ДомойХудомӯз"Одамон хабарҳоро бо калкулятор намехонанд": чӣ тавр кори расонаҳо бо сабаби коронавирус...

«Одамон хабарҳоро бо калкулятор намехонанд»: чӣ тавр кори расонаҳо бо сабаби коронавирус иваз хоҳад шуд

Чӣ қадар одамон мубталои коронавирус шудаанд ? Чанд нафар мурданд ё табобат ёфтанд? Манбаи сироят дар куҷост? Имрӯзҳо ҷавоби ин саволҳоро қариб дар ҳама расонаҳои хабарӣ дарёфт кардан мумкин аст. Ин хабарҳо барои хонандагон кофӣ нестанд, онҳо мехоҳанд бидонанд, ки дар оянда чӣ мешавад, вазъро биомӯзанд ва пешгӯиҳоро донанд. Артём Лисс— мушовири нашриявии Интернюс, собиқ  роҳбари хадамоти ҷаҳонии Би-би-сӣ  дар минтақаи Аврупо ва Нина Курят, собиқ роҳбари хадамоти украинии Би-би-сӣ, номзади илмҳои биологӣ бо ихтисоси «Микробиология», муаллифи курси донишгоҳии «Журналистикаи илмӣ», бо ташабусси Интернюс барои мутахассисони васоити ахбори омма вебинар баргузор карданд, ки дар он перомуни чӣ гуна ВАО дар шароити пандемия бояд тағйир ёбад, суханронӣ карданд. «Новый репортёр» нуктаҳои асосии вебинарро сабт кард.

Мо набояд дар зиёд кардани хабарҳое, мисли: “чанд нафар одамон фавтиданд”, талош кунем, балки  ба хонандагон барои нақшаҳояшон дар  оянада кӯмак кунем.

Дар рӯзҳои аввали пандемия мардум Интернетро зиёд пайгирӣ мекарданд. Аз ин рӯ, маъруфияти бисёр манбаҳои интернетӣ қариб якуним маротиба афзуд. Хабарҳои аз ҳама зиёд хондашуда, албатта, дар бораи коронавирус буданд. Оё ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки хабарҳои дигарро намехонанд?

Маводи Би-Би-Си ба шаш категория тақсимбандӣ карда мешаванд: илҳом бахшидан, ба ҳайрат овардан, таълим додан, нишон додани дурнамо, дар бораи тамоюлҳо гуфтан, аз рӯйдодҳои охирин (апдейт) огоҳ кардан . Ҳамаи ин самтҳо барои хонанда муҳиманд ва дар шароити пандемия ҳамчунин кор мекунанд. Мақолаҳое, ки дар онҳо ба аудитория гуфта мешуд, ки чӣ кор кардан лозим аст ва дурнамои ин ҳама дар чӣ аст, назар ба лентаи хабарҳои муқаррарӣ зиёдтар хонда мешуданд. Шояд, танҳо хабарҳои доғ, истисно буданд.

Намунаи хуби визуализатсия аз McKinsey: сатҳи фавт аз коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Италия аз рӯи синну сол гуруҳбандӣ шудааст.

Овардани омор муҳим аст, зеро иттилоот додан аст, вале хонандагон наметавонанд танҳо аз рӯи рақамҳо фаҳманд, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Ҳеҷ кас ахборро бо калкулятор намехонад. Танҳо матн ва замина ба шахс фаҳмиш медиҳанд: оё ин рақам даҳшатнок аст ё даҳшатнок нест?  Вазъ беҳтар шуда истодааст ё бадтар? Бо дарки матн, ӯ  ба сарфаҳм рафтани  вазъ шурӯъ мекунад.

Ба дизайнерҳо ҳоло як имконияти олӣ барои рушд ва эҷод фароҳам омадааст, зеро дар ин ҳолат формати беҳтарин  -графикаҳо ва инфографикаҳо (барои рақамҳоро возеҳ нишон додан,  онҳоро бо дигар кишварҳо ё бемориҳо муқоиса кардан ва имкон додан барои хулосабарорӣ) хоҳанд буд. Подкастҳо, бар хилофи пешгӯиҳо, маъруфияти худро гум мекунанд, зеро одатан, онҳоро дар роҳ ба кор ва аз кор ба хона гӯш мекарданд, акнун ба шунавандагон ниёз надоранд,  то ки ба ин  кор вақт сарф кунанд.

Чӣ гуна мо ба ғайр аз хабарҳо барои хонанда фоидаовар буда метавонем?

  • Далелсанҷӣ. Нашрияҳо на танҳо хабарҳои бардурӯғро рад мекунанд, балки аз олимону табибон шарҳҳо мегиранд.
  • Мусоҳиба. Ба он пешакӣ хубтар тайёрӣ бинед, зеро ҳадафи шумо додани саволҳои умумӣ нест, балки ба хонандаатон додани маълумоти нав мебошад.
  • Маслиҳатҳо. Чӣ бояд кард? Ба куҷо гурехтан лозим аст? Бо кӣ муроҷиат кардан даркор? Кӣ кӯмак карда метавонад?
  • Дастурҳо. Ниқобро чӣ тавр бо дастони худ бояд дӯхт? Чӣ тавр аз танҳоӣ девона нашуд? Чӣ гуна маҳлули дезинфексиякунандаро дар шароити хона омода кард? Смартфонро чӣ гуна бояд пок кард, то ки вайрон нашавад?
  • Маълумот дар бораи бемориҳо. Беҳтараш онро аз манбаъҳои расмӣ гирифт. Агар шумо хоҳед, ки маводи васеътар тайёр кунед, яъне кадом вариантҳои раҳоӣ аз ин беморӣ вуҷуд доранд, кадом навъи вирус аст, дар оянда чӣ ҳодиса рух хоҳад дод, беҳтараш бо мутахассисон, олимон, вирусологҳо муроҷиат кунед.
  • Ҷанбаи инсонӣ. Сторителлинг, мусоҳиба бо аввалин бемор / аввалин шифоёфта, чӣ гуна кишвар дар карантин зиндагӣ мекунад. Бо мардум сӯхбат кунед, фаҳмед, ки бо чӣ гуна мушкилоти маҳаллӣ онҳо дучор меоянд.
  • Инкишофи вазъ. Марҳилаи мутобиқшавӣ фаро мерасад. Вазифаи мо нишон додани он аст, ки чӣ гуна ҷомеа зиндагӣ карданро дар шароити нав меомӯзад.
  • Пешгӯиҳои иқтисодӣ. Коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ чӣ гуна таъсир хоҳад расонд?
  • Харитаҳои интерактивӣ. Намудҳои гуногуни вокуниши мақомотҳо, паҳншавии беморӣ ва дигар иттилооти муҳим.

Шояд вазъияти дигаре вуҷуд дошта бошад: одамон метавонанд аз коронавирус хаста шуда, қуввати дар бораи он  дигар хондан надошта бошанд. Яке аз сомонаиҳо русӣ ба хонандагони худ пешниҳод кардааст, ки «коронавирусро хомӯш кунанд». Тавре ки шумо пай бурдед, бо кумаки ин функсия шумо метавонед ҳама хабарҳо дар бораи коронавирусро аз лента пок созед.

Кадом корро кардан лозим нест?

Намунаи он ки аз чӣ бояд парҳез кард: – паёмҳо дар бораи фавтидагонро беҳтараш бе тасвири одамон инъикос кардан

Бо вуҷуди ин, расонаҳо кӯшиш мекунанд, ки маҳз диққатро ба нашрҳои худ ҷалб кунад. Баъзан на он қадар муваффақ мешаванд. Якчанд хато аз расонаҳои воқеӣ, ки беҳтараш такрор нашаванд:

«Вируси марговар,бемории маргбор, вирус аз Чин”-аз истифодаи чунин ибораҳо  даст кашед. Бемориҳои  вабо ва эболаро -бемориҳои воқеан бо  сатҳи баланди миришро бо коронавирус муқоиса накунед.Ҳар дафъа  бемаврид зикр намудани  номи Чин дар матлабҳо  дар хонанда эҳсоси  ҳаросро афзоиш медиҳад .

  • Аз сарлавҳаҳои воҳиманок, ба монанди «Фалон инсони машҳур мубталои коронавирус шудааст» перҳез кунед. Ин як шакли ташаннуҷи авзоъ аст. Ин шахсон метавонанд дар хонаҳошон- дар карантини хонагӣ бошанд.
  • Аксҳоро тафтиш кунед: оё онҳо ба он чизе, ки дар мавод навишта шудааст, мувофиқат мекунанд? Аксҳои табибон дар либосҳои муҳофизатӣ дар назди одамоне, ки дар рӯи замин хобидаанд, нишон медиҳанд, ки ин беморӣ чунон ҷиддӣ аст, ки одамон дар кӯча аз ҳуш рафта меафтанд. Мантиқан фикр кардан лозим аст: гумон аст, шахсе, ки дар марҳилаи охирини бемории коронавирус қарор дошта бошад , дар кӯчаҳои шаҳр оромона қадам занад.
  • Агар шумо дар бораи он менависед, ки чанд нафар мурдааст, паёмҳоро бо аксҳои одамони зинда дар беморхонаҳо инъикос накунед. Гумон аст, ки онҳо хоста бошанд, то аксҳояшон ҷузъи  чунин иттилоъ бошанд.
  • Дар як нашрия, қиссаи марде дар бораи ҳамсараш , ки аз коронавирус вафот кардааст, бо акси зани хандонаш тасвир ёфтааст.

Ин боиси гашт, ки бисёриҳо ноҳинҷор гарданд. Агар ин ҳикоя дар бораи эҳсосоти мард аст, беҳтараш акси ӯ гузошта шавад.

  • Аз мавод дар мавзӯи «Чӣ қадар одамон дар асл мубталои коронавирус шуданд?», ҳазар кунед. Ҳатто Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ин маълумотро надорад, зеро ҳар як кишвар усулҳои ҳисобкунии беморон, тамосгирифтагон ва шифоёфтагони худро дорад.
Визуализатсияи муваффақи маводи иттилоотӣ: чӣ гуна дар танҳои нигоҳ доштани одамон дар масъалаи паҳншавии коронавирус кор мекунад.

Этикаи кори фосилавӣ

Ҳангоми онлайн кор кардан, риояи қоидаҳои ахлоқӣ, ки барои сар назадани низоъ миёни кормандон ва самаранок анҷом додани вазифаҳои худ кумак мекунанд, муҳим аст:

  • Ба эҳсосотатон тавваҷҷуҳ намоед. Паёмҳои матнӣ эҳсосотро ҳамчун нутқ ба таври дақиқ намерасонанд. Дар баъзе ҳолатҳо, шояд онҳоро навиштан лозим: шӯхӣ, мегирям, механдам. Баъзан дуруст дарк накардани паём метавонад ба муноқишаи ҷиддӣ оварда расонад.
  • Муайян кунед, ки дар муоширати онлайнӣ кадом забон мувофиқтар аст. Оё дар он ҷой барои луғати экспрессивӣ вуҷуд дорад? Ибораҳои маҳрамона дар муошират метавонанд муқаррарӣ ҳисобида шаванд, аммо бо ҳарфҳо навиштани ин ибораҳо, ба таври дигар қабул карда мешаванд.
  • Чизҳо шахсиро аз корӣ ҷудо кунед. Дар соатҳои муқаррарии корӣ кор кардан муҳим аст, ҳатто дар либоси барои кор мавофиқ — аз ҷиҳати равонӣ осонтар аст. Кӯшиш кунед, ки дар ҷои кор дар назди ноутбук хӯрок нахӯред. Ягон лаҳзаи парешонӣ нест, шумо пай намебаред, ки шумо хӯрок мехӯред ва ба кор низ зиён мерасад.
  • Мавзӯъҳои гуногунро дар шабакаҳои гуногун ҷо диҳед. Вазифаҳоро ба таъҷилӣ, муҳим, ғайри таъҷилӣ ва ғайри муҳим тақсим кунед. Ин ба шумо барои бомуваффақият анҷом додани қадами дигар кӯмак хоҳад кард.
  • Фикр кунед, ки кадоме аз кормандонатон ба кадом намуди огоҳиҳо ниёз доранд. Масалан, дар Фаронса ташвиш додани корманд дар соати ғайркорӣ манъ аст. Дар акси ҳол, хуруҷи эҳсост хеле зудтар ба амал меояд.
  • Ҳама гуна даъватҳо ба ҳама гуна вохӯриҳоро беҳтараш тавассути почтаи электронӣ ё тақвими Google тасдиқ кунед. Пас аз поёни мулоқотҳло, натиҷаҳоро бо мӯҳлат ва номҳо бояд сабт кард, зеро гузашти вақт бар зарари муттамарказӣ ва бодиққатӣ аст.

Воситаҳо ва хидматрасониҳо барои корҳои фосилавӣ

  • Баъзе нашрияҳо кори худро ба онлайн то омадани пандемия гузаронида буданд. Meduza панҷ сол пеш ба Slack даст зада буд, аммо маслиҳатҳое, ки нашрия дар он замон дода буд, имрӯз ҳам аҳамият дорад. Роҳи беҳтарини фаҳмидани он, ки ин чӣ гуна кор мекунад, хондани ёддошти Meduza ва шахсан санҷидани он аст.
  • Zencaster — афзор барои онлайн сабт кардани мусоҳибаҳои овозист. Сухангӯ пайвандро мегирад, онро нохун мезанад, танҳо як тугмаро пахш мекунад ва дар микрофон сухан мегӯяд. Шумо файли mp3-ро мегиред. Барнома ройгон ва  барои  мусоҳибаҳои кутоҳ аст.
  • Snagit — барнома барои сабти мусоҳибаҳои видеоӣ аст. Албатта, метавон аз усулҳои оддитар истифода бурд, ба монанди Skype -и муқаррарӣ, аммо сифати тасвир ва садои Snagit хеле баландтар аст. Барнома пулакӣ аст.
  • Нашрия фосилавӣ ҳатман бояд сервиси умумӣ барои нигаҳдории файлҳо дошта бошад. GoogleDrive ё OneDrive — дилхоҳашро интихоб кунед. Бехатарии Google нисбат ба Microsoft каме заифтар аст, аммо дар он функсияи таҳрир ҳаст.

Бехатарии журналистон ҳангоми коронавирус

Намунаи кор бо блогнависони Guardian: — марде дар бораи вазъияти Италия сӯҳбат мекунад.

Аммо чӣ тавр вазифаи асосии худ  — маълумотро ҷамъоварӣ  ва саволҳои мубрам ба мақомот доданро бояд иҷро кард? Ҳеҷ кас омода нест, ки рӯзноманигорро ба минтақае фиристад, ки дар он ҷо шумораи зиёди сироятёфтагони коронавирус ҳастанд. Бинобар ин, тавваҷҷуҳ ба кори блогнависон , ки бо амри тақдир дар чунин минтақа қарор доранд, бештар мегардад. Фикр кунед, шояд шумо дӯстон, ҳамкороне доред, ки дар ин минтақаи осебёфта  ҳастанд ва метавонанд дар ин бора ба шумо чизе бигӯянд? Агар шумо ин гуна маводро ба даст оред, аз масъулияте, ки ба дӯши шумо аст, фаромӯш накунед: ҳар чӣ  инсайдер ба шумо гуфтааст, санҷиданаш амри маҳол аст.

Агар шумо қарор додед, ки журналистро  ба ҳар ҳол ба минтақаи хатарнок фиристед, хатарҳоро арзёбӣ кунед. Кумита оид ба ҳимояи журналистон рӯйхати тавсияҳоро дар бораи он, ки чӣ гуна журналистон дар чунин  шароит бояд кор кунанд , нашр кард. Бисёре аз тавсияҳо возеҳанд ва ин маслиҳатҳо барои ҳамаи одамон мувофиқат мекунанд, аммо баъзеи онҳо махсусан ба мутахассисони ВАО робита доранд. Масалан, аз истифодаи микрофони дар либоси мусоҳиб васлшаванда даст кашидан ва  аз»пушка» -р истифода бурдан . Ҳама тавсияҳоро дар инҷо пайдо кардан мумкин аст.

Кормандони дар дурдаст қарордошта низ зери хатар ҳастанд,  танҳо на зери хатари тиббӣ, балки равонӣ. Онҳое, ки ҳолатҳои фоҷиавиро муддати дароз тасвир мекунанд, осебҳои равониро ҷамъ мекунанд. Дар ин бобат чӣ кор кардан мумкин аст?  Вақтеро маҳдуд кардан, ки журналистон барои навиштани ин мавод сарф мекунанд,  равоншиносеро пайдо кардан, ки тавонад фосилавӣ кормандонро дастгирӣ намояд ва ба ҳамкорони худ гуфтан, ки чунин функсияҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ