Ҳафтаи сипаришуда гузориши асосӣ ба баргузор гардидани маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ки тариқи ҳамаи шабакаҳо тӯли қариб 40 дақиқа пахш гардид. «Тоҷикистон» ғайри ин гузориш чанд маводи дигарро низ пешниҳод намуд, «Сафина» иловатан як гузориши варзиширо ба он зам карду «Ҷаҳоннамо» бошад, танҳо бо пахши ин гузориши расмӣ иктифо кард.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Барнома аз гузориши муфассал дар бораи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд, ки 20 январ таҳти раёсати президенти кишвар ва ҳамзамон Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар наворҳо асосан аҳли толор ва баромадкунандагонро намоиш дода, бо матни пасикадрӣ дар бораи рафти ин чорабинии муҳими давлатӣ хабар доданд.
Аз рӯи нақли овози пасикадрӣ, дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда шуданд ва дар навор нишон доданд, ки чӣ гуна сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва пас аз вай як зумра вазирону роҳбарони мақомоти гуногун дар бораи соҳаҳои худ ҳисобот медиҳанд.
Гузоришгарон ҳангоми омода кардани матлаб кӯшиш намуданд, ки пурра ҳамаи маълумоти дар ҳисобот зикршударо хонда диҳанд, барои ҳамин онро бо наворҳо аз толори маҷлис ва ширкаткунандагони он пур намуданд.
Мутаассифона, дар гузориш баромади синхронии ягон нафар аз баромадкунандагон ва ҳатто президенти кишвар шунавонда нашуд, дар ҳоле, ки аз наворҳо маълум буд, ки он кас дар баъзе маврид пурэҳсос гап мезананду авзои баъзе аз роҳбарону вазирон он қадар хуб нест. Ба ҳар ҳол, дар ин гузориш лаҳзаҳои ҷудогонаи синхронӣ аз рафти маҷлис намерасиданд.
Дар гузориши баъдии аз вилояти Хатлон пешниҳодгардида, ки муаллифаш Худойдоди Раҷаб буд, дар ҳошияи ҷашни истиқлолияти давлатӣ ва панҷсолаи эълом гардидани рушди саноат дар кишвар омодагиҳо дар ин самт намоиш дода шуданд. Дар сужети мазкур роҳбарони сатҳи гуногун аз вилояту баъзе ноҳияҳо баромад намуда, дар бораи дастовардҳои хеш дар ин ҷода, яъне таъсис ва фаъолият кардани корхонаҳои истеҳсолӣ нақл намуданд. Зикр гардид, ки дар Хатлон соли охир 8256 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ сохта шудааст ва роҳбарияти вилоят азм дорад боз даҳҳо иншооту корхонаҳои навро сохта, ба истифода диҳад.
Асосан ин гузориш характери ҳисоботиро дошт, чунки аксари баромадкунандагон дар бораи корҳои кардаашон ва нақшаҳои оянда дар умум гап заданд.
Сипас хабарнигор Маҳмуд Аҳмадзода аз вилояти Суғд дар бораи рушди соҳаи паррандапарварӣ гузориш пешниҳод намуд. Дар он перомуни бунёд гардидани 136 корхонаи паррандапарварӣ дар вилоят ва боз ҳам зиёд намудани шумораи чунин корхонаҳо гап заданд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки аз чанд намуди андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод намудани соҳибкорон боиси рушд намудани ин соҳа гардид.
Инчунин хабар дода шуд, ки ба наздикӣ корхонаи муштараки «Суғдиён-Свердловск» ба кор медарояд, ки дар он парвариши мурғи зотиро ба роҳ хоҳанд монад.
Гузориши охири барнома ба хуруҷи бемориҳои мавсимӣ дар вилояти Бадахшон бахшида шуда, дар он асосан тавсияҳои табибон дар бораи пешгирӣ ва табобат намудани онҳо шунавонда шуд. Аҷиб аст, ки дар бораи зуком, парагрипп, аденовирусҳо ва ҳатто эмкунӣ сухан карданду калимаи «коронавирус»-ро тамоман ба забон наоварданд ва ин дар ҳолест, ки оғози мавҷи сеюми он дар кишвар расман эълон гардида, беморӣ аз нав шиддат гирифтааст.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ба ғайр аз гузориши расмӣ аз ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон дар барномаи мазкур сужет дар бораи баргузор гардидани нахустин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона пешниҳод гардид. Муаллифон чанд лаҳзаро аз бозиҳо байни дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Кирғизистон ва Эрон намоиш дода, дар анҷом зикр намуданд, ки баъди се даври бозӣ дастаи миллии Эрон пешсаф мебошад.
«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Барнома аз ягона гузориш – инъикоси рафти маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Маводи омоданамудаи барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии кишварро дар ин ҳафта тамошо намуда, хулоса кардан мумкин аст, ки журналистон ин дафъа ба истироҳат рафтанд. Агар ҳафтае қабл онҳо маводи гуногунмавзуъро пешниҳод карда бошанд, ин маротиба қариб ки бефаъолият буданд. Чунин вазъият мақоли русии «То густо, то пусто»-ро ба ёд меорад, ки маънояш – гоҳе зиёд ва гоҳе кам аст. Беҳтар мебуд, ки муаллифони барномаҳо фаъолтар мешуданд, чунки тамошобини имрӯза серталаб буда, аз онҳо маводи бештару ҷолибтарро интизор аст.