ДомойХудомӯзЧигуна давоми ду дақиқа паёми идеалӣ дар Facebook эҷод кардан мумкин аст?

Чигуна давоми ду дақиқа паёми идеалӣ дар Facebook эҷод кардан мумкин аст?

Сергей Штурхетский, раиси Иттифоқи касабаи расонаҳои мустақили Украина, муаллифи дастурҳои саводнокии расонаӣ, ахлоқи журналистӣ ва бехатарӣ ҳангоми ҷаласаи кушоди худ ба ин савол посух дод. Ҷаласаи кушод дар доираи семинари интерактивии саводнокии расонаӣ – Эдютон -2021 доир шуд. Мавзуъи ҷаласаи ӯ «Алгоритмҳои паҳн кардани иттилоот дар расонаҳои иҷтимоӣ» буд, ки сабти онро метавонед аз ин ҷо бубинед. «Новый репортер» иқтибосҳои асосии баромади мураббии расонаии Украинаро ҷамъ овард.

  1. Алгоритмҳо дар бораи арзишҳоанд

Усули беҳтарини муайян кардани аризишҳо ин муайян кардани нишондиҳандаҳое, ки барои одамон дар як вақти муайян хеле муҳиманд.  Аз ин рӯ, мо аз одамон мепурсем, ки суҳбат бо дӯстон ва ё нашри вақти иттилоия то чӣ андоза муҳим аст. Чун одамон боварӣ ҳосил намоянд, ки барои расонаҳои иҷтимоӣ низ арзишҳои онҳо муҳиманд.

Арзиши асосии одамон вақт аст, зеро он бебозгашт мебошад. Агар шумо оилаи худро дар Facebook нишон диҳед, пас Facebook пешниҳод мекунад, ки вақти худро дар расонаҳо бештар бо аҳли оилатон гузаронед. Миёни иттилоияи модаратон ва акси ягон ситора, алгоритмҳо иттилоияи модари шуморо интихоб мекунанд. Чун иттилоияи модаратон ба шумо эҳсоси бештар медиҳад. Маълумоти зиёди саҳифаи шумо дар бораи он касоне мебошанд, ки дар иттилоияашон худи шумо зиёд лайк мегузоред.

  1. Расонаҳои иҷтимоӣ таҳлили луғавии паёмҳоро анҷом медиҳанд

Онҳо калимаҳои триггериро меҷӯянду мебинанд, ки одамон ҳангоми дидани ин иттилоия чигуна эҳсосотро аз сар мегузаронанд. Афзалият эҳсосоти мусбӣ аст. Шумо метавонед барои гуногунрангии эҳсосии калимаҳо барои алгоритмҳои расонаҳои иҷтимоӣ аз абзоре истифода баред, ки маркетологҳо сарукор мегиранд. Калимаҳо ба се гурӯҳ: мусбат, бетараф ва манфӣ тақсим мешаванд. Ҳоло абзор танҳо бо забони англисӣ дастрас аст.

Мураббӣ 100 калимаи манфӣ ва ғамангезро мисол овард,

инчунин 100 калимаи мусбиро.

  1. Матн? Акс? Навор? Ҷараён?

Ақидаҳои мухталифе ҳастанд, ки Facebook онро афзалият медиҳад. Матнҳоро — бале, дӯст медорад. Кӯтоҳ ё дароз? Вақтҳои охир, афзалият барои лонгридҳо аст. Аксҳои шахсӣ низ афзалият доранд, ҳарчанд онҳо ба аксҳои саҳҳомӣ низ содиқанд.

Муҳимтар аз ҳама, тасвирҳои ҳадди аққал 650 пиксела хуш пазируфта мешаванд. Facebook инчунин дӯст медорад, ки корбарон видеоҳои худро мустақиман ба платформа бор кунанд (набалки линки наворро аз YouTube). Инчунин ҷараёнҳоро ин расона дӯст медорад. Ҳамзамон наворҳои таблиғотии на бештар аз се дақиқаӣ ва ё наворҳои одии 5-10 дақиқаина хуш пазируфта мешавад. Ҷараёнҳоро дар смартфон сабт кардан кофист.

Вақте як иттилоия дар Facebook ҳар чи бештар репост карда мешавад, расонаи иҷтимоӣ онро шубҳанок қабул мекунад.

  1. Чигуна давоми ду дақиқа паёми идеалӣ дар Facebook эҷод кардан мумкин аст?

Формулаи паёми иделӣ чунин аст: «Матн + акс + эҳсосот + макон + мардум». Боз беҳтар аст, ки иттилоия аз навор ё стрим иборат бошад. Алгоритмҳо ба намоиши муҳтавои видеоӣ афзалият медиҳанд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ