ДомойХудомӯзАбзорҳои онлайнӣ барои ташкили супоришҳои интерактивии саводнокии расонаӣ

Абзорҳои онлайнӣ барои ташкили супоришҳои интерактивии саводнокии расонаӣ

Татяна Голубтсова, сармуҳаррир, ношири маҷаллаи “Выбирай.Астана.Караганда” ва муаллифи нахустин бозии трансформатсионии саводнокии расонаӣ — MediaJungle дар бораи абзорҳое нақл кард, ки барои эҷоди сканвордҳои интерактивӣ, кроссвордҳо, кортҳо ва квестҳои саводи расонаиву рақамӣ кӯмак мекунанд.  Татяна қисса кард, ки ҳамаи абзорҳо аз рӯйи як сохтор кор мекунанд ва истифодабарии он сохторҳо ба ҳам монанданд. Ҷаласаи коршинос дар доираи семинари инноватсионии MediaCAMP Эдютон 2021 доир шуд.

Learnis — абзор барои ташкили бозиҳои интерактивӣ

Корбарон дар ин платформа ҳатто бидуни малакаҳои барномасозӣ бо истифода аз қолабҳо метавонанд квестҳои мукаммали таълимӣ, тестҳо ва бозиҳои интеллектуалии онлайнӣ эҷод кунанд. Абзор ба забони русӣ аст ва барои фаҳмидани он дар сомона наворҳои омӯзишӣ бо дастурҳои истифодаи шаблонҳо мавҷуданд. Бозиҳоро дар машғулиятҳои гурӯҳӣ, инфиродӣ ва ё дар ҳама гуна фанҳои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 истифода бурдан мумкин аст.

Quizlet.com — абзор барои сохтани кортҳои интерактивӣ

Абзори онлайни Quizlet.com барои сохтани кортҳои интерактивии забонҳои хориҷӣ, таърих, математика ва дигар фанҳо истифода бурда мешавад. Масалан, Татяна Голубтсова истифодаи ин абзорро барои сохтани кортҳои интерактивии саводнокии расонаиву рақамӣ тавсия медиҳад. Абзор бо забони англисӣ аст. Аммо хеле содаву фаҳмо мебошад.

learningApps.org — абзор барои эҷоди супоришҳои интерактивӣ

LearningApps.org барои эҷоди супоришҳои интерактивӣ аз рӯйи модул хеле мувофиқ аст. Шаблонҳои тестӣ, квизҳо, викторинаҳо аз фанҳои гуногун — забонҳои хориҷӣ, таърих, математика ва ғайра мавҷуданд, ки барои аудиторияи гуногун пешбинӣ шудаанд. Версияи барнома бо забони русӣ аст ва инчунин намунаҳои тайёри машқҳои гуногуни интерактивӣ мавҷуданд, ки шумо метавонед онҳоро барои худ мутобиқ кунед.

Onlinetestpad.com — абзор барои ташкили санҷиши интерактивӣ

Onlinetestpad.com дорои сохторҳои тестӣ, пурсишҳо ва кроссвордҳое мебошад, ки он сохторҳо ҳамчун қолаби эҷоди маводи интерактивӣ истифода карда мешаванд. Абзорро бо забони русӣ истифода бурдан мумкин аст. Илова бар ин, наворҳои омӯзишие мавҷуданд, ки ба корбарон дар муайян кардани он кӯмак мекунанд.

Ҷаласаи таълимии Татяна Голубтсова барои ширкаткунандагони MediaCAMP Эдютон-2021 баргузор гардид. Соли равон ин чорабинӣ тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва дар он тимҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки  аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ