 ба забони тоҷикӣ се мақола ва он ҳам хабарҳои расмӣ.
Ӯзбекистон
Дар топ-15-мақолаи Узбекистон хабарҳо оиди ба фаъолияти Шавкат Мирзиёев ворид нашуданд, лекин якбора ду хабар дар бораи ҳодисаҳои зиндагии духтари президент: вазифаи наваш ва сафар ба вилояти Тошканд нақл мекунанд .

Дар Узбекистон одатан нисбат ба хабарҳои Россия хеле бодиққатанд. Дар топ-15 ду хабар аз ҳамин қабил: дар Тулла хазинадори супермаркетро куштанд,ки зодгоҳи зан Узбекистон будааст ва ҳамшаҳрие сарвари яке аз саридораҳои корҳои дохилӣ дар Маскав шуд
Манзараи иттилоотии моҳ ислоҳотҳоеро инъикос мекунад,ки дар Узбекистон амалӣ мегарданд. 5 мақола ба навсозиҳо марбутанд: аломатҳои нави роҳ қабул шуданд, дар пардохти музди меҳнат тағйирот ворид мешавад… Мавзуи проблемавӣ, ки дар ин раддабандӣ чанд моҳ боз дохил мешавад: кандани манзилҳои зист дар Тошканд аст. Nuz.uz дар бораи он ҳикоя мекунад, ки замини наздиҳавлигии нафақахуреро кашида гирифтаанд
Боду ҳавои номусоид рағбати хонандаро ба хабарҳои обуҳавошиносон афзуд ва ба топ-15 якбора ду хабар бо пешгуйиҳои Узгидромет ҷой гирифтанд.
Ягона хабар аз олами ҷиноии Узбекистон, ки ба қатори серхонандатаринҳо дохил мешавад-ин боздошти фоҳишаҳост
Дар топ-15-и Узбекистон дар моҳи апрел қолабҳо гуногунанд: ҳам шарҳу тафсир,ҳам графика ва ҳам ахбори иттилоотӣ. Тамоми 15 мавод бо забони русианад
Рейтинги мавзуъҳои моҳ рубрикаи доимии мост. Хабарҳои аз ҳама беш муҳокимашавандаи моҳи мартро метавон дар ҳамин ҷо хонд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ