ДомойМедиалентаМукофоти «Дӯстдоштаҳои мунаққидони расонаӣ»: беҳтарин журналистҳо ва расонаҳо дар Тоҷикистон

Мукофоти «Дӯстдоштаҳои мунаққидони расонаӣ»: беҳтарин журналистҳо ва расонаҳо дар Тоҷикистон

Ду журналист аз Тоҷикистон, инчунин редаксияи тоҷикии Cabar.Asia дар ҷараёни IV-умин фестивали Осиёи Марказии MediaCAMP Fest аз ҷониби мунаққидони расонаии «Новый репортер»  мукофотҳои махсус дарёфт намуданд.

Мукофот барои журналистикаи ҳассос ба гендер

Сарфи назар аз он ки журналистҳое, ки дар маводҳои худ масъалаҳои баробарии гендериро матраҳ мекунанд, онҳо на ҳамеша аз дастгирии мухотабон (аудитория) дар Тоҷикистон бархурдор мешаванд ва онҳо кор кардан бо ин мавзӯъи номаъруфро идома медиҳанд. Яке аз ин журналистҳо Алия Хамидуллина мебошад, ки маводҳои худро дар сайти гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» нашр мекунад. Алия на танҳо қиссаҳои қобили таваҷҷуҳро дар бораи занони Тоҷикистон нақл мекунад, балки ҳамчунин оид ба тамоюлҳо муҳокимаронӣ намуда, моҳияти баробарии гендерӣ ва феминизмро ба мухотабон шарҳу тавзеҳ медиҳад. Дар баробари ин, Алия аз истилоҳоти дуруст истифода мебарад. Барои журналистикаи ҳассос ба гендер, Алия Хамидуллина дӯстдоштаи мунаққидони расонаии «Новый репортер» эътироф карда шуд.

Мукофот барои касбияти баланд

Редаксияи Cabar.Asia аксари вақтҳо ба шарҳҳои мунаққидони расонаии «Новый репортер» дохил мешавад, вале чун қоида, ҳамчун мисоли мусбати кори журналистҳо. Муҳим нест, ки онҳо кадом мавзӯъро дар бар мегиранд, хоҳ инъикоси мушкилоти гендерӣ ё маводҳо дар бораи муноқишаи сарҳадӣ. Редаксияи Cabar.Asia барои касбияти баланд дӯстдоштаи мунаққидони расонаии «Новый репортер» эътироф карда шуд.

Лола Олимова, Cabar.Asia

Мукофот барои шуҷоат ва объективӣ будан

Муллораҷаб Юсуфзода, хабарнигори бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” ҳамеша дар маркази ҳодисаҳо қарор дорад ва мустақиман аз ҷойи ҳодиса иттилоотро пешниҳод мекунад. Баъзан ба сабаби кори худ Муллораҷаб бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад, аммо ба ин нигоҳ накарда, иҷрои вазифаи касбии худро идома медиҳад. Муллораҷаб барои шуҷоат ва объективӣ будан дӯстдоштаи мунаққидони расонаии «Новый репортер» эътироф карда шуд.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ