Дар дастури кори расонаҳои Тоҷикистон, мутаассифона, бештари маврид ривоятҳои бегона ворид мешаванд. Дар бештари маврид дастури кори расонаҳо ғайри ихтиёр шакл мегирад ва редаксияҳо ҳатто огоҳ намешаванд, ки метавонанд, воқеиятҳои мувозӣ (паралел)-ро ба вуҷуд оранд ва воқеиятҳоро дар чашми аудиторияи худ таҳриф созанд. Дар бораи он ки чӣ гуна метавон аз ин ҳолат пешгирӣ кард ва чаро рӯзноманигорон бояд бе сарфи назар кардани хабарҳои байналхалқӣ, дастури кори худро ташкил диҳанд – “Хабарнигори муосир” нақл мекунад.
Амрита Каргизова, муҳаррири масъули расонаи мустақили “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон аст. Вай рӯзи кории худро соати 7 субҳ бо мурури саҳифаҳои хабарии хабаргузориҳои мухталиф шуруъ мекунад. Бо такя ба таҷрибаи чандсолааш ва талаботи аудитория, ки тавассути василаҳои онлайнӣ вай ин талаботро пайгирӣ мекунад, Амрита хабарҳои байналхалқӣ ва минтақаиеро интихоб мекунад, ки барои расонаи тоҷикистонӣ муносиб ва муҳиму ҷолиб ҳастанд.
— Хабарҳои худӣ оид ба Тоҷикистон хеле каманд. Мансабдорон ниҳоят кам изҳороте ё хабаре медиҳанд. Барои мисол, пештар аз нишастҳои хабарӣ рӯзноманигорон хабарҳои зиёд меоварданд. Акнун [дар нишастҳои хабарӣ] дар бораи чизҳое хабар медиҳанд, ки мо аллакай медонем. Хабари тозае нест, — нақл мекунад Амрита дар бораи фаъолияти худ.
Дар рӯзи корӣ, дар мавсими нишастҳои хабарӣ дар сомонаи “Азия-Плюс” – яке аз расонаҳои машҳури мустақил дар кишвари дорои даҳ миллион аҳолӣ – ҳамагӣ 20 хабар нашр мешавад. Панҷ хабари он бознашри хабарҳои расонаҳои хориҷист: бо такя ба ВВС “Азия-Плюс” дар бораи бастаи кумакҳои Амрико барои Украина, Исроил ва Тайван менависад, бо такя ба хабаргузории “Фарғона” дар бораи минтақаҳои иқтисодии Узбекистон иттилоъ медиҳад ва бо такя ба РБК дар бораи тарҳи қонуне хабар медиҳад, ки ин қонун иҷоза медиҳад, муҳоҷирони меҳнатӣ барои хушунатҳои кӯчагӣ аз Русия ихроҷ шаванд. Ҳамаи ин хабарҳо, ки бе шубҳа барои Тоҷикистон муҳим ҳастанд, бидуни “арзишҳои иловашуда” нашр мегарданд – яъне, ба онҳо далелу шарҳҳое илова намешаванд, ки аз сӯи хабарнигорони маҳаллӣ ҷамъоварӣ шуда бошанд ва ба аудитория шарҳ диҳанд, ки чаро редаксияи тоҷикистонӣ ин хабару гузоришҳои байналхалқиро нашр кардааст. Амрита мегӯяд, “Азия-Плюс” неруи кофии корӣ надорад ва ба илова – коршиносоне мавҷуд нестанд, ки дар мавзуҳои мухталиф, аз ҷумла мавзуҳои байналхалқӣ назар диҳанд.
-Манобеи коршиносӣ намерасад, иттилои расмӣ намерасад. Ҳоло чунин замон шудаст, пештар мо метавонистем, ба ҳар роҳбаре [давлатӣ] занг занем, ҳатто метавонистем, ба КДАМ [Кумитаи давлатии амнияти миллӣ] занг занем, мулоқот таъйин кунем, ба ҳама гуна суоли худ – посух гирем. Ҳоло ин ҳолат нест. Агар коршиносе ҳам барои суҳбат розӣ шавад, бештар умумигӯӣ мекунад, — гуфт Амрита.
Вай шарҳ медиҳад, ки агар қисмати бештари хабарҳои байналхалқиро барои сомонаи “Азия-Плюс” муҳаррири масъул интихоб кунад, пас мавзуҳои маҳаллӣ ҳангоми маҷлисҳои редаксионӣ дастаҷамъона муайян ва интихоб мешаванд. Баъзан рӯзноманигорон бо назардошти ҳодисаҳои байналхалқӣ муҳтавои муаллифӣ таҳия мекунанд. Аммо, чун қоида, ба далели камбуди манобеъ ҳамаи неру барои таҳияи хабарҳои дохилӣ равона мешавад.
Сохторҳои давлатӣ ва коршиносон чӣ гуна ба дастури кори расонаҳо таъсир мерасонанд?
Дар воқеъ раванди таҳияи муҳтаво барои навор ё “лента”-и хабарҳо, ки Амрита онро тавсиф кард – ҳамон ташкил ё сохтани дастури кори расона аст. Албатта, ба чӣ гуна шакл гирифтани “лента”-и хабарҳо на танҳо кормандони расона, балки омилҳои зиёди дигаре таъсир мерасонанд, аммо ба ҳар сурат нақши рӯзноманигорон ва муҳаррирон дар ин раванд бештар аст. Аз интихоби рӯзноманигорону муҳаррирон вобаста аст, ки аудитория ба чӣ ҳодисаҳое таваҷҷуҳ мекунад, чӣ чизеро муҳим медонад ва чӣ хабарҳоеро пайгирӣ мекунад. Барои мисол, муҳаққиқони амрикоӣ Максвелл Маккомбс ва Доналд Шоу ҳанӯз соли 1972 дар назарияи “таъйини дастури кор”-и худ исбот карда буданд, ки маҳз интихоби мавзуҳо ба аудитория таъсир мерасонад. Дертар ин назария такмил ёфт, аммо муҳтавои он ҳамоно устувор мондааст: муҳаққиқони муосир низ бар ин назаранд, ки на лаҳни матолиб, на далелҳо ва назарҳое, ки дар матлаб ҷо дода шудаанд ба андозаи интихоби мавзуҳое ба аудитория таъсир намерасонанд, ки дар “лента”-и хабарҳо пайдо мешаванд.
Дар идораи “Азия-Плюс”, мисли аксари расонаҳои дигари тоҷикистонӣ – мустақил ва ё ҳатто давлатӣ, ба далели камбуди иттилои расмӣ, рӯзноманигорон ҳангоми интихоби мавзуъ имкони дастрас кардани иттилоъро мадди назар мегиранд. Онҳо интихоби зиёд надоранд, зеро шуруъ аз соли 2015 дар кишвар қоидае амал мекунад: ҳаққи авалиндараҷа ва истисноии инъикоси рӯйдодҳои марбут ба мақомоти давлатиро агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дорад. Яъне, ҳама гуна хабар ва ё баёнияро мансабдорон аввал ба “Ховар” медиҳанд (албатта, бо тафсир ва мавқеи расмӣ) ва баъдан дигар расонҳо бо такя ба “Ховар” он хабар ё изҳоротро бознашр мекунанд. Мансабдорон бо рӯзноманигорони расонаҳои дигар ниҳоят кам суҳбат мекунанд.
Дар мавриди инъикоси ҳодисаҳои байналхалқӣ ҳам рӯзноманигорони тоҷикистонӣ камбуди иттилои дохилӣ доранд. Мақомоти Тоҷикистон дар бештари мавридҳо назар ва мавқеи худро нисбати рӯйдодҳои дунё баён намекунанд ва хабарҳои муҳимро шарҳ намедиҳанд. Ҷомеаи мустақили коршиносӣ ҳам дар бораи рӯйдодҳои дунё назар намедиҳад.
-Коршиносони тоҷик дар шароити кунунӣ воқеан аз пайомадҳо [-и баъди нашри шарҳу назар] метарсанд, аммо ин сабаби ягона нест, ки коршиносон намехоҳанд, бо рӯзноманигорони тоҷикистонӣ кор кунанд. Мутаассифона, рӯзноманигорон коршиносонро ҷалб мекунанд, назари онҳоро мегиранд, вале онро бо салоҳдиди худ истифода мекунанд – таҳриф мекунанд, қисман нашр мекунанд, — мегӯяд Михаил Петрушков, коршиносони расонаӣ ва таҳлилгар.
Ба гуфтаи вай, рӯзноманигорони кунунӣ бо ҷомеаи коршиносӣ ошноии хуб надоранд ва танҳо мутахассисони дастрасеро истифода мекунанд, ки назари онҳо арзише надорад.
-Инҳо коршиносони дурӯғин ҳастанд, онҳо мисли кафи рӯи дарёянд, ки назари дигаронро нусхабардорӣ ва ҳамчун назари худ муаррифӣ мекунанд. Мутаассифона, дар муҳтавои рӯзноманигорони тоҷик чунинҳо зиёданд. Ба илова, касбияти рӯзноманигорон аст: муаллифон мавзуҳоеро, ки инъикос мекунанд, хуб дарк ва ҳазм карда наметавонанд. Коршиносон аз сатҳи дониши рӯзноманигорон огоҳ ҳастанд ва бо истифода аз фурсат, барои мисол, баъзан ба хотири саргармӣ ва баъзан ба хотири даст ёфтан ба ҳадафҳои худ рӯзноманигоронро ба гумроҳӣ меандозанд.
Дастури кори бегона чӣ хатар дорад?
Бо назардошти ҳамаи ин монеаҳо расонаҳои Тоҷикистон маҷбур ҳастанд, иттилои расонаҳои дигарро истифода кунанд ва ҳангоми интихоби хабарҳо ба табъу завқ ва ҳисси ботинии худ такя намоянд. Дар шароити кунунӣ чунин бархӯрд хатарнок аст. Барои мисол, ду сол пеш ба маҳзи шуруъ шудани ҷанг дар Украина, замоне ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон (дар шабакаҳои иҷтимоӣ) аз ҷониби Русия ҳимоят карданд, коршиноси расонаӣ, сармуҳаррири Намояндагии институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон Марат Мамадшоев гуфта буд, ки яке аз сабабҳои чунин рафтори корбарони интернет ин набуди баҳогузории худӣ ва мустақил ба ҳодисаҳои ҷаҳонӣ аст.
“Мо (расонаҳои мустақили тоҷикистонӣ – шарҳи муаллиф) Украинаро пайгирӣ накардем, вазъи геополитикиро таҳлил накардем. Чунин менамуд, ки ин ҳодисаҳо ба мо дахл надоранд ва мо дастури кори байналхалқиро ба расонаҳои давлатии Русия додем”, — гуфта буд вай он замон.
То шуруи ҷанг расонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла расонаҳои мустақил ҳам дар воқеъ бештари маврид ҳангоми инъикоси рӯйдодҳои байналхалқӣ ба расонаҳои давлатӣ ва рӯзноманигорони расонаҳои давлатии Русия такя мекарданд. Сабаби ин интихоб дар бештари ҳолатҳо забони русист, ки рӯзноманигорони тоҷик онро беҳтар аз, масалан, англисӣ медонанд ва сабаби дигар ошноии беҳтар бо фазои расонаии Русия аст. Дар рӯзҳои аввали ҷанг расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ҳамоно нақли қавли Байден, президенти Амрикоро бо такя ба РИА Новости бознашр мекарданд. Дертар ин вазъ ба таври мусбат тағйир кард, аммо барои даст ёфтан ба дастури кори худӣ ҳамоно хеле фосила аст.
-То ҷое [расонаҳои тоҷикистонӣ] дастури кор доранд, вале дар бештари ҳолатҳо ин дастури кор бенизом шакл мегирад, рӯзноманигорон ба ҳодисаҳои рӯз вокуниш нишон медиҳанд ва ин вокуниш ногаҳонӣ аст. Хуб мебуд, агар дастури кор дар расонаҳои мо нақшабандӣ ва тарҳрезишуда мебуд, — мегӯяд Марат Мамадшоев.
Дастури кори худро чи гуна таъсис дод?
Ба бовари Ирина Сидорская, пажуҳгари мустақил дар бахши иртиботот ва робита бо ҷомеа, ки то эътирозҳои соли 2020 дар Белорус зиндагӣ мекард, “дар вазъияти шиддат гирифтани “пропоганда” муборизаи иттилоотӣ ва мубориза барои дастури кор тақвият меёбад”. Пажуҳишгар вазъи шабеҳ бо воқеиятҳои Тоҷикистонро тавсиф мекунад: “расонаҳои наздик ба мақомоти давлатӣ талош мекунанд, дастури кори худро бор кунанд ва ба ин муваффақ мешаванд, зеро расонаҳои алтернативӣ захираву манобеи кам доранд”. Ба илова дар Тоҷикистон маҳдудият дар захираву манобеъ боиси он мешавад, ки рӯзноманигорон амалан дастури дигаронро бозпахш ва бознашр кунанд.
“Шикастани сохтори ривоятҳои бегонагон, рад кардани баҳогузорӣ ва хулосаҳои онҳо ҳамеша душвортар аз шакл додани сохтор, баҳогузорӣ ва хулосаҳои худӣ аст. Аз ҳамин хотир яке аз вазифаҳои асосии расонаҳо – танзими дастури кори худӣ, симои оянда худ, андешаи худ аст”, —машварат медиҳад Ирина Сидорская.
Бо ин вуҷуд дастури кори расонаии худӣ на танҳо аз манобеи бози давлатӣ, коршиносон ва фаъолияти худи рӯзноманигорон вобаста аст, балки аз таҳияи сиёсати дақиқи редаксионӣ, инчунин аз талоши расона барои устувор мондан дар арзишҳои худӣ вобастагӣ дорад.
-Сиёсати идорӣ ё редаксионии имрӯзи расонаҳои тоҷик барои ман фаҳмо нест. Расонаҳои хориҷӣ – хоҳ русиягӣ, хоҳ ғарбӣ – дақиқ медонанд, ки чи дастури кореро мехоҳанд, онҳо арзишҳои худро медонанд ва сиёсати редаксиониро риоя мекунад. Бо қазоват ба он чи ки ман дар расонаҳои худамон мебинам – онҳо болои дастури кор фикр намекунанд, корҳое, ки онҳо мекунанд – акинӣ (шоирӣ, манзур ба таври фаврӣ эҷодкорӣ кардан, мутарҷим) аст. Маводи ҷолиби хориҷие пайдо карданд, нусхабардорӣ мекунанду дар сомонаи худ бознашр, намепурсанд, ки ин мавод оё ба консепсия ва арзишҳои расонаашон мувофиқ ҳаст ё не, — мегӯяд Михаил Петрушков.
Дар бораи он ки арзишҳои рӯзноманигорон дар ташкили дастури кор нақши муҳим доранд, Марат Мамадшоев ҳам ҳамназар аст:
-Барои расонаҳо муҳим аст, ки стратегияи худии ташкили дастури корро дошта бошанд, аммо барои ин низоми арзишҳои худӣ ва таъсиси стратегия зарур аст. Дар маҷмуъ, ту бояд донӣ, ки кистӣ ва ба куҷо равонаӣ, то ин ки гирифтори дастури ғайр нашавӣ, ҳатто агар он дастур аз сӯи расонаи муваффақтаре таъсис шуда бошад. Зеро дар марҳилае ин суол сар мезанад, ки пас ту барои чӣ даркор ҳастӣ, агар танҳо ақидаву афкори дигаронро бознашр мекунӣ, — мегӯяд Марат Мамадшоев.
Мавриди зикр аст, ки доштани арзиш ба расона кумак мекунад, то дар баробари фишори аудитория ҳам истодагарӣ кунад. Гап дар сари он аст, ки бо шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ аудитория дар бархе ҳолатҳо аз истеъмолгари беҳаракат ба иштирокчии фаъоли созандаи дастури кори расона табдил мешавад. Расонаҳои онлайнии имрӯзӣ талаботи обуначиҳои худро хуб медонанд, роҳҳои қонеъ кардани онҳоро медонанд ва вокунишҳои онҳоро пешбинӣ кардан метавонанд. Аз як ҷониб ин маҳорати хуб аст, ки бо шарофати ин маҳорат расона корбарони зиёдеро ҷалб мекунад ва матолибаш бинандаи зиёд ба бор меорад, аз ҷониби дигар – расона дар рӯ ба рӯи таҳрифи воқеиятҳо, ба фоидаи корбаронаш, қарор мегирад. Марат Мамадшоев тавсия медиҳад, аз аудиторияе даст кашем, ки арзишҳояш аз арзишҳои расона фарқ мекунанд.
-Маҷбур мешавем, оморро қурбон кунем, аммо роҳро дар масири худ идома диҳем, — мегӯяд вай.
Оё даст кашидан аз хабарҳои хориҷӣ зарур аст?
Натиҷаи беэътиноӣ ба дастури худӣ ин мешавад, ки назорат ва идора аз даст меравад.
-Бо гузаштан ба дастури бегона шумо мустақилӣ ва назорати ҳаёти худро аз даст медиҳед. Дар бораи мушкилоти худ фикр кунед, масоилеро ҳал кунед, ки мустақиман ба шумо дахл доранд ва дар бора он масоиле нигаронӣ накунед, ки ба онҳо таъсир расонида наметавонед, — шарҳ медиҳад Марат Мамадшоев.
Бо ин вуҷуд вай шарҳ медиҳад, ки гап дар бораи комилан даст кашидан аз дастури байналхалқие намеравад, ки Тоҷикистон на ҳамеша метавонад, ба онҳо таъсир расонад, аммо таваҷҷуҳ кардан ба он ки рӯйдодҳои гуногун чи гуна ба кишвар таъсир мерасонанд, муҳим аст ва набояд хабарҳои байналхалқиро дар контексти кишварҳои дигар баррасӣ кард.
Коршиносон мегӯяд, ҷустуҷӯи маъниҳои худӣ дар расонаҳои Осиёи Марказӣ, махсусан расонаҳои русзабон шуруъ аз соли 2022 тақвият ёфтааст. Барои мисол, мушовири расонаӣ, рӯзноманигор аз Қазоқистон Зарина Ахматова мегӯяд, дар расонаҳои мустақил даъватҳо ба истеъморзудоӣ, шӯравизудоӣ садо медиҳанд ва талоши ташкили гуфтумонҳои дохилӣ низ дида мешаванд.
-Касе намедонад, ки инро чӣ гуна мешавад, дуруст анҷом дод, аммо рӯзноманигорон имкониятҳои ба таври мустақилона истеҳсол кардани дастури худиро меҷӯянд. Солҳои тӯлоние мо таҳти таъсири дастури Русия будем, ҳоло расонаҳо талош доранд, ки вазъро тағйир диҳанд. Аммо ҳама гуна талоши мустақил будан дар майдони сиёсати иттилоотӣ, талоши анҷом додани ҳама гуна ҳисобу китоби худӣ аз ҷониби “пропагандистҳо”-и русиягӣ бо хашм пешвоз гирифта мешавад, — мегӯяд Зарина Ахматова.
Вай ҳамчунин шарҳ медиҳад, ки сарфи назар аз пешниҳоди бархе аз рӯзноманигорон дар Қазоқистон дар бораи комилан даст кашидан аз инъикоси рӯйдодҳои Русия, ин корро набояд кард.
-Ин як гумроҳсозӣ аст, рӯйдодҳои Русия – барои кишвари мо хабарҳои муҳиме ҳастанд, бояд донист, ки дар сиёсати хориҷӣ чӣ мегузарад, — мегӯяд Ахматова.
Ба бовари коршиносон, сарфи назар аз он ки бисёре аз расонаҳои Осиёи Марказӣ сиёсати идорӣ ё редаксионии худро доранд, онҳо бояд арзишҳои худро баррасӣ кунанд ва барои инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва таъсиси дастури кори худӣ рӯйкардҳои наверо эҷод кунанд. Дар чанд соли охир дунёи атроф комилан тағйир ёфт ва мутаассифона, ин тағйирот аз ҷониби расонаҳои маҳаллӣ ҳамоно дарк нашудааст.