ДомойНақди РасонаӣШабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва коронавирус

Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва коронавирус

Телевизион аз замони пайдоишаш то ба имрӯз, хусусан дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, яке аз васоити муҳими иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон низ тибқи оморҳо беш аз 90 %  аҳолии кишвар иттилоотро тариқи телевизион мегиранд, ки ин дар навбати худ   масъулияти шабакаҳои телевизиониро дар пешниҳоди ахбори дақиқ ва саривақтӣ ба аҳолӣ меафзояд.

Таври ба ҳама маълум охири соли 2019 вирусе бо номи COVID-19, ё коронавирус,  дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин пайдо шуд, ки имрӯз аллакай тамоми ҷаҳонро фаро гирифт. То охири моҳи апрел, масъулини кишвар ва намояндагони Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ (Всемирная Организация Здравоохранения) мавҷуд будани коронавирусро дар Тоҷикистон рад мекарданд. Танҳо баъди тасмими сафари расмии намояндагони  СҶТ  , санаи 30-юми апрели соли ҷорӣ, бори аввал масъулин 15 ҳолати бемории вируси COVID-19-ро дар Тоҷикистон тасдиқ карданд. То санаи 6 майи соли 2020 шумораи беморон дар Тоҷикистон беш аз 370 шудаву 8 нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.

Оғоз аз  рӯзи аввали  эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар, қариб тамоми расонаҳои расмию хусусӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди шумораи гирифторони ин вирус маълумот дода истодаанд. Аммо  суол ин аст, ки маълумот то чӣ андоза касбӣ ва пурра  ба аҳолӣ пешниҳод мешавад.

mvd.tj

Ман тасмим гирифтам, ки барои таҳлили барномаҳои телевизионии шабакаҳои тоҷикистонӣ: “Шабакаи аввал”, ТВ “Сафина” ва ТВ “Ҷаҳоннамо”-ро ду рӯз тамошо кунам. Ин се шабака  барои он интихоб гардиданд, ки тибқи як таҳқиқот фарогирии «Шабакаи Аввал» дар ҷумҳурӣ 99,7%, ТВ «Сафина» 77,4%, ва ТВ «Ҷаҳоннамо» 75,7% -ро ташкил медиҳанд. Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки иқтидори иттилоотии ин шабакаҳо хеле зиёд буда, ахборе, ки онҳо пахш мекунанд дар ин шабурӯз барои огоҳии мардум   на танҳо оид ба пешгирӣ аз коронавирус, балки дар мавриди ҳолати умумии кишвар дар мубориза бо ин вирус, хеле муҳим аст.

Санаи 5 май, бо фаъол намудани Шабакаи аввали Тоҷикистон (ТВТ) муддати як соат бештар оид ба олами зериобӣ ва тарзи  бордоршавии (ҳомиладории) бошандагони он, барномае тамошо кардам.

Баъди он тариқи “Ахбор” сужае дар мавриди чӣ тавр худро аз вирус эмин нигоҳ бояд дошт, нишон дода шуда, баъдан дар сужаи дигаре оид ба расидани мошинҳои калони боркашонӣ бо дорувории зарурӣ ба кишвар хабар доданду гуфтанд, ки мардум “набояд ба хабарҳо оид ба камчинии доруворӣ бовар кунанд” (?!). Боз “Ахбор” дар бораи заминларза аз кадом давлате гуфту дар бораи ҷангҷӯёни африқоӣ. Дар маҷмӯъ, барномаи хабарӣ нақши худро бо додани иттилооти дохили кишвар ва ҷаҳон иҷро кард. Барномаи баъдие дар ТВТ бо номи “Салом ҷавонӣ” як сӯҳбате кӯтоҳеро бо духтури оилавӣ нишон дод, ки ӯ ҳам дар мавриди ҳимояи худ ва наздикон аз коронавирус дар маҷмӯъ гуфт. Яъне дар бораи зарурати шустани дастон, қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ ва амсоли ин. Пас аз барномаи мазкур, ролики иттилоотие оид ба тарзи дуруст шустани дастон (бо рекламаи пӯшидаи собуни “абсолют”) ва чӣ кор кардан дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои коронавирус намоиш дода шуд. Пас аз ин барномаҳо, лавҳаи зебое дар бораи табиати кишвар намоиш дода шуду филми ҳунарии дар бораи шоҳдухтари Англия “Диана -қиссаи муҳаббат”. Мавриди зикр аст, ки дар муддати тамоми барномаҳои шабакаи мазкур зернавиште бо иттилоъ оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон нишон дода мешуд.

“Сафина” ва “Ҷаҳоннамо”

Дар ТВ “Сафина” низ баъд аз барномаи яксоатае дар бораи коиноту ҷирмҳои осмонӣ, роликҳои иттилоъдиҳандае  дар мавриди дуруст шустани дастон ва дар хона мондани нафари бемор нишон дода шуд. Тамошои нимрӯза нишон дод, ки дар ин шабака низ баъд аз ҳар як барномаи фароғатӣ ва лавҳаҳои гуногуне дар бораи табиати биҳиштосои кишвар, видеоҳои иттилоотӣ оид ба шустани дастон ва дар хона истодану дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои умумии бемории коронавирус, ба духтури оилавӣ дар тамос шудани шахси бемор, гуфта мешуд. Ба фарқ аз “Шабакаи аввал” дар ТВС зернавишт набуд.

mvd.tj

Ягона шабакаи телевизионе, ки дар он роликҳои  иттилоъдиҳанда оид ба коронавирус дар сатҳи нисбатан касбӣ омода шуда буданд ва ҳам як барномаи фарохтар аз иттилооти умумиро пешкаши тамошобинон кард, телевизиони “Ҷаҳоннамо” буд. Дар ин шабака  нимаи рӯзи 6-ум бо роҳбари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш, доктор Ораш Алоӣ аз шаҳри Ню Ёрки Амрико тариқи скайп cӯҳбати қариб нимсоатае пешкаши тамошобинон шуд. Дар барномаи мазкур оид ба вирус, роҳҳои пешгирии он гуфта шуда, ҷанд нуктаи муҳими зер  таъкид гардид:

  • шаклҳои сабук ва вазнини коронавирус. Дар мавриди аввал нафарони гирифтори СOVID-19 ниёз ба бистарӣ шудан дар беморхона надоранд, чун организми онҳо вирусро ба таври сабук мегузаронанд барои онҳо танҳо дар хона нишастану дигаронро бемор накардан муҳим аст. Бинобаран ба таҳлука набояд афтод.
  • нафароне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дуюмбора гирифтори он намешаванд, инро озмоишҳо тасдиқ кардаанд.

Дар маҷмӯъ, тавсияҳое, ки тариқи шабакаҳои телевизионии тоҷикиситонӣ дода шуданд:

  • Зуд-зуд шустани дастон ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ
  • Дар хона мондан дар ҳолати пайдо шудани таби баланд, сулфаи хушк ва нафастангӣ.
  • Бо духтури оилавӣ дар тамос шудан.

Ана ҳамин се қадами асосиро баъди тамошои дурӯза аз се шабакаи телевизионии Тоҷикистон пайдо кардам. Аммо суолҳое маро то ҳол ба ташвиш меоранд ин аст ки: “Агар нафаре дар деҳа гирифтори вирус шавад, бояд пеш аз ҳама чӣ кор кунад? Ба кадом духтури оилавӣ занг занад? Оё дар ҳама деҳаҳо духтури оилавӣ ҳаст? Ҳамаи сокинони деҳаву ноҳияҳо рақамҳои телефони духтури оилавии худро медонанд? Чаро телефони ягонаи ҷумҳуриявӣ барои ёрии аввалия фаъол нест?…”.

Дар мавриди суоли охир бояд гуфт, ки воқеан ду рақам: 511 ва 311 вуҷуд доранд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ барои маълумотдиҳӣ оид ба COVID-19 фаъол шудаанд, аммо чаро оид ба онҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ намегӯянд? Бояд гуфт, ки дар шабакаҳои телевизионӣ ягон барномаи таҳлилӣ дар ин мавзӯъ дида намешавад ва бинанда ба хулосае меояд, ки шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ба фарқ аз расонаҳои мустақили кишвар, то лаҳзаи охир бовар доштанд, ки вируси мазкур дар Тоҷикистон мавҷуд нест ва нахоҳад омад. Бинобаран барои маълумотдиҳӣ дар ин самт омодагӣ нагирифтаанд.

Воқеан, замоне ки  ин матлаб  омода мешуд, барномаи зикршудаи ТВ “Ҷаҳоннамо” – cӯҳбати ихтисосӣ бо роҳбари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш, доктор Ораш Алоӣ, тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ, ҳатто  аз   ТВ “Баҳористон” ҳам се маротиба дар як рӯз, намоиш дода шуду дар “Шабакаи аввал” оид ба рақамҳои 511 ва 311 гуфта шуд.

Муҳайё Нозимова
Муҳайё Нозимова
Рӯзноманигор, коршиноси ВАО. Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 2004 дар расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ оғоз кардааст. Аз соли 2012 то инҷониб бо таҳқиқоти журналистӣ машғул аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ