ДомойЛоиҳаҳои моВебинарSMM барои ВАО-Тоҷикистон

SMM барои ВАО-Тоҷикистон

Шаҳноз Комилзода, мутахассиси PR ва SMM, дар вебинаре, ки санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор намуда буд, дар бораи роҳҳои пешбарии расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қисса кард. Шаҳноз замоне саҳифаҳои иҷтимоии ширкатҳои мобилии Tcell ва Мегафонро идора менамуд.

Дар ҷараёни вебинар Шаҳноз Комилзода якчанд нуқтаҳои асосиро қайд кард, ки мо ин ҷо меорем:

  • нахуст бояд рӯзноманигорон дарк кунанд, ки SMM-и расонаҳо тафовути бисёре аз SMM-и тиҷоратӣ дорад;
  • агар расонаи шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест, пас шумо барои мухотабонатон аслан вуҷуд надоред;
  • шабакаҳои иҷтимоӣ як имконияти хуб ва васеъ барои муаррифии расонаҳоанд;
  • қоидаҳои зарурӣ барои фаъолияти муассир дар шабакаҳои иҷтимоӣ: пайгирӣ кардан, таҳлил намудан ва назорат кардан;
  • табассумак ё эмодзиро бояд дуруст истифода кард;
  • бо пайгиронатон бояд иртибот дошта бошед;

Инчунин Шаҳноз Комилзода гуфт, ки

«аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз назари манфӣ нисбаташон меҳаросанду хеле дилгир мешаванд. Назари манфӣ ҳам “назар” аст ва маънои онро дорад, ки иртибот миёни шумо ва пайгиронатон вуҷуд дорад. Агар ба муҳтавои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари манфӣ карданд:
— ба он посухи ҳавоӣ надиҳед;
— худатонро “сафед” накунед;
— посухро бо масъулин ҳамоҳанг созед;
— ҳама назарҳоро ҷамъ карда, дар пахш (?) ҷудогона посух диҳед;
— ҳамавақт омодаи 30% назари манфӣ бошед”.

Маълумоти бештар ва маслиҳатҳои муфидро дар сабти пурраи вебинар метавонед пайдо кунед:

Вебинари мазкур дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба иттилоот” рӯйи кор омад, ки бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

 

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ