Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои хабарии ҷамъбастиашон ҳамаи шабакаҳо баробар оид ба аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин таҷлили ҷашни Сада дар кишвар хабар доданд. Дар баробари ин, барномаи «Ҷамъбасти ҳафта»-и ТВ «Сафина» масъалагузориро, ки яке аз рукнҳои асосии журналистика ба ҳисоб меравад, ба миён гузошта, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Дар гузориши аввал, ки аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар пешкаш гардид, дар бораи иштироки сарвари давлат дар аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ — Чин, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, хабар доданд.
Саммит ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуда буд.
Гузориши дигари ин хадамот ба вохӯрии аввалини нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон бахшида шуда буд, ки он низ дар шакли маҷозӣ ду рӯз пас, яъне 27 январ баргузор гардида, дар анҷомаш эъломияи муштарак қабул шуд.
Гузориши навбатии барнома (муаллиф Наврӯзшои Азизулло) ба таҷлили ҷашни Сада, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Фирдавсии пойтахт бо иштироки муовини навтаъйини сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода баргузор гардид, бахшида шуд. Дар наворҳо ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишон дода шуд ва ба гуфтаи муаллифон мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.
Ҳамчунин барои деҳқонон мастер-классҳои мутахассисон оид ба тарзи дурусти шохабурӣ ва башаклдарории дарахтон баргузор гардиданд. Ҳарчанд борҳо дар бобати сӯистифода аз мусоҳибон гуфта бошем ҳам, дар ин гузориш 12 нафар, аз он ҷумла, намояндагони шуъбаҳо ва раёсатҳои кишоварзии мақомоти шаҳру ноҳияҳо, ширкатҳои гуногун, деҳқонон, мутахассисон ва сокинони шаҳр баромад намуда, дар бораи баргузории ҷашн фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд, аммо чун мақоли «кам бошаду хуб бошад», шумораи зиёди мусоҳибаҳо гузоришро рангобаранг не, балки баръакс, сифатан коҳиш доданд, чунки тӯлонӣ буданду суханони ҳама тақрибан яксон буданд.
Дар бораи афзоиши нишондиҳандаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар Нуриддини Қурбон шарҳи телевизионӣ пешниҳод намуд. Мусоҳибаш номзади илмҳои иқтисодӣ Аловиддин Олимов ҳиссаи нишондиҳандаҳои кишоварзиро дар маҷмуи маҳсулоти давлатии кишвар (ММД) 23% арзёбӣ намуда, афзуд, ки он нисбат ба солҳои пешин 6% боло рафтааст.
Гузориш из Бадахшон дар иҷрои хабарнигори дар вилоят буда Тоҷиниссои Файзуллобек ин маротиб ба рушди соҳаи қутоспарварӣ бахшида шуда буд. Бино ба бар гуфтаи муаллиф, шумораи ин намуди чорвои калони шохдор дар кишварамон ба 27 ҳазор сар расидааст. Дар ВАБК асосан қутосро дар ноҳияҳои Муғобу Роштқалъа парвариш менамоянд.
Дар баробари ин муаллиф мушкилоти дурии роҳи Мурғобро то маркази вилоят, ки 311 километр аст, ба миён оварда, афзуд, ки чорвопарварон имконият надоранд, сари вақт гушти қутосро ба мизоҷон дастрас намоянд. Мусоҳибон низ дар баромадҳояшон мушкилоти соҳаро дуруст баён намуданд, аммо бо сабаби набудани зернавис, киву чикора будани эшон номаълум монд.
Дар бораи вазъи муассисаҳои тиббии вилояти Суғд гузориши Равзалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки дар чор соли охир дар қаламрави вилоят 500 иншооти соҳаи тандурустӣ сохтаву таъмир гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар гузориш панҷ нафар намояндаи муассисаҳои давлативу хусусӣ ва корхонаи дорусозӣ баромад карда, дар бораи дастовардҳои худ нақл намуданд.
Гузориши навбатии Таваралии Соҳибназар ба сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон бахшида шуда буд.
Дар стендапи худ журналист роҷеъ ба шароити андӯхтани донишҳои сифатан нав дар мактаби инноватсионии ш. Бохтар нақл намуд, дар баробари ин, аз ин даргоҳ чанд навор пешниҳод гардиданд, ки байни онҳо дар деворҳои таълимгоҳ ҷо кардани баннерҳоро бо аксҳои Стив Ҷобс ва Марк Сукерберг дидан мумкин буд.
Ва мавзуъи гузориши охир ба соҳаи геронтология, мушахассан, ба дарозумрии аҳолии кишвар бахшида шуда буд, ки онро Манучеҳри Сулаймон пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки тибқи стратегияҳои қабулнамудаи Ҳукумати кишвар дарозумрӣ миёни шахсони калонсол 13 сол зиёд гардида, соли 2021 ба 75 сол баробар гардид.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Баъди пешниҳоди ду гузориши расмӣ аз иштироки президенти кишвар дар аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин дар нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, дастандаркорони барнома дар бораи таҷлили Сада дар пойтахт гузориш пешниҳод намуданд, ки каме ҳам бошад, аз гузориши шабакаи «Тоҷикистон» фарқ дошт.
Журналист Наврӯз Сафаров нахуст гузоришро аз қаҳрамон – донишҷӯи пойтахт Орзу Ҳафизов оғоз кард, ки мини-трактор ихтироъ намуда, онро дар намоиши ҷашни Сада муаррифӣ кард. Қайд гардид, ки техникаи донишҷў қобилияти дар як рӯз даравкунии 2 гектар заминро дорад ва он барои осон кардани меҳнати пурмашаққати деҳқонон нигаронида шудааст.
Сипас муаллиф ба таҷлили худи ҷашни Сада гузашта, дар омади гап таъкид кард, ки ин иди қадимаи мо ба ягон қавму дин кор надорад ва ҳамасола дар сартосари кишвар гузаронида мешавад. Сипас, боз қариб ҳамон нафаронеро намоиш доданд, ки дар гузориши «Тоҷикистон» баромад намуда буданд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд аз рӯи қоидаҳои қабулшудаи гузориши классикӣ мо бояд онро аз қаҳрамон оғоз карда, пас аз нишон додани мушкилот ё хабар додани навгонӣ, боз ба субъект баргардем (ба қаҳрамоне, ки аз ў гузориш оғоз шуд), мутаассифона, аз ин рукн истифода нашуд.
Дар бораи саноатикунонии босуръат дар вилояти Суғд бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Осиф Шарифзода ҳафтае пеш гузориш пешниҳод гардида буд. Ин маротиб низ бо каме тағйирот чунин видеообзор пешкаш гардид.
Гузориши Ширинҷон Сафарзода бошад, ба рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ш. Кӯлоб бо баромади шахсони масъул пешниҳод шуд.
Чанде пеш аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузориши танқидӣ пешниҳод гардида буд, ки ба ботлоқзор табдил гардидани заминҳои корам ва ҳолати бади заҳбурҳо дар ноҳия бахшида шуда буд. Бино ба гуфтаи муаллифи гузориш Низомиддин Исоев, 12 шабонарӯз лозим шуд, ки мақомоти дахлдор ба гузориши танқидии шабака вокуниш нишон дода, аз пайи ҳалли мушкилоте гарданд, ки 8 сол боз сокинони деҳкадаҳо ва деҳқонони мавзеъро азият медод.
Дар гузориш масъулин, аз ҷумла, сардори раёсати кишоварзӣ ва сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия сухан ронда, аз иҷрои корҳои тозакунии заҳбурҳо дар муддати се рўзи корӣ «рапорт» доданд. Дар наворҳо кори беисти булдозерҳоро дидан мумкин буд. Чанд нафар аз шикояткунандагон — қаҳрамонони гузориши пештара баромад намуда, аз ҳукуматдорон ва журналистон барои ҳалли мушкилоти чандинсолаашон миннатдорӣ намуданд.
Як нуктаеро низ қайд кардан бамаврид аст, ки муаллифон ҳангоми омода намудани гузориш аз усули «қабл ва баъд» (до и после) истифода бурданд, ки барои тамошобин назаррас буд.
Гузориши навбатии проблемавии барномаи мазкур ба вазъи нохуби аксар осорхонаву ҷойҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд бахшида шуда буд, ки бардоштани ин масъала ҳам бамаврид аст.
Таъкид гардид, ки айни замон ёдгориҳои таърихии мавзеи Ҳазрати Бобо, ки мутаалиқ ба асри 13 аст, дар ҳоли табоҳ аст. Осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода низ дар ҳолати ногувор буда, таъмирталаб аст ва барои обод кардани он ва маҳфуз нигоҳ доштани нигораҳои таърихӣ аз буҷети давлативу вилоятӣ қариб, ки маблағгузорӣ карда намешавад ва ё умуман маблағ хеле кам аст. Бино бар гуфтаи муаллифони гузориш, масалан, барои харидорӣ намудани маводи канселярӣ ҳамагӣ 1000 сомонӣ ($95) ҷудо гардидаст.
«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Барнома аввал ба ду гузориши расмӣ аз нишастҳои аввалини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чину Ҳиндустон оғоз гардида, сипас дар Қасри миллат аз ҷониби сарвари давлат пазируфта шудани шахсоне, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи зинаҳои гуногун таъин гардиданд, намоиш дода шуд.
Баранда ному насаби мансабдоронро як-як хонда, ба кадом вазифа гузаштану аз кадом мансаб барканор шудани онҳоро низ эълон кард, ки дар ҳақиқат, вақти зиёди эфирро гирифт.
Инчунин дар ҳайати роҳбарии чанд мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо тағйироти кадрӣ ба амал омаду кӣ ба чӣ вазифа гузаштанаш низ дар гузориши дигар хабар дода шуд.
Пас аз он гузориш аз ҷашни Сада дар пойтахт пешниҳод гардид, ки муҳтавояш шабеҳи маводи «Тоҷикистон» буд.
Дар бораи фаъолияти филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар гузориши дигар нақл намуданд. Хуршед Умаров, роҳбари филиал қайд намуд, ки барои таъмини саривақтии аҳолӣ бо барқ онҳо 43 зеристгоҳи барқиро таъмир карда ва ё таҷҳизоти кӯҳанро ба нав иваз намуданд. Аммо аз чӣ бошад, имсол ҳам мардуми ин манотиқ аз бебарқӣ азоб мекашад, касе пурсон нашуд.
Гузориши Собирҷони Саид дар бораи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли кишвар аз шаҳри Турсунзода бошад, сужети Мирзоалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд ба сарпарастони литсейҳои касбӣ-техникӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бахшида шуда буданд. Масалан, қайд гардид, ки сарпарасти литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол буда, онҳоро бо таҷҳизот ва техникаи лозима, масалан, мошини боркаш барои таълими хонандагон муҷаҳҳаз намудааст. Боз ба гуфтаи муаллиф, ба ин литсей як нафар депутат ва аз мақомоти вилоят як намоянда ҳамчун куратор – сарпараст вобаста карда шудаанд, аммо маъмурияти асосии онҳо аз чӣ иборат аст ва ин нафарон барои ободии литсей чӣ хизмат карданд, бароямон муаммо монд.