ДомойНақди РасонаӣТоҷикистон: баҳси коронавирус расонаҳо ва рӯзноманигоронро ба ду сангар ҷудо кард

Тоҷикистон: баҳси коронавирус расонаҳо ва рӯзноманигоронро ба ду сангар ҷудо кард

Коронавирус ё бемории COVID-19 дар Тоҷикистон  ҳаст ё на? Ин баҳс расонаҳо ва рӯзноманигорони тоҷикиро  дар ду сангар қарор дод. Тамоюле, ки чанд сол пеш расонаҳои Тоҷикистонро ба ду сангар: мустақил ва давлатӣ ҷудо мекард, аз нав эҳё шуд. Ин бор ба фарқ аз пештар бархе расонаҳои мустақили рӯ ба ҳукумат дар муқобили расонаҳое қарор гирифтанд, ки дар мавриди COVID-19 бештар иттилоъ медоданд. Ба ҷуз ин фабрикаи ҷавоб”аз қабл фаъолтар шуда, алайҳи расонаҳо ва рӯзноманигорони ҷудогонаи онҳо матлабҳои саропо пур аз туҳмату буҳтонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо паҳн кард.

Зуҳури вируси куруно ё бемории COVID-19 дунёро вориди як марҳилаи нав кард ва тамоми расонаҳо аз оғози пайдоиши он дар бораи он мегуфтанд. Ин вирус то имрӯз ба тамоми кишварҳои ҷаҳон сироят карда буд, ки ба ҷуз 20 давлат, ки Тоҷикистон ҳам  то дируз шомили ин 20-гона буд. Дар торихи  30 апрели соли 2020, ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ мавҷудияти он ва гирифтории 15 нафарро ба ин беморӣ расман тайид кард. Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ВОЗ)  мегуфтанд, ки мавридҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ дар Тоҷикистон расман сабти ном нашудааст.  Ҳарчанд мавридҳои зиёди илтиҳоби шуш ва марги наздик ба 20 нафар аз ин беморӣ дар Душанбе ва Суғд  алакай эътимоди шаҳрвандонро ба иттилооти расмӣ коста буд.

Расонаҳо дар Тоҷикистон рисолатии аслии худ – огоҳонидан ё иттилоъ расонданро баъди шуйуъи вирус бештар карданд. Аз ҳама беш дар ин замина Радиои “Озодӣ” ва “Азия-плюс” хабаррасонӣ мекарданд. Ин расонаҳо аз нахустинҳо шуда дар мавриди онҳое хабар медоданд, ки бистарӣ мешуданд ва ташхиси табибон онҳоро илтиҳоби шуш ё дигар бемориҳори роҳҳои нафас таъин менамуд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Вазорати корҳои дохилӣ дастурдиҳии ҳайати шахсии Бригадаи махсуси (тамизкунӣ) оид ба дезинфексия гузаронида шуд, 30 апрел, mvd.tj

“Ҷанги расонаӣ” миёни расонаҳо ва рӯзноманигорони тоҷик баъди нашри ин матлаби Радиои Озодӣ – “Пас аз марги марди 60-сола беморхонае дар Суғд зери карантини шадид гирифта шуд”, шуруъ шуд.

Радиои Озодӣ шаби 5.04.2020 дар ин матлаб дар мавриди як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки гӯё бо “нишонаҳои эҳтимолии коронавирус” мурда бошад. Дар ин хабар ҳамчунин аз “ бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд” низ гуфта мешуд  ва омада буд, ки“ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт”. Ин гузоришро,  ки Озодӣ дар такя бо манобеи худ таҳия карда буд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангома барпо кард. Бархеро номи линки ин гузориш шигифтзада карда буд, ки дар он ибораи “ozodi.org/a/нахустин-мавриди-коронавирус-дар-тоҷикистон/30532665.html”омада буд. Баъди ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо алайҳи “Озодӣ” аз ҷониби намояндаҳои гуногун шуруъ шуд. Фавҷи матлабҳои фабрикаи ҷавоб ба фейсбук сарозер шуд. Бархе аз рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки “Озодӣ оташ зада шавад”, “баста шавад” ва ғайра.

Ба дунболи ин гузориши Радои Озодӣ Вазорати тандурустӣ, хусусан вазири тандурустӣ бори аввал баъд аз шуйъи вируси куруно дар ҷаҳон изҳороти расмӣ нашр кард, ҳарчанд даргузашти сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро тасдиқ намуд, вале вуҷуди вируси куруно дар Тоҷикистонро рад кард. Ҳамчунин хабарҳои нашршударо низ беасос донист. Расонаҳои дигар ба сурати бесобиқа, бо такя ба изҳороти Вазорати тандурустӣ, дар ради ин хабар матолиб нашр кардан гирифтанд. Аз ҷумла, АМИТ “Ховар”: “То 6 апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст-изҳороти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ”, Sputnik-tj “Вазорат рад кард: дар бемористони Ҷаббор Расулов нишонаҳои коронавирус дида намешавад.”

Шабакаҳои телевизионии давлатӣ навори вазири тандурустиро такрор ба такрор намоиш медоданд, ки мегуфт :“Дар Тоҷикистон вирус корона ба қайд гирифта нашудааст”. Нашрияи “СССР” дар шумораи 8-уми апрели худ вобаста ба гузориши Радиои Озодӣ матлаби сардабирро бо номи“Ҳангома ё дурӯғ, сенсатсия ё иғво???”  нашр намуд. Сайёфи Мизроб дар ин матлабаш фаъолиятҳои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ-ро  таҳлил намуда, чунин хулоса мекунад: “-Радиои Озодӣ усулан радиои тафриқаандоз аст ва барои кишварҳое пахш мегардад, ки Амрико дар онҳо душмани эҳтимолӣ (потенциальный противник)-ро мебинад!”.

Ҳарчанд дар изҳороти Вазорати тандурустӣ, “Ховар” ва расонаҳои дигар ба матлаби Озодӣ ишораи мустақим вуҷуд надошт ва танҳо гуфта мешуд, ки “хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ”, аммо дар матлаби “СССР” ин гузориши “Озодӣ” дурӯғ номида шуда, муаллиф менависад: “Ситаме, ки радиои Озодӣ бар ҳамёни бе ин ҳам тиҳии миллати Тоҷик кард, на дар ину на дар он дунё нобахшиданист! Вале Озодӣ ҳатто барои ин дурӯғаш, ки оҷилан Раёсати тандурустии вилояти Суғду сипас худи Вазири тандурустии ҶТ-Насим Олимзода рад карданд, бахшиш напурсид!!! Ва медонед чаро? Зеро миссияи бахши тоҷикии радиои Озодӣ маҳз ҳамин буд-бо дурӯғ, ҳангомаи набуда, вазъро буғранҷ кардан ва ба гуфтаи русҳо «им плевать на наши проблемы!”.

“СССР” дар шумораи 29-апрелии худ низ ба ин мавзуъ дубора баргашта, сардабир дар матлаби “Коронавирус ва картошка” нисбати амалкардҳои Радиои Озодӣ чунин менависад: “Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор, Кӯри зи модар омада бино намешавад!Ба назар мерасад, ки миёни  расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва Давлати Тоҷикон 1 навъ сабқат рафта истодааст:

-Аввалиҳо бояд коронавирус ёбанд;-Ахириҳо бояд онро рад созанд!

Вазъ ҳамингуна давом ёбад, дур нест соате, ки бо амри Прага ягон корманди Радиои Озодӣ худро ё мубтало созад ва ё эълон намояд, ки гирифтори ин вируси марговар гардидааст. Зеро дигар роҳе барои ҳалли ин баҳс нест…Эй, мардум! Коронавирус пандемия шудаасту ҳатман, хоҳем-нахоҳем, рӯзе не рӯзе, моҳе не моҳе, соле на соле дар мо ҳам пайдо мегардад. Вале шахсан маро дар ин моҷаро, кӯшишу талоши ҳамтоҳоям ҳайрон кардааст, ки коре дигар ҷуз ин надоранд, то мурдагонро кофтаву далелу ҳадс зада, мардумро ба таҳлука оваранд. Ҳоло инҳо роҳи дигари ваҳмонидан ифшо намудаанд: ҳар нафаре мурд, коронавирусаш хондан кам буд, ки дурӯғ менависанд, ки хешу табори онҳо низ фавтидааст. Табиист, ки мардуми ом ҳадаҳа бовар мекунад, ки раз инашу мурду сипас он хешаш, пас ин чист? Оре, аккурат, коронавирус…

Оё ин лже-журналистон намедонанд, ки ҳар гузоришашон паника мезояду бар нархи бозорҳо меафзояд?”.

Вазорати корҳои дохилӣ дастурдиҳии ҳайати шахсии Бригадаи махсуси (тамизкунӣ), mvd.tj

Рӯзи 6-уми апрел “Ховар” дар бахши русияш матлберо бо номи “«У КАЖДОЙ СТРАНЫ – СВОИ ПРАВИЛА». Заметки журналиста НИАТ «Ховар» по поводу письма главы Радио «Озоди» Министру иностранных дел Таджикистана” нашр кард. Дар ин матлаб Шогуна Собир (духтари Бозор Собир), муҳаррири бахши инглисии ин сомона  ба номаи президенти Радиои Озодӣ, ки ба вазири корҳои хориҷӣ навишта буд ва шикоят карда буд, ки хабарнигорони моро дар заминаи расонидани хабарҳои марбут ба будан ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор медиҳанд, посух додааст. Дар ин нома Шогуна Собир Радиои “Озодӣ”-ро ба эҷоди воҳима, хабаррасонии бардурӯғ ва анҷоми рисолатҳои дигар муттаҳам кардааст. Ҷолиб ин аст, ки ин матлабро рӯзҳои 6-7.04.2020 тамоми сомонаҳои ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва донишгоҳҳову мақомоти давлатӣ нашр намудаанд.

Аммо баҳсҳои калон миёни рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ давом дошт. Бархе даъват мекарданд, ки Радиои Озодӣ баста шавад. Хусусан баъди он ки Вазорати тандурустӣ марги сокини Ҷаббор Расулов аз коронавирусро рад кард, ин гуна баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуд.

Ҳамаи ин раванд боис шуд, ки Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 16-уми апрел дар ин маврид Муроҷиатномаи махсус нашр намояд. Дар ин Муроҷиат Шӯрои ВАО аз расонаҳо ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон даъват мекард, ки ҳангоми расонидан ва нашри хабарҳои марбут ба коронавирус меъёрҳои касбиро риоят кунанд: “Аз ин рӯ, Шӯро аз ҳамаи расонаҳову рӯзноманигорон даъват мекунад, ки дар ин шабу рӯзи барои тамоми кураи замин душвор пойбанд ба хабаррасонии бомасъулият, ҳақиқатнигорӣ ва бетарафиву беғаразӣ бошанд. Аз пахшу нашри матлабу хабарҳои бардурӯғ (фейк), носанҷида, нотаъйидшуда, ғайрирасмӣ ва носаҳеҳ худдорӣ кунанд. Расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро танҳо ва танҳо ба сифати минбаре барои ҳақиқатёбӣ ва халосии мардум аз ин бемории ҳамагир истифода кунанд”. Дар ин муроҷиати Шӯрои ВАО инчунин гуфта мешуд, ки “Ҳамчунин Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз ҳамаи ниҳодҳои масъули давлатӣ ва ҷамъиятӣ даъват мекунад, ки кору заҳмати расонаҳову рӯзноманигоронро дар муқовимат бо короновирус кам нагиранд ва ба ҳуқуқи дастрасии ҷомеаи журналистӣ ва шаҳрвандон ба иттилоот арҷ гузоранд, ба фаъолияти ҳирфаии расонаҳову рӯзноманигорон монеа эҷод накунанд, аз иқдомҳое мисли фосилагирӣ ва фурсатталабӣ парҳез кунанд, то боиси дар ҷомеа паҳн гардидани тахмину фарзияҳои беасос нагардад”.

Аз ибтидо ва то кунун дар фаъолияти расонаӣ вобаста ба расонидани хабарҳои марбут ба вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон ду раванд мушоҳида мешавад:

  1. Расонаҳое, ки иттилои дасти аввалро вобаста ба ин мавзуъ пайгирӣ ва ба мардум нашр менамоянд. Онҳо бо истифода аз манбаъҳои худӣ, шабакаи хабарнигорон ва дигар манбаъҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ин иттилоъро дарёфт ва пешниҳод менамуданд. Дар ин росто беш аз ҳама Радиои Озодӣ ва “Азия плюс” пешсаф буданд;
  2. Расонаҳое, ки дар таъйид ё ради иттилои гуруҳи аввал кор мекарданд. Аз ҷумла АМИТ “Ховар”, “Спутник Тоҷикистон”, шабакаҳи телевизионии давлатӣ ва ғайра.

Мавҷи дубораи “ҷанги расонаӣ” миёни “сангарҳо” баъди 20-уми апрел шуруъ шуд. Ҳарчанд то ин замон хабарҳои бо илтиҳоби шуш бистарӣ шудани нафарони зиёд ва ҳатто чеҳраҳои саршинос нашр мешуд ва баҳси будан ё набудани ин беморӣ идома дошт, 22-юми апрел расонаҳо бо таъйиди мақомот хабар доданд, ки 4 нафар имрӯз аз илтиҳоби шуш даргузаштааст. Фардои он рӯз “Азия плюс” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дар беморхонаи маъруф ба “Якум советский” 3 нафари дигар аз илтиҳоби шуш даргузаштаанд. Ба дунболи “Азия плюс” сомонаи “Pressa.tj” аз қавли муовини вазири тандурустӣ Саида Умарзода навишт, ки ин муовини вазир марги се нафари дигарро тасдиқ мекунад.

Баъди чанд лаҳза ин сомона таъбири “тасдиқ кард”-ро бо “рад кард” иваз намуд. Аммо Азия плюс гузориши худро бе тағйир гузошт. Нашри ин хабарҳо вокуниши шадиди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бор овард. Намояндагони Маркази матбуоти ин вазорат дар Фейсбук билофосила ин хабарҳоро рад карданд. Вазорат дар сомонааш изҳороти “Нигаронии шадиди вазорат аз нашри хабарҳои беасоси баъзе расонаҳо”-ро нашр намуд. Дар ин изҳорот Вазорат сомонаҳои “Азия плюс” ва “Пресса.тҷ”-ро ба нашри  ин хабарҳо ва расонаҳои дигарро “комилан беасос ва ғайрикасбӣ” номид. Дар ин баёния Вазорат ба рӯзноманигорон таҳдид намуда, гуфта буд, ки дар сурати идомаи нашри хабарҳои беасос онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекунад: “Чунин нодида гирифтанҳо ва нарасидан ба ин талошҳои шабонарӯзии кормандони  соҳаи тандурустӣ аз ҷониби баъзе расонаҳо ва журналистон ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин хулоса овардааст, ки минбаъд ҳар расона,  афроди алоҳида ва хабарнигореро, ки маълумоти носанҷидаву бардурӯғро дар байни аҳолӣ оид ба пайдоиш ва ё хурӯҷи коронавирус паҳн менамояд, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад”.

Алайҳи расонаҳо ва рӯзноманигорон фабрикаи ҷавоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуд. Аз ҷумла бар муқобили рӯзноманигори “Азия плюс” дар фейсбук ва шабакаҳои иҷтимоӣ навореро паҳн намуданд. Дар ин навор талошҳои хабаррасонии ин хабарнигор вобаста ба шуйуъи коронавирус мавриди интиқоди сахт қарор гирифта, ӯро “ватанбезори дарватанбуда” ном мебаранд. Аз ҷумла дар ин навор рӯзноманигор ба сахтарин алфоз таҳқир мешавад: “Абдулло Ғурбатӣ, ки таркиби номаш ба беватанӣ ишора мекунад ба сабту интишори ҳар гуна наворҳое машғул гаштааст, ки аз як тараф ба аҳмақӣ, пастӣ ва сифлагии ӯ далолат карда…”. Дар охири ин навор аксҳои Ғурбатӣ ҳатто бо шеваҳои таҳқиромез фотошоп шудаанд.

mvd.tj

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори варзида низ аз ин “сангаргирӣ”-и ҳамкасбон дар як матлабе дар блогаш рӯзи 27-уми апрел изҳори нигаронӣ карда, менависад “дар ҳамон матолиби “таҳлилӣ” -ашон, ки аз номи “табиб” — у “омӯзгор” -у “сокини пойтахт” нашр мекунанд, ишораи рӯирост доштанд, ки маҳз ҳамон “гурӯҳҳои ифротӣ” ва “журналистони фурӯхташуда” сабаб шуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба набудани коронавирус дар Тоҷикистон бо шубҳа нигоҳ кунанд ва инак як ҳайти махсуси Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба кишвари мо мефиристанд”. Ҳамчунин алайҳи худи Раҷаби Мирзо, ки муассиси гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” низ ҳаст, ин гуна таҳқиру носазогӯйиҳо зиёд нашр шуд.

Бархе аз расонаҳои минтақавӣ, аз номи устодони донишгоҳҳо ва омӯзгорон алайҳи расонаҳо матолиби зиёде нашр намуданд. Аз ҷумла сайти нашрияи “Ҳақиқати Суғд” 10 матлабе аз номи устодони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят  бар зидди “Озодӣ” ва расонаҳои дигар нашр намудааст. Бояд гуфт, ки баҳсҳои дур аз одобу ахлоқи рӯзноманигорӣ миёни рӯзноманигорон мутассифона дар фейсбук бисёр шадид ҷараён гирифт.

Дар ин “сангаргирӣ”-ҳо расонаҳо ва рӯзноманигорон, як асли муҳими ахлоқи рӯзноманигорӣ – ҳамрайъии касбӣ ва беасос иқдом накардан алайҳи якдигарро фаромӯш карда, ҳар касе фурсатталабӣ намуда, далелҳоро таҳлил накарда, бештар шиорпартойӣ карданд.

Ва ниҳоят, чун мавҷудияти вируси куруно дар Тоҷикистон аз суйи манбаҳои расмӣ тасдиқ шуд, эҳтимол дошт, ки “сангарҳо” ҳам аз байн бираванд  ва ҳамлаҳои “фабрикаи ҷавоб” ва мураббиёнашон дигар ба  рушди муҳити расонаӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон халал ворид накунанд.  Вале ҳатто чанд соати баъди эътирофи расмӣ ҳам нишон дод, ки “сангарҳо шеваҳои нави мубориза алайҳи якдигар”-ро ба кор бурда истодаанд. Мутаассифона, тавре мушоҳида шуд онҳо аз ҷоҳое таҳрик низ мешаванд.

Иршод Сулаймони
Иршод Сулаймони
Таджикский журналист, член правления Совета по СМИ Таджикистана, член международного Союза журналистов, лауреат премии имени Абулкосима Лохути — это самая престижная награда в области журналистики в Таджикистане — и премии имени Мазхабшо Мухаббатшоева «За смелость» в журналистике. Автор одной книги и более 250 научных и журналистских статей.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ