ДомойНақди Расонаӣ«Дархудмондагон» ва «кӯдакони боронӣ». Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи шахсони гирифтори аутизм кам...

«Дархудмондагон» ва «кӯдакони боронӣ». Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи шахсони гирифтори аутизм кам ва пурхато менавиштаанд

Дар Тоҷикистон танҳо чанд расона дар робита ба аутизм ва шахсони ба он гирифторшуда  менависанд. Он  ҳам аксари вақт дар Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм, ки ҳамасола 2-юми апрел таҷлил мегардад, ё бо дархости ягон созмоне, ки ба шахсони гирифтори аутизм кумак мерасонанд. Гӯё ин масъала расонаҳои дигар, махсусан, давлатиро ташвиш намедиҳад. Баръакс, баъзе аз онҳо аз ин ҳисоб мехоҳанд “пул кор кунанд”.

Бо ишора ба Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм давоми моҳи апрел ВАО дар  саросари ҷаҳон дар бораи шахсони дорои аутизм  сӯҳбат карданд. Аз ин рӯ, мунаққиди расонаии “Хабарнигори муосир” тасмим гирифт, то бубинад, ки ин масъала дар расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна инъикос ёфтааст.

 Мушкили гирифторони аутизм зиёд, аммо баррасӣ кам аст

Бозтоби масъалаи шахсони гирифтори аутизм, махсусан кӯдакон, ки онҳоро расонаҳои Тоҷикистон “дархудмондагон” ё “кӯдакони боронӣ” тарҷума кардаанд, аз соли 2012 шурӯъ шудааст.

Ҳамон тавре ишора шуд, мавзуъ аксаран дар расонаҳои Тоҷикистон вақте пайгирӣ мешавад, ки ба хотири ҷалб кардани таваҷҷуҳи одамон созмонҳои байналмилалӣ рӯзеро ба  гирифторони ин беморӣ бахшидаанд.

4-уми апрели соли 2022 Радиои Озодӣ таҳти унвони “Аутизм: «Ғурбат» дар миёни “худиҳо” ” маводе нашр кардааст, ки пайи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм “дар Душанбе ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба маризии аутизм ё дархудмондагӣ як аксияи созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд”.

Дар матлаб зикр мешавад, ки “ҳудуди 100 нафар ширкаткунанда бо плакатҳои гуногун ва либосҳои сафед давродаври Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ давида, бо се забон — англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ шиор медоданд: «Аутизмро дастгирӣ кунед!»

Фазлиддин Насриддинов, раиси Анҷумани волидони кӯдакони гирифтори аутизм дар ин гузориш аз он шикоят кардааст, ки “ҷомеаи Тоҷикистон аз аутизм ё дархудмондагӣ то ба ҳол таърифи саҳеҳ надорад”.

«Дар Тоҷикистон, мутаассифона, ҳалли ин мушкил осон нест. Мутахассис надорем. Боғча, мактаб ё ягон маркази фарогир барои кӯдакон вуҷуд надорад. Аммо мо мекӯшем, ки ин мушкилот пай дар пай ҳалли худро ёбад”, — гуфтаааст Фазлиддин Насриддинов.

Дар ин гузориш назари волидайни кӯдакони гирифтори аутизм дар робита ба тарзи муносибат, нигоҳубин ва муолиҷаи фарзандонашон пурсида шуда, ҳамчунин аксҳо аз ҷараёни ин иқдом пахш гардиданд. Бояд тазаккур кард, ки дар аксҳо рӯи кӯдакони аксаран ноболиғ пӯшида набуд ва ин ҳолат хилофи  қонунгузорӣ мебошад.

Як нуктаи дигар, радиои “Озодӣ” гирифторони аутизмро “мариз” ё “бемор” номидааст, дар ҳоле, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ  чунин нафарон бояд “шахсони гирифтори аутизм” ном бурда шаванд.

Дар ин миён матлаби дигареро дар бораи шахсони гирифтори аутизм “Озодӣ” нашр накардааст. Ба ин мавзуъ радиои Озодӣ расо як сол пас, яъне 2-юми апрели соли 2023 дар “Рӯзи умумиҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм” баргашта аз Маркази кумак ба атфоли гирифтори аутизм дар Тоҷикистон ва тарзи фаъолияти онҳо гузориши муфассал пахш кардааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки “се сол пеш бо ташаббуси падару модари Камол, кӯдаки гирифтори ин беморӣ, ки акнун 11 сол дорад, як маркази ғайридавлатӣ созмон дода шуд”. Тавре мебинем боз ҳам таъбири ғалати “беморӣ” истифода мешавад.

Дар идома, аз натиҷаи табобати кӯдаки Фазлиддин ва Лола Насриддиновҳо, ки дорои аутизм аст, қисса мешавад, ки ӯ “баъд аз муолиҷа дар Ҳиндустон ҳоло атрофиёни худро аз рафтан ба “қазои ҳоҷат” ё ба қавли дигар “тару хушк” хабар мекунад ва дар пӯшидану кашидани либос худаш майл нишон медиҳад”.

Дар гузориш суҳбат, ҳамчунин роҷеъ ба табобати шахсони гирифтори аутизм рафта, таъкид мегардад, ки “агар аутизми кӯдак то синни дусолагӣ ташхис шавад, то 70 дарсад имкони муолиҷаи он вуҷуд дорад”.

Дар идома назари зидду нақизи масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди гирифторони аутизм дар ҷумҳурӣ оварда мешаванд. Яке мегӯяд дар Тоҷикистон гирифторони аутизм нест, дигарӣ мегӯяд “мумкин аз 100 ҳазор 5-6 кӯдак бошад. Шояд муроҷиат мекунанд, вале ба қайд гирифта намешаванд”.

Ҳамин тариқ, радиои Озодӣ агар дар робита ба  шахсони дорои аутизм чизе навишт, он аз хабарҳои кӯтоҳ иборат буд. Ё танҳо дар дохили хабарҳое буд, ки ин ё он тарз ба чорабиниҳое, ки маблағи онҳо барои табобати шахсони гирифтори аутизм сарф мешавад, бахшида мешуданд.

Ҳамчунин, ин расона якчанд бор аз фаъолият ё дастовардҳои Фазлиддин ва Лола Насриддиноваҳо, ки Маркази кумак ба шахсони гирифтори аутизмро ташкил карда буданд, гузоришҳо пахш кардааст.

Боз як рӯзе дигаре, ки дар он перомуни гирифторони аутизм суҳбат меравад — 21-уми март аст. Ин рӯз дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ва дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии афроди гирифтори синдроми Даун ва ё ба гуфтаи расонаҳои Тоҷикистон кӯдакони «офтобӣ» таҷлил мешавад.

Радиои Озодӣ соли 2018 аз таҷлили як маҳфил, ки ба кӯдакони гирифтори аутизм ва гирифтори синдроми Даун бахшида шуда буд, гузориш пахш кардааст. Он бештар ба кӯдакони гирифтори синдроми Даун бахшида шуда, баъзе ёдовариҳо аз кӯдакони гирифтори аутизм ҳам дошт.

Ҳамин тариқ, солҳои баъдӣ ҳам Радиои Озодӣ дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм ва ё замоне ки созмонҳои кӯмаккунанда ба кӯдакони дорои аутизм ба муваффақиятҳо ноил шуда, ҷоизаҳо мегиранд,  гузориш пахш мекунанд.

Аз ҳама бештар дар бораи кӯдакони дорои аутизм менависанд

Бахши русии хабаргузории “Азия-Плюс” ҳам дар инъикоси мушкили нафарони гирифтори аутизм нисбатан фаъол аст. Аммо аксари матолибаш дар доираи лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалист ва матлабҳои сирф редаксионӣ тақрибан надорад.

Онҳо низ ба пайгирии ин мавзуъ аз соли 2012 оғоз намуда, дар ибтидо ба сифати хабарҳои кӯтоҳ аз таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм дар Душанбе” менавистанд .

4-уми апрели соли 2012 ду хабари кӯтоҳи “Азия-Плюс” дар робита ба нафарони гирифтори аутизм пахш шуд, ки яке аз таҷлили Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм ва дигаре ба  маъракаи “Дав барои бетавофутӣ” буд, ки ба дастгирии нафарони гирифтори аутизм бахшида шуда буд.

Ҳамин тариқ, соли 2013 дар Рӯзи ҷаҳонии  огоҳӣ аз аутизм – 2 апрел як матлаби кӯтоҳи ин расона аз натиҷаи сӯҳбати Лола Насриддинова — раиси Маркази дастгирӣ ва рушди кӯдакону наврасони аутизм “Ирода” омода шуда буд.

Як бартарии “Азия-Плюс” ҳамин аст, ки ки онҳо на танҳо дар “Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм”, балки дар рӯзҳои дигар ҳам дар бораи нафарони гирифтори аутизм, махсусан кӯдакон матолиб таҳия мекунанд.

Моҳи январи  соли 2019 ин расона бо Лола Насриддинова, ки зикраш дар боло рафт, мусоҳиба анҷом дода, дар бораи амалӣ шудани барномаи муосири таҳсилоти кӯдакони гирифтори аутизм дар Тоҷикистон маълумот додааст. Матлаб таҳти унвони “Чӣ гуна ба кӯдаки гирифтори аутизм дар Тоҷикистон кумак кардан мумкин аст?” нашр шуд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли 2017 матлаби ҷолиби дигар, дар робита ба нигоҳи кӯдакони гирифтори аутизм ба ҷаҳон нашр шуд, ки муаллифи матлаб онҳоро “Бачаҳои борон” («Дети дождя») унвон мекунад. Дар он роҷеъ ба фаъолияти созмони “Ирода”, ки ба табобат ва барқароркунии кӯдакони гирифтори аутизм машғул аст, маълумот медиҳад. Он аз чандин аксу навори видеоӣ иборат аст. Дар ин матлаби ҷолиб ҳам он кабудии дар боло зикр гардида ҷо дорад, яъне рӯи кӯдакон дар аксу наворҳо пӯшида нест!

Ҳамин тариқ, “Азия-Плюс” дар солҳои баъдӣ низ хабару гузоришҳои васеъ аз ифтитоҳи аввалин қаҳвахона барои кӯдакони гирифтори аутизм “Дар як замин”, як рӯз бо кӯдакони гирифтори аутизм, тарзу зиндагонии кӯдакони гирифтори аутизм, аз ҷумла, чӣ гуна онҳо аз варақҳо барои волидайни худ “откриткаҳо” месозанд, инчунин, чӣ гуна ба кор таъмин шудани нафарони гирифтори аутизм нашр кардааст.

Яке аз вижагиҳои  “Азия-Плюс” ин аст, ки дар баробари матлабҳои хабарнигорони худ, ҳамчунин матолиби расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба тарзи зиндагӣ ва табобати кӯдакони гирифтори аутизм рабт дорад, бознашр мекунад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2018 таҳти унвони “Другие, но не хуже: жить с аутизмом в Центральной Азии” матлаберо аз сомонаи “»Открытая Азия онлайн» бознашр кард, ки дар бораи волидайни кӯдакони гирифтори аутизм қисса менамояд.

“Чӣ гуна як ҷавони тоҷики гирифтори аутизм худаш зан ёфт” (Как таджикский парень с аутизмом самостоятельно нашел себе жену) матлаби дигарест, ки  “Азия-Плюс” онро аз ОИ «Фергана» бознашр кард. Он  муваффақияти як ҷавони тоҷики гирифтори аутизмро қисса мекунад.  Матлаб моҳи марти соли 2020 нашр шуд ва дар зерсарлавҳаи он ишора шуда буд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон тақрибан 500 кас ҳамчун гирифтор ба аутизм ба қайд гирифта шудааст.

“Ин рақам аз рақамҳои воқеӣ ба таври ҷиддӣ фарқ мекунад, зеро дар муассисаҳои тиббӣ аксар вақт ба чунин одамон ташхисҳои тамоман дигар дода мешаванд”, — зикр мегардад дар матлаб.

Соли 2019 “Азия-Плюс” дар якҷоягӣ бо “Ирода” лоиҳаи ҷадиди «Оғози барвақт» (Ранний старт)-ро сар намуд, ки дар он коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ ба волидайн тавсия медиҳанд, ки чӣ гуна бояд кӯдакро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ кард, то ӯ ба комёбиҳо дастёб шавад.

Дар доираи ин лоиҳа ҳам чанд маротиба коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, волидайни кӯдакони гирифтори аутизм дар бораи тарбияи ин гуна кӯдакон, роҳҳои ба муваффақият ноил шудани онҳо пешниҳодҳо манзур кардаанд.

Зимнан, таъкид бояд намуд, ки “Азия-Плюс” бештар дар робита ба кӯдакони гирифтори аутизм мақолаву гузоришҳо нашр мекунаду дар бораи онҳое, ки дар синни калонсолӣ гирифтори аутизм ҳастанд, матлаби кам дорад. Яке аз онҳо “Аутизм «по-взрослому»: как живется тем, у кого аутизм диагностируют во взрослом возрасте”  матлаби ВВС буда, 2 апрели соли 2021 дар “Рузи ҷаҳонии огоҳӣ аз аутизм” Азия плюс” онро бознашр кард.

Аз расонаҳои Тоҷикистон, ҳамчунин сомонаи “Уour.tj”, ки чанд сол пеш ташкил шуд, дар робита ба нафарони гирифтори аутизм баъзан матолиб нашр мекунад, ки онҳо аксаран бо забони русианд.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи “Ман тарс надорам” (Мне не страшно)-и “Уour.tj” доир ба волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд, махсусан гирифторони аутизм суҳбат менамоянд. Онҳо таҷрибаву тавсияҳои худро дар робита ба тарбияву таълим ва муолиҷаи ин кӯдакон нақл мекунанд.

“Кам менависанд ва он ҳам пурхато”

Фазлиддин Насриддинов, яке аз созмондиҳандагони Маркази дастгирӣ ва рушди кӯдакону наврасони гирифтори аутизм “Ирода”, низ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, дар Тоҷикистон танҳо се расона дар робита ба гирифторони аутизм мақолаву гузоришҳо менависанд: ОИ “Азия-Плюс”, “Радио Озодӣ” ва “Your.tj”.

Ӯ мегӯяд, ки ба расонаҳои давлатӣ доир ба ин мавзуъ кам муроҷиат мекунанд, зеро аз онҳо маблағи зиёд талаб мешавад. Зимнан, танҳо аз ТВ “Сафина” изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки бо ташаббуси журналист Наргис Қосимова 4 — 5 маротиба дар мавзӯи  гирифторони аутизм, махсусан кӯдакон ройгон барнома таҳия кардааст.

Насриддинов аз як мушкили дигар ҳам ном мебарад: бархе расонаҳо нафарони гирифтори аутизмро нодуруст ном мебаранд. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, ҳар матлаби таҳияшаванда бо онҳо мувофиқа шавад.

“Агар расонаҳо бо мо мувофиқа накунанд, аксар вақт таъбирҳои нодурусти «бемории аутизм», “шахси аз аутизм ранҷбаранда”-ро истифода мебаранд. Шакли дурусташ тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ «шахси гирифтори аутизм» аст”, — мегӯяд ӯ.

Мушкили дигаре, ки Фазлиддинов дар ин бора гуфтан мехоҳад — иттилои кофӣ надоштани расонаҳои хабарӣ дар бораи аутизм ва ё “ журналистон фикр мекунанд, ки ин масъала он қадар муҳим нест”.

Ҳол он ки тибқи иттилои Маркази омор ва назорати бемориҳои ИМА аз тирамоҳи соли 2022  ҳар 36-умин кӯдак аутизм дорад. Ин қариб ба 3 дарсади кӯдакон баробар аст, — мегӯяд ӯ.

Фазлиддин Насриддинов, ки худаш дар гузашта журналист буд, мегӯяд тарзи баён ва рӯйкард ба мавзӯи аутизм таваҷҷуҳ мехоҳад. “Агар расонаҳо нисбат ба шахсони гирифтори аутизм бо дилсӯзӣ нависанд, гап нест, вале бархеҳо бо “афсӯс”-у “нигаронӣ” менависанд, ки қобили қабул нест. Дар асл, “афсӯс” бояд камтар бошад, чун ба ихтилоф мебарад. Барои ҳамин мо хоҳиш мекунем матлабҳои вобаста ба аутизм бо мо мувофиқа шавад”, — зикр кард ӯ.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ