ДомойЛоиҳаҳои моВебинарЧӣ гуна аз Интернюс метавон грант гирифт?

Чӣ гуна аз Интернюс метавон грант гирифт?

Ҳоло Интернюс дар Тоҷикистон дархостҳоро барои иштирок дар озмуни идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ ҷамъоварӣ мекунад. То мӯҳлати ниҳоӣ қариб ду ҳафта мондааст. Аз ин рӯ иштирокчиёне, ки то ҳол дархостҳои худро пешниҳод накардаанд, вале ният доранд, метавонанд видеоҳои вебинарҳои моро гӯш кунанд, ки мо махсус барои ба саволҳои маъмулии озмун посух додан сабт кардем.

Саволҳо ва  ҷавобҳоро дар шакли тезисҳо пешкаш менамоем.

Кадом лоиҳаҳоро Internews дастгирӣ мекунад?

Ин метавонад контенти мухталиф бошад — истеҳсоли барномаҳои телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои ҳуҷҷатӣ, лонгридҳо, лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, веб-докҳо,веб-сериалҳо, достонҳои чандрасонаӣ, тадқиқоти журналистӣ ва ғайраҳо .

Содатар аст, ки бигуем Интернюс чиро дастгирӣ намекунад:

Сохтани сомонаҳо ва пешбурди онҳо;

Сохтани барномаҳои мобилӣ;

Истеҳсоли филмҳои бадеӣ;

Роликҳои иҷтимоӣ;

Клипҳои мусиқӣ.

Яъне ба ҷуз  дар боло зикршудаҳо ҳама чизҳои дигарро.

Табиист ки маҳсулоти ниҳоӣ  бояд электронӣ бошад ва наметавонад чопӣ бошад. Аз ин рӯ, агар ягон рӯзнома ё маҷалла барои гирифтани грант дархост пешниҳод кунад, пас лоиҳа бояд барои сомонаи нашрия,  YouTube каналаш ё шабакаҳои иҷтимоӣ омода карда шавад.

Лоиҳаҳо метавонанд бо забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ё русӣ иҷро шаванд. Озмун барои шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳои онлайнӣ, студияҳои истеҳсолӣ, продюсерони мустақил, муаллифон ва блогнависон баргузор мешавад. Гуруҳи эҷодӣ ё муаллиф бояд қайди ҳуқуқӣ дошта бошад.

Мавзӯъи лоиҳаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Мавзӯъҳо низ метавонанд хеле гуногун бошанд, аммо мавзӯъҳои афзалиятнок низ ҳастанд.

Фалсафаи лоиҳаи барномаи панҷсолаи Осиёи Марказии MediaCAMP, ки дар доираи он озмуни  идеяҳо барои истеҳсоли контенти ватанӣ баргузор мешавад ба тариқи зайл муайян карда шудааст: сухан додан ба онҳое, ки шунида намешаванд: гурӯҳҳои осебпазир, одамоне, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд. Мавзӯъҳои гендерӣ, мушкилоти инклюзивӣ. Шаффофият ва назорати қарорҳои ҳукумат. Лоиҳаҳои ҷолибе, ки дар онҳо одамон метавонанд дар эҷоди контент ва ҳалли мушкилиҳои худ ширкат варзанд.

Ин маънои онро надорад, ки қаҳрамонони лоиҳаҳои шумо бояд одамоне бошанд, ки мушкилот доранд ва худро бад ҳис мекунанд, онҳо метавонанд ашхоси мусбат, намоён ва ҷавон бошанд, ки ба воқеияти зиндагӣ омезиш намеёбанд, ё онҳое, ки ҷомеа онҳоро намефаҳмад ва эътироф намекунад, аммо онҳо вуҷуд доранд. Инҳо одамони муваффақ буда метавонанд, ки мушкилиҳои касеро ҳал мекунанд, аммо онҳо барои  шинохта шудан ва эътимод  ба одамон ниёз доранд. Умуман, ба атроф назар андозед, ба шахсоне нигаред, ки дар бораи онҳо ҷомеа чизе намедонад ва ё медонад, аммо на ба қадри кофӣ.

Оё як иштирокчӣ метавонад ду лоиҳа пешниҳод кунад?

Метавонад. Гузашта аз ин, агар ин лоиҳаҳои воқеан арзанда бошанд, ду дархости як ширкаткунанда метавонанд грантҳоро дарёфт кунанд. Аммо муҳим он аст, ки набояд кӯшиш кард, ки аз ҳисоби миқдор ғолибият ба даст овард , дар хотир доштан муҳим аст, ки мо ин грантҳоро барои он ҷудо мекунем, то ки контенти босифат дар бозори расонаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон пайдо шавад.

Дар озмун танҳо бо лоиҳаи нав иштирок кардан лозим аст?

Не, ин метавонад нав бошад ё ягон лоиҳаи аллакай  маъруф, ки бо ягон сабаб бе маблағ мондааст , ё шумо мехоҳед сифати онро беҳтар кунед, аммо барои ин маблағи кофӣ надоред. Яъне, барои мо аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки лоиҳаи муфид ва  босифат бошад, нав ё аллакай маъруф буданаш муҳим нест.

Оё ба озмун  пешниҳод кардани лоиҳаҳо бо маблағгузории муштарак иҷозат дода мешаванд?

Албатта, агар ин лоиҳа ба каси  дигар низ ҷолиб бошад, — ин олист.

Ғолибон чӣ гуна муайян карда мешаванд?

Дар се марҳила. Аввал шумо онлайн-дархостро пур мекунед, абарпайванд ба он  дар сомонаҳои Интернюс дар Тоҷикистон оварда шудааст. Дар дархост, идеяи шумо бояд мухтасар ва возеҳ тавсиф карда шавад. Ин дархостҳоро грант-менеҷерҳо  ҷамъоварӣ карда, сипас  коркард мекунанд ва барои комиссия интихобӣ омода мекунанд, то ки тавонанд   ба онҳо сарфаҳм раванд. Дар ин марҳила ҳамчунин интихоби муайяне  сурат мегирад, яъне агар дархост ба озмун тамоман мувофиқат накунад,( масалан, мушахас шудааст, ки грантҳо барои сохтани видеоҳои иҷтимоӣ дода намешванд, аммо довталаб маҳз видеои иҷтимоиро пешниҳод мекунад), пас чунин дархост фавран рад карда мешавад.

Ҳама дархостҳо ба аъзои комиссияи интихобӣ супорида мешаванд, ки мустақилона онҳоро меомӯзанд, мувофиқи меъёрҳои сифат (асолат, беназирӣ, навоварӣ, ҷалби аудитория ва ғайра) баҳо медиҳанд ва сипас ҷамъ шуда, беҳтарин корҳоро баррасӣ ва интихоб мекунанд.

Дар марҳилаи дуввум, муаллифони дархостҳои интихобшуда ба питчинг-сессияи махсус даъват  мешаванд. Дар кадом  шакле, ки бошад,  тӯли панҷ дақиқа онҳо бояд консепсияи идеяи худро пешниҳод кунанд, муҳим ва воқеӣ будани онро ба аъзои комиссияи интихобӣ исбот кунанд. Муаллифони дархостҳо аз минтақаҳо метавонанд бо истифода аз Skype лоиҳашонро муаррифӣ кунанд.

Ҳангоми муаррифӣ пеш аз ҳама дар бораи инҳо бояд гуфт:

  • Дар бораи ҷузъиёти истеҳсолот, яъне дар бораи он,ки чӣ гуна шумо лоиҳаи худро месозед ва то кадом андоза он чӣ ки шумо пешниҳод мекунед, воқеӣ аст;
  • Дар бораи аудиторияи лоиҳа, шумо бояд дақиқ донед, ки маҳсулотро барои кӣ таҳия мекунед.
  • Дар бораи буҷет, шумо бояд дар маҷмӯъ дар бораи он суҳбат кунед. Ки чӣ гуна маблағро дар ин лоиҳа сарф мекунед.
  • Дар бораи маҳсулоти ниҳоӣ: чӣ гуна кори шумо метавонад ба ҷомеа таъсир расонад ва чаро ин лоиҳа зарур аст.

Ва дар охир, марҳилаи саввум – такмили лоиҳа ва додани грантҳо.

Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, ҳатто лоиҳаҳои олитаринро метавон беҳтар сохт ва аъзои комиссияи интихобӣ низ аслан барои додани тавсияҳо лозиманд. Тавсияҳо ба муаллифони лоиҳаҳое, ки тасдиқи пешакӣ гирифтаанд, фиристода мешаванд, то ки болои онҳо кор кунанд. Барои такмили лоиҳа се ҳафта вақт дода мешавад, илова бар ин, бояд буҷа тартиб дода шавад ва ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани грант омода кардан лозим аст.

Қарори ниҳоӣ дар бораи маблағгузорӣ аз ҷониби аъзои комиссия интихобӣ дар асоси дархостҳои охирине қабул карда мешавад, ки дар онҳо тавсияҳои пешниҳодшуда  ба назар гирифта шудаанд.

Агар шумо соҳиби грант шавед, метавонед барои харидории нармафзорҳои литсензионӣ, техника ва таҷҳизот барои амалисозии лоиҳа дархост кунед. Маблағҳои грантӣ барои техникаи мазкур иловатан ҷудо карда мешаванд.

Ба буҷети асосӣ чӣ бояд дохил карда шавад?

  • Музди меҳнат;
  • Музди меҳнати кироя;
  • Хароҷоти сафари хизматӣ;
  • Ҳама намудҳои хариди зарурӣ барои лоиҳа;
  • Иҷораи мошин;
  • Хидматрасониҳои интернетӣ.

Ба комиссияи интихобӣ кӣ дохил  мешавад?

Ҳайати комиссияи интихоб дар рӯзҳои ба озмун наздиктар муайян карда мешавад, аммо ҳамаи инҳо коршиносони мустақиле хоҳанд буд, ки ба расонаҳо  робита доранд ва дар бораи контент бисёр чизҳоро медонанд.

Меъёрҳои интихоб кадоманд?

Бо роҳҳои мухталиф: асолати идея, виралӣ будани контент (то чӣ андоза аудиторияи калонро метавонад ҷалб кунад), чӣ гуна лоиҳа метавонад ба ягон вазъият (импакт) ба таври назаррас таъсир расонад. Ва ба тавре ки ҳамаи онро чен кардан ва дидан мумкин бошад.

Агар ман дар озмун ғолиб оям, чанд вақт пас метавонам грантро гирам?

Тартиби пардохт барои ҳар як шартнома ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад. Вақти интизорӣ аз он вобаста аст, ки шумо чӣ қадар зуд ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод мекунед ва чӣ қадар зуд  донори асосии мо  грантро тасдиқ мекунад. Ба ҳисоби миёна аз 15 то 30 рӯз интизор шудан лозим меояд.

Барои амалисозии лоиҳа чӣ қадар вақт ҷудо карда мешавад?

Шумо бояд лоиҳаро то моҳи сентябри соли 2020 ба итмом расонед.

Шакли ҳисоботдиҳӣ чигуна аст?

Ду намуди ҳисобот: ҳисоботи пурраи молиявӣ ва ҳисоботи эҷодӣ вуҷуд доранд.

Маблағи  грантҳо чӣ қадар хоҳад буд?

Маблағҳо алҳол гуфта нашудаанд, буҷетҳо бояд воқеӣ  ва ба нархи бозории кишварҳои мо мувофиқ бошанд.

Аъзои комиссияи интихобӣ оё дар бораи устувории лоиҳа мепурсанд?

Мепурсанд. Расонаҳои имрӯз зотан маҳсулоти истеъмолӣ буда, бояд дар бозор талабот дошта бошад. Аз ин рӯ, оид ба устувории лоиҳа ҳатман бояд фикр  ва тавсиф кард, зеро ин  чанбаи асосӣ набошад ҳам,тарафи қавии шумо хоҳад буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ