ДомойМедиалентаБарои филми мустанад аз куҷо пул ёбем? Мубоҳисаи мутахассисон дар Мактаби филмҳои...

Барои филми мустанад аз куҷо пул ёбем? Мубоҳисаи мутахассисон дар Мактаби филмҳои мустанад

6 — уми апрел дар чорчӯби “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ”, бо иштироки коргардонҳои филмҳои мустанади Осиёи Марказӣ — Элёр Неъматов (зодаи Ӯзбекистон, дар тамоми Осиёи Марказӣ лоиҳаҳо таҳия мекунад), Исмоил Зибай (Тоҷикистон), Катерина Суворова (Қазоқистон), Маҳпора Киромова (Тоҷикистон), ҳамчунин ҳамоҳангсози ҷашнвораи Clique Film Festival ва Qara Film Festival Дана Сабитова (Қазоқистон) як мубоҳисаи тахассусӣ баргузор гардид. Суханронон аз таҷрибаи дарёфти маблағ барои таҳияи филмҳои мустанадашон дар марҳилаҳои гуногун ва инчунин, перомуни роҳҳои (лайфхакҳои) таблиғу пешбурди онҳо қисса карданд.

«Кино ба ман ваколат доданро омӯхт»

Элёр Нематов (Ӯзбекистон), документалист ва аксбардор, муаллифи лоиҳаҳои мустанади «Я — иностранец», «Папа придёт завтра», «Моё имя женщина», «Чабаны и кошоки», «Дети Бухары».

— Кори ман болои филме, ки ба ҳаёту марги Азимҷон Аскаров — мудофеи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, идома меёбад. Ӯ 10 солро дар маҳбас гузаронда баромад, алайҳи вай пас аз муноқишаҳо дар Ҷалолобод парванда сохта шуд. Ман дер боз мехостам дар бораи ӯ филм таҳия кунам. Дар ҷустуҷӯйи таҷҳизот ва маблағ будам, ки ӯ ногаҳон аз олам даргузашт. Аз ин рӯ, филм аз он сар мешавад, ки писаронаш тобуташро бо мошин аз Қирғизистон ба Тошканд мебаранд. Ман чунин мешуморам, ки аз ҷониби ман иштибоҳе буд. Ман оғози ин лоиҳаро зиёд ба таваққуф гузоштам.

Ин як лоиҳаи омӯзишие мебошад, ки дар доираи дастури ягона ба навор гирифта шудааст. Аслан ба ман 3000 доллари ИМА маблағ доданд. Ин буҷа барои ба навор гирифтан дар як шаҳр буд. Дар асл, лоиҳаи ман байналмилалӣ шуд: ман филмро дар Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ба навор гирифтам. Вақте маблағ тамом шуд, онҳо боз ба ман пул доданд.

Ман ба таҳияи ин филм ҳамчун аксбардори маъруф ва ботаҷриба шурӯъ кардаам. Ва ин аввалин таҷрибаи ман дар таҳияи филми мустанад буд. Ман медонам, ки дар куҷо тасвирҳоро бояд ҷойгир кунам: Guardian, Telegraph, Le Monde, The Wall Street Journal, Meduza, вале ман намедонистам, ки чӣ гуна филмро таҳия, наворбардорӣ ва таблиғ кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ман ба таҳсил шурӯъ намудам ва кӯшиш кардам, ки мустақилона бо ин кор машғул шавам. Мустақиман бо истеҳсолкунандагон сӯҳбат кунам. Ман қаблан намедонистам, ки питчинг чӣ буд, вале дар ин ҷо фаҳмидам. Дар аввал ман танҳо кор мекардам. Вале филми мустанад ба ман омӯхт, ки ваколати баъзе корҳоро ба дигарон диҳаму на ҳама корро худам анҷом диҳам. Баъд аз ин ҳама равандҳо се маротиба тезтар шуданд.

Дар Тоҷикистон якчанд роҳи дарёфти маблағ барои филм вуҷуд дорад. Дар озмунҳои грантии маркази фарҳангӣ, Интернюс, Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад иштирок кардан лозим аст. Инчунин, маблағро аз сафоратхонаҳо, атташеҳои фарҳангӣ ёфтан мумкин аст. Агар шуморо яке аз сафоратхонаҳои Аврупо дастгирӣ кунад, пас сафорати дигари Аврупо метавонад ба он ҳамроҳ шавад. Агар мавзӯъ иҷтимоӣ бошад, эҳтимоли гирифтани грант бештар аз мавзӯъи шахсӣ мебошад.

Ман шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва хусусии Тоҷикистонро манбаи маблағгузорӣ гуфта наметавонам. Онҳо намегузоранд мавзӯъро тавре ки ман мувофиқи мақсад мебинам, кушоям. Аммо шумо метавонед бо онҳо дар бораи дастгирии маъмурӣ гуфтушунид кунед. Дар мо одамони камерадорро чандон дӯст намедоранд, вале бо шаҳодатномаи шабакаи телевизионӣ муносибат дигар мешаваду имконот бештар.

«Пул метавонад аз ҳар куҷое ояд»

Катерина Суворова (Қазоқистон), муаллифи филми мустанади «Завтра море».

— Пули хусусӣ барои таҳияи филмҳои мустанад мавҷуд аст, руҳафтода шудан шарт нест. Умуман, ҳама метавонанд пул диҳанд — ҳатто бибиатон ҳам. Одам метавонад пул диҳад, агар қиссаи шахсии ӯ бо идеяи лоиҳаи шумо рост ояд. Дугонаи ман дар тарабхонадорӣ фаъолият мекунад ва роҳбараш ба лоиҳаи ман таваҷҷӯҳ пайдо кард. Вале кор барор нагирифт. Ман инро барои он мегӯям, ки шумо фаҳмед, ки пул метавонад аз ҳар куҷое ояд.

Барои филми «Завтра море» ман аз  Олмон маблағ гирифтам. Агар пул аз Олмон бошад, пас дар титрҳо чунин нишон дода мешавад: кишвари филмбардорӣ — Қазоқистон, кишвари истеҳсолкунанда — Олмон. Барои ман аз ҷиҳати сиёсӣ муҳим буд, ки Қазоқистон дар байни истеҳсолкунандагон бошад. Аз ин рӯ, ман дар Қазоқистон маблағгузории иловагӣ ҷустуҷӯ кардам ва пайдо кардам. Ӯ як соҳибкори инфиродӣ буд. Вай бо ду сабаб розӣ шуд: ба ӯ мавзӯъи баҳри Арал ва идеяи ҳамкорӣ бо як бунёди бузурги олмонӣ писанд омад. Дар титрҳо номи ӯ не, балки номи бунёди ба номи ӯ гузошта шуда, омада буд.

Тамоми маблағро якбора аз як манбаъ пурсиданро тавсия намедиҳам. Қисман пурсидан осонтар аст. Ҳамзамон, дар бисёре аз фондҳои калони байналмилалӣ аслан барои филмсозӣ грант мавҷуд нест. Онҳо филмро мустақиман дастгирӣ намекунанд, аммо онҳо метавонанд мавзӯъи таҳқиқоти пешакиро дастгирӣ кунанд. Масалан, шумо метавонед бо Бунёди Мадади Қазоқистон ҳамкорӣ кунед.

Инчунин дар Қазоқистон пулро дар ширкатҳои калон пайдо кардан мумкин аст. Бисёриҳо шӯъбаи иҷтимоӣ доранд, ки шумо метавонед ба он муроҷиат кунед. Масалан, Chevron. Ё имконоти бештар: Институти Гёте, Сафорати ИМА, Интернюс, Фонди Президенти Аввал, Фонди филми Ораз Абишев. Инчунин фондҳои минтақавӣ – “Артдокфест”, ҷашнвораҳои калони филмҳо, платформаҳои калони байналмиллалӣ мавҷуданд.

Ман ҳеҷ гоҳ маблағи давлатиро нагирифтаам. Шумо бояд бифаҳмед: оё омодаед барои давлат кор кунед? Ҳадафи фармоиши давлатӣ — таблиғи кишвари шумо аст. Агар чунин шуда бошад, ки қаҳрамони шумо бо манфиатҳои давлат рост меояд, пас шояд аз ин чизе барояд. Оё таҳияи ин филм барои шумо бехатар аст? Оё бехатарии қаҳрамонони шумо ҳам таъмин аст? Ҳудудро эҳсос кардан муҳим аст. Доштани тавоноии пайдо кардани имконият барои лоиҳаи худ зарур аст, на фармоиши касеро иҷро кардан.

Пулҳои маҳаллиро пайдо кардан осонтар аст. Вақте мо дастгирии молиявии байналмилалиро меҷӯем, бо тамоми ҷаҳон рақобатро оғоз мекунем. Ҳама чиз бо забони англисӣ аст. Дар ин ҷо мо метавонем аз онҳое, ки дар Ғарб таҳсил кардаанд, каме поёнтар бошем: ба мо таълим надодаанд, ки чӣ гуна ғояву фикри худро кӯтоҳу ҷолиб пешниҳод кунем. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ пул тибқи фармон тақсим карда мешуд. Дар мактабҳои филми Ғарб бошад, онҳо инро таълим медиҳанд. Муҳимтар аз ҳама: забони англисиро омӯзед.

Тафаккури истеҳсолкунанда бояд чунин бошад: «Мавзӯъ то куҷо бо фикри пулдиҳанда ҳамсон аст ва оё бо манфиатҳои шахси пулдиҳанда мухолифат намекунад?», «Дар куҷо ва кӣ дастгирӣ карда метавонад?» Шумо ҳар вақте питч менависед, онро барои ҳар як истеҳсолкунандаи эҳтимолӣ аз нав алоҳида нависед. Дар як ҷо гӯед, ки филм хусусиятҳои фарҳангиро ошкор мекунад, дар ҷойи дигар таъкид ба масъалаҳои гендерӣ кунед. Шумо ба касе дурӯғ намегӯед.  Танҳо он лаҳзаҳоеро қайд мекунед, ки манфиатҳоятон мувофиқат мекунанд.

Марҳилаҳои таҳияи филми мустанад аз ин қисмҳо иборатанд: ҷамъоварии маблағ, тавсифи ғоя, таҳқиқот, омодагӣ ба наворбардорӣ, филмбардорӣ, пас аз истеҳсол, садо, таҳрир, таблиғ.

Муаллим ва драматург Марина Разбежкина мегӯяд, ки барои як коргардони навкори филми ҳуҷҷатӣ, ҳадди аққал, як бор тай намудани силсилаи истеҳсолӣ ҳамчун продюссер муҳим аст: ташкили экспедитсия(маблағгузорӣ), тим, таҷҳизот, сӯзишворӣ, таъминот, манзил, хӯрок, муоширати тими корӣ, фазо дар саҳна. Баъдан, дар лоиҳаҳои минбаъда, шахс аз ҳамаи аъзоёни гурӯҳ интизориҳои воқеӣ хоҳад дошт.

Мо ба «Казахфилм» муроҷиат кардем ва ҷавоби рад гирифтем. Дар ҳамин ҳол, нахустнамоиши филм дар ҷашнвораи Локарно баргузор шуд. Ман фикр мекунам, ки барои онҳо ҳамкорӣ накардан бо мо нодуруст ва фурсати аз дастдода буд. Дар таҷрибаи мо, ҳар чӣ филм дар фазои байналмиллалӣ шуҳрат пайдо кунад, таваҷҷӯҳ ба он дар ватан бештар мегардад. «Агар онҳо инро дар Локарно нишон дода бошанд, пас барои мо низ ҷолиб аст», гӯён аксар вақт фикр мекунанд мардум.

«Имрӯз ман барои таблиғи филм бештар харҷ мекардам.»

Маҳпора Киромова (Тоҷикистон), рӯзноманигор ва муаллифи филми мустанади «Мардикор».

— Буҷаи филми мустанади 22-дақиқаинаи ман, ки «Мардикор» унвон дораду дар бораи занони мардикорбозор аст, 5000 доллари ИМА буд. Нисфи пул ба хариди таҷҳизот ва логистика сарф шуд. Дар тими корӣ танҳо ду нафар будем: ман ва наворбардор — танзимгар. Воқеан, дар Тоҷикистон як қатор мавзӯъҳои мамнӯъ мавҷуданд. Масалан, мавзӯъи терроризм. Бо мақомоти давлатӣ мушкил пеш меояд ва грантдиҳанда метавонад рад кунад.

Ман медонам, ки бисёр ҷашнвораҳо талаботе доранд: филм қаблан дар ягон платформа нашр нашуда бошад. Аммо ман ҷонибдори онам, ки мушкилот бояд инҷо ва ҳозир ҳал карда шавад: Ман филмро дар YouTube нашр мекунам. Тамошо ва шарҳҳои филм дар рӯзи аввал дар YouTube хеле муҳиманд. Агар дар тӯли 24 соат филм ҳадди ақал 1000 тамошо, даҳҳо шарҳ ва лайк гирад, пас худи YouTube ба таблиғи он шуруъ мекунад. Аз ин рӯ, кори таблиғотӣ ташкил карда шуд. Филм ҳамзамон дар Facebook нашр шуд. Ҳамчунин постерҳо, тавсифҳо, линкҳо дар гурӯҳҳо ҷойгир карда шуданд.

Тарғиби филм танҳо як маротиба паҳн кардани гиперлинкҳо нест; зарур аст, ки лоиҳа дар шабака муддати дароз «бозӣ» кунад. Аз як линк тамошо чанд рӯз идома меёбад. Ва барои он ки ин қисса тӯлонӣ шавад, фаъолияти пас аз нашрро идома додан муҳим аст. Масалан, мо як маъракаи ҷамъоварии маблағ барои занони қаҳрамони филмро эълон кардем, ки ин таблиғот бо гиперлинки филм паҳн карда шуд. Мо зиёда аз 18000 сомонӣ (тақрибан 1500 доллари ИМА) ҷамъоварӣ карда, дар ин бора навор омода ва нашр кардем. Ҳамзамон, линки филмро замима намудем. Чунин фаъолият ҳафтаҳо идома мекунанд. Ин филмро расонаҳои Тоҷикистон низ дастгирӣ карданд: рӯзи дигар ҳама дар ин бора мавод нашр карданд.

Аз вақти нашр нӯҳ моҳ сипарӣ шуд.  Ҳоло дар як рӯз 50-60 бор тамошо карда мешавад. Дар YouTube филм 160 300 маротиба тамошо карда шуда, канал 1600 муштарӣ пайдо кард. Монетизатсия ҳам оғоз ёфт.

Инчунин дар Facebook ва манбаъҳои дигар, ки филм дар он нашр шуда буд, дидгоҳҳои алоҳида мавҷуданд. Ман барои таблиғ 100 доллари ИМА масраф кардам. Имрӯз ман барои ин мақсад боз ҳам бештар ҷудо мекардам. Дар YouTube таблиғи пулакӣ накардам. Дар Facebook таблиғоти пулакӣ кардам. Дар он ҷо, филмро 70 ҳазор маротиба тамошо карданд. Тақрибан 20 фоизи он аз ҳисоби таблиғи пулакӣ мебошад.

«Филмҳо аз Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба навор гирифта нашудаанд, аммо онҳоро аллакай интизоранд»

Дана Сабитова, ҳаммуаллифи ҷашнвораҳои Clique Film Festival ва  Qara Film Festival.

— Ман ба таҳиягарони филмҳои мустанад тавсия медиҳам, ки филмҳои худро дар ҳама гуна ҷашнвораҳо пешниҳод кунанд. Филмҳои мустанади Осиёи Марказӣ хеле арзишманданд. Онҳо ҳанӯз ба навор гирифта нашудаанд, аммо онҳоро аллакай интизоранд. Зеро дар бораи ҳаёти воқеии минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот кам аст. Ҷаҳон мехоҳад бидонад, ки мо чӣ гуна зиндагӣ мекунем.

Мо, инчунин, барои гузаронидани ҷашнвораҳои филмҳои мустанад маблағ меҷӯем. Ҷашнвораҳои мо аз ҳисоби фондҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ва худи мо, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, мехоҳем бубинем, ки дар минтақаи мо чӣ рӯй медиҳад.

Чизи аз ҳама муҳим барои мо — ташкилотчиёни ҷашнвора ва барои шумо, ҳамчун филмсозон, пайдо кардани тамошобинон аст. Ҷашнвора ҷоест, ки одамон меоянд. Ва дар байни онҳо шояд одамоне бошанд, ки қарор қабул мекунанд ва метавонанд ба мушкилоте, ки шумо дар филмҳои худ мегӯед, таъсир расонанд.

Пештар дар Мактаб ҷаласаҳое, дар мавзӯъи логлайн, синопсис, тизер, трейлеркори гурӯҳӣ, питчинг ва ҷустуҷӯйи маблағгузорӣ баргузор шуда буданд.

Рӯзи 10 уми март “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ» оғоз шуд. Машғулиятҳои назариявӣ то 15 уми апрел, дарсҳои амалӣ ва дастгирии мураббигӣ то 25 уми июн идома хоҳанд ёфт. Дарсҳои мактаби онлайнӣ, дар платформаи Zoom баргузор мешаванд. Забони таълимӣ русӣ аст. Ҳамзамон, тарҷума ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад. Барои иштирок дар мактаб коргардонони ҷавон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интихоб карда шудаанд. Дар аввал ширкаткунандагон шаш ҳафтаи таълими пуршиддат бо коргардонони машҳури филмҳои мустанад ва мураббиёни байналмиллалӣ, супоришҳои хонагӣ, семинарҳо, намоиши филмҳо ва мубоҳисаҳо хоҳанд дошт. Баъдан, таҳти роҳбарии мураббиёни мактаб ду моҳ ба наворбардориву танзим, таҳияи филми мустанад машғул мешаванд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ