ДомойНақди РасонаӣИхтирои хучи бехор дар Хатлон. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои...

Ихтирои хучи бехор дар Хатлон. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз 20 то 27 феврал

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ асосан гузоришҳои расмиро ба бинандагон  пешниҳод намуданд. Дар баробари ин, дастандаркорони шабакаҳо кӯшиш карданд маводҳои худиро низ пешкаш намоянд, аммо дар ин ҷо низ мавзуъ асосан атрофи оғози  маъракаи ниҳолпарварӣ мерафт. Гуйё кишвар имрӯз бояд танҳо ин мушкилотро ҳал намояд. Дар атрофи вайрон шудани муносибатҳои ду кишвари ба мо бародар – Русияву Украин ягон хабаре пахш нагардид, ҳол он ки мураккабшавии вазъи сиёсӣ ба паст шудани қурби рубли русӣ ва боз ҳам вазнин гардидани шароити кори муҳоҷирони тоҷик мерасонад, ки иқтисоди кишвар аз он сахт вобастагӣ дорад. Кадом масъалаҳо дар барнома баррасӣ шуданд, дар мониторинги навбатии мо бихонед.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Барнома чун ҳарвакта аз блоки ахбори расмӣ оғоз ёфт. Дар аввал роҷеъ ба 22 феврал дар Қасри миллат аз ҷониби президенти кишвар пазируфта шудани ҳайати вакилони Парламенти Аврупо бо роҳбарии Давид Макаллистер хабар дода шуд. Ҷонибҳо вазъияти Афғонистонро низ баррасӣ намуданд.

Дар гузориши дуввум дар бораи ба муносибати 29-солагии қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор гардидани ҷамъомади тантанавӣ дар Қасри Ваҳдат бо иштироки сарвари давлат хабар дода шуд. Ҳангоми гузориши тулонӣ ҷо-ҷо аз суханронии президент порчаҳо оварда шуд.

24 феврал бошад, президент дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доир намуд.

Ҳар ду гузориш монандӣ дошт, чунки на танҳо овози пасикадрӣ, балки наворҳо якмарому шабеҳи ҳамдигар буданд ва ягон навигарие дар бандубаст  надоштанд.

Сипас, аз сафари кории Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе хабар дода шуд. Дар оғоз аз мулоқоти ў бо президенти Тоҷикистон, сипас, бо Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардидани  мулоқот хабар дода шуд. Дар гузориши баъдӣ аз форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» хабар доданд, ки бо иштироки ин ду нафар гузаронида шуд.

Дар суханрониаш Валентина Матвиенко оид ба ҳамкории ду кишвар дар самти омӯзиши забони русӣ ва ифтитоҳи мактабҳо қайд кард. Инчунин ӯ дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон гап зад ва иброз дошт, ки вазъи бо кору фаъолият фарогир намудани онҳо ҳалли худро ёфта истодааст. Аммо мутаассифона, ин нуктаи муҳимро дар гузориши телевизионӣ баррасӣ накарданд. Мо инро аз дигар расонаҳо фаҳмидем.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар анҷоми гузориш Валентина Матвиенко ва Рустами Эмомалӣ бо шароити марказҳои фарҳанги рус дар Тоҷикистон ва бо фаъолияти омӯзгорони мактабҳои русзабон шинос шуда, инчунин дар литсей-интернати президентӣ дар ноҳияи Сино мулоқот намуданд.

Баъди анҷоми бахши расмӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо шарҳи телевизионӣ пешниҳод гардид, ки дар он асосан маълумоти умумӣ ба бинандагон пешниҳод гардид. Коршинос Тағоймурод Ғафурзода бошад, ҳангоми баромадаш гуйё барои талабагони синфи якӯм бошад, содда карда, дар бораи пайомадҳои обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба ҳаёти инсон нақл намуд.

Гузориши Маҳмуд Ализода ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар рушд намудани саноат ва ба ин муносибат сохта шудани 31 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ хабар дода, наворҳоро аз рафти сохтмон дар як қатор мактабҳои навоҳии гуногуни вилоят ва азнавбарқароркунии  Қалъаи Хуҷанд пешниҳод намуд.

Гузориш аз вилояти Хатлон ба рушди соҳаи сайёҳӣ бахшида шуда, дар он низ ба умумигуйӣ роҳ дода шуд. Илова бар ин, яке аз мусоҳибон, Дилшод Шоҳзода, сардори шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иброз дошт, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба фаъолият оғоз намудани сомонаи вилоятӣ оид ба сайёҳӣ бо се забон кумак менамояд. Аммо номаълум монд, ки худи сайёҳони хориҷӣ аз куҷо мефаҳманд, ки дар Хатлон чунин як сомона фаъолият дорад?

Барои рушди соҳаи  ниҳолпарварӣ дар вилояти Суғд дар Хуҷанд ярмарка баргузор гардид ва дар он беш аз 1 млн дарахт пешниҳод гардид. Гузориши Равзалӣ Раҳмон ба ин мавзуъ бахшида шуда буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз мусоҳибон, ки масъули кадом хоҷагии ниҳолпарварӣ буд, дар навор  хушҳолона хабар дод, ки фурӯши ниҳолҳои қадпаст низ ба роҳ монда шудааст.

Пас аз шунидани ин хабар, мо тасмим гирифтем дар яке аз маводҳоямон махсус оид ба зарурати дарахтони қадпаст нависем.

Ва шарҳи охирини барнома, ки онро Зулфия Раҳимзода пешниҳод намуд, ба вазъи эпидемиологии Тоҷикистон, яъне COVID-19 бахшида шуда, дар он намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки аз 21 январ то 24 феврал дар кишвар расман ҳамагӣ 219 нафар мубтало бо коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»  

Гузоришҳои расмии барнома низ чун дар шабакаи «Тоҷикистон» ба мулоқоти президент бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, иштирок дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ, форуми байнипарламентии Русияву Тоҷикистон  ва ба ин муносибат ба кишвар ташриф овардани Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия, мулоқоти ӯ бо президенту раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва шиносоиаш бо вазъи мактабҳои сохташудаву омӯзгорони русиягӣ намоиш дода шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъд гузориш доир ба ташкили ниҳолхона дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар иртибот бо талаботи аҳолӣ ба ниҳолҳои гуногун пешкаш гардид. Яке аз масъулини ниҳолхона дар гузориш хабар дод, ки онҳо «навъи хучи бехорро парвариш менамоянд, ки он нисбати хучи хордор   як хубӣ дорад: хораш кам мебошад ва вақти ҷамъоварӣ мардум он қадар танқисӣ намекашанд». Мумкин мусоҳиб “танқисӣ намекашанд” гуфта роҳат будани ҷамъоварии ин навъи растаниро дар назар дошт.

Дар анҷом аз шаҳри Ваҳдат гузориш пешниҳод гардид, ки аз баргузор гардидани ярмаркаи китоб хабар дод.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»   

Муҳтавои гузоришҳои ин барнома низ асосан аз блоки хабарҳои расмӣ иборат буд. Сипас, аз ноҳияи Дарвоз гузоришеро роҷеъ ба рушди корхонаҳои саноатӣ пешниҳод намуданд. Камбудии ин мавод дар он буд, ки садои пасикадрии журналист барои гузоришҳои телевизионӣ чандон мувофиқат намекард.

Гузориши дигар аз ярмаркаи ниҳолпарварӣ дар Хуҷанд, асосан такрори гузоришҳои ба ин мавзуъ бахшидашудаи дигар шабакаҳо буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ