Рӯзи 30 юми март дар доираи Мактаби филмҳои мустанад, мураббиён, коргардонҳои филми мустанад Шаҳида Тулаганова ва Елена Демидова дар мавзӯъи “Логлайн, конспект, тизер ва трейлер чист? Барои чӣ ва чӣ гуна кор мекунад» мастер-класс доир карданд. Бо истифода аз намунаи кори худ, онҳо ин мафҳумҳоро ба иштирокчиёни мактаб фаҳмониданд. “Новый репортер” муҳимтарин иқтибосҳои мутахассисонро гирд овард.
— Логлайн гуфта, ин бо як ё ду ҷумла фаҳмонидани мафҳуми филмӣ аст. Ин барои таваҷҷӯҳи продюсеронест, ки шумо барои филми худ барои маблағгузорӣ муроҷиат мекунед. Онҳо вақту таваҷҷӯҳи кам доранд ва бояд бо ин усули маркетингӣ бо онҳо дар робита буд. Логлайн хеле муҳим аст, алалхусус барои шурӯъкунандагон. Агар шумо дарк кунед, ки қиссаи шумо дар бораи чӣ аст, дигарон низ мефаҳманд. Инчунин, забони англисиро омӯзед. Ҳама дархостҳо барои ҷашнвораҳо бо забони англисӣ навишта шудаанд ва бо он забон гуфтушунидҳои зиёд гузаронида мешаванд.
— Синопсис – вақте шумо дар бораи заминаи мушкилоте, ки мехоҳед ошкор созед, муфассалтар сӯҳбат мекунед. Шумо бешубҳа бояд посух диҳед, ки чаро ҳикояи шумо беназир асту танҳо ба он дастрасӣ доред, чаро шумо шахси дурусти таҳияи ин филм ҳастед? Синопсис — ҳадди аксар аз чор сархат иборат аст ва зиёд бошад, ҳеҷ кас намехонад. Имрӯзҳо, низ иҷозат дода мешавад, ки барои муаррифии қаҳрамонони худ ба синопсис аз як то се акс илова кунед. Ин хеле муҳим аст, зеро вақте шумо барои грантҳо дархост мекунед (онҳо дар саросари ҷаҳон бисёранд, онҳо марҳилаҳои гуногуни равандро маблағгузорӣ мекунанд), шумо дархостҳои азимро дар интернет пур мекунед. Мардум онҳоро тамошо карда, дарк мекунанд, ки шумо ҳама чизро фикр кардаед.Қаҳрамонони шумо кистанд, шумо ба онҳо чӣ гуна дастрасӣ доред, нақшаи молиявии шумо чӣ гуна аст, паҳнкунандагони эҳтимолии шумо кистанд. Дар он ҷо рақобат зиёд аст. Ҳар қадаре ки шумо вазифаи хонагӣ дошта бошед, ҳамон қадар имконияти гирифтани маблағ зиёдтар мегардад.
— Тизер ва трейлер барои он лозиманд, ки то мардум тавонанд визуалӣ қаҳрамони шуморо шиносанд ва дар бораи филми шумо тасаввурот пайдо кунанд. Ин танҳо ба шумо лозим аст, ки назди продюсерон барои питчинг муроҷиат кунед. Дар тизер шумо нишон медиҳед, ки филми шумо чӣ гуна визуалӣ иҷро карда мешавад. Трейлер дар бораи он аст, ки қиссаи филми шумо дар бораи чӣ аст. Трейлер тизер нест. Дар он шумо нишон медиҳед, ки барои дӯхтани либос кадом нақшҳоро истифода хоҳед кард. Ин ба монанди бозор аст: шумо бояд маҳсулоти худро нишон диҳед, харидорро фиреб додан мумкин нест.
— Ба як коргардон ҳеҷ кас маблағ намедиҳад, тими корӣ лозим аст — коргардон, продюсер ва ғайра.Пеш аз офаридани филм, шумо бояд тасаввур кунед, ки универсалии он дар чист (чаро он барои ҳама ҷолиб аст) ва хусусияти ин қисса дар кишваратон чӣ гуна аст. Баъзан, инчунин тритменти пешакӣ муҳим аст, то мардум филмро ҳангоми хонданашон тасаввур кунанд. Ҳамаи ин метавонад дар шиносномаи филм, дар ҳуҷҷати Word сабт карда шавад.
Шоҳида Тулаганова, рӯзноманигори муқими Лондон аз Ӯзбекистон аст. Вай солҳои дароз дар BBC-и Лондон, “Радиои Озодӣ” дар Прага фаъолият кардааст. Солҳои охир, ӯ ҳамчун як рӯзноманигори мустақил дар гармтарин нуқтаҳои ҷаҳон кор мекунад.
Елена Демидова коргардон, оператор, муҳаррир ва продюсери рус аст. Таҳсилоти аввалро дар — МВТУ ба номи Бауман, маълумоти коргардонӣ дар мактаби филмҳои мустанади Internews (коргоҳи Марина Разбежкина). Узви Гилдияи филмсозони Федератсияи Русия ва Гилдияи филмҳои бадеӣ. Аз соли 2006 инҷониб вай зиёда аз 10 филми мустанадро ба навор гирифтааст.
Рӯзи 10 уми март “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ» оғоз шуд. Машғулиятҳои назариявӣ то 15 уми апрел, дарсҳои амалӣ ва дастгирии мураббигӣ то 25 уми июн идома меёбанд. Дарсҳои мактаби онлайнӣ, дар платформаи Zoom баргузор мешаванд. Забони таълимӣ русӣ аст. Ҳамзамон тарҷума ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад. Барои иштирок дар мактаб коргардонони ҷавон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интихоб карда шудаанд. Дар аввал ширкаткунандагон шаш ҳафтаи таълими пуршиддат бо коргардонони машҳури филмҳои мустанад ва мураббиёни байналмилалӣ, супоришҳои хонагӣ, семинарҳо, намоиши филмҳо ва мубоҳисаҳо хоҳанд дошт. Баъдан, ду моҳи наворбардориву танзим, таҳияи филми мустанад таҳти роҳбарии мураббиёни мактабро бар ӯҳда доранд.
Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.