ДомойХудомӯзБлог ҳамчун портфолио барои хабарнигорон

Блог ҳамчун портфолио барои хабарнигорон

Блог ҳамчун портфолио

Мувофиқи мушоҳидаҳои олимон дар давоми фаъолияти меҳнатӣ ҳар як нафар якчанд маротиба ҷойи кории худро тағйир медиҳад. Хабарнигорон низ истисно нестанд ва аллакай пас аз якчанд соли фаъолият метавонад ҳолате рух диҳад, ки аз сабаби он зарурияти ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ба ҷойи кории нав пайдо мешавад. Дар ин гуна ҳолат аз ҷойи кории нав намунаи мақолаҳои хабарнигорро мепурсанд.

Кофтукоб дар бойгонии шахсӣ барои дарёфти намунаҳои беҳтарини эҷодиёти касбии худ кори мушкил шуда метавонад. Хусусан, агар рӯзноманигор то ҳол дар радио, телевизион ё газетаву маҷаллаи чопӣ кор карда бошаду натиҷаҳои кори ӯ дар шакли чопӣ ё сабт бошанд.

Барои осон кардани кор беҳтар мешавад, ки мақолаву сабтҳои барномаҳои беҳтарини худро дар блог ҷойгир кунед. Дар блоги расмии худ бошад метавонед тамоми эҷодиёти худро мувофиқи жанру формат гурӯҳбандӣ кунед ва дар ҳолати зарурӣ ба ҷои 5-10-15 линк (ссылка) ҳамагӣ як линкро ба ҷойи зарурӣ фиристед — суроғаи блоги худро.

Яке аз захираҳои интернетие, ки солҳои зиёд барои блоггерон майдони кориро пешниҳод мекунад, сомонаи Blogger.com аст, ки ҷузъи низоми бузурги захираҳои Google мебошад. Яъне барои кор дар он ба шумо кифоя аст, ки дар Gmail.com барои худ почта дошта бошед. Агар то ҳол дар захираи Gmail сабти ном нашуда бошед, пас метавонед ин навори омӯзишии маро тамошо карда, ба худ почта созед. Агар аллакай сохта бошед, пас давоми мақоларо хонед, то ки ба саволи «Чӣ гуна дар Blogger метавон блог сохт?» ҷавоб гиред.

Сохтани блог дар Blogger.com

Барои сохтани блог дар Blogger.com, лутфан, қадамҳо зеринро иҷро кунед:

  1. Ба саҳифаи асосии сомонаи blogger.com гузаред;
  2. Барои тағйир додани забони интерфейс ба қисми поёнии сомона гузашта, забони дигарро интихоб кунед (масалан, русӣ);
  3. Дар қисми болоии сомона тугмачаи «Создать блог»-ро пахш кунед;
  4. Дар саҳифаи кушодашуда почтаи худро интихоб кунед;
  5. Агар саҳифаи ворид кардани калидвожа (пароль) кушода шавад, онро ворид карда, тугмачаи «Далее»-ро пахш кунед;
  6. Дар саҳифаи нав тугмачаи «Create a Google+ profile»-ро пахш кунед;
  7. «Создать профиль»-ро пахш кунед;
  8. Дар саҳифаи нав метавонед калимаи «Пропустить»-ро пахш намоед;
  9. Пас аз ин саҳифаи нав кушода мешавад, ки дар он бояд тугмачаи «Continue to Blogger»-ро пахш кунед;
  10. Дар саҳифаи кушодашуда бо пахш кардани тугмачаи «Create new Blog» метавонед барои худ блоги нав созед. Дар оянда дар ҳамин як аккаунти худ шумо метавонед якчанд блогҳои мухталиф созед. Масалан, блоги алоҳида барои мақолаҳои касбии худ, ки дар ягон расона аллакай нашр шудаанд ва блоги алоҳида барои мақолаҳои худ ҳамчун блоггер, ки дар онҳо танҳо фикри шахсии худро нависед;
  11. Равзанаи хурде кушода мешавад, ки дар он бояд номи блог (яъне сарлавҳаи асосии тамоми блог — ҳамчун номи рӯзнома ё маҷалла) ва суроғаи онро (URL — ҳатман бо ҳарфҳои лотинӣ) ворид созед;
  12. Агар дар қисми рости суроғаи воридкардаатон аломати хитоб («!») пайдо шавад, пас ин маънои онро дорад, ки чунин суроғаро аллакай касе истифода мебарад ё қаблан истифода мебурд ва айни ҳол он барои сабти ном дастнорас аст. Бояд дигар суроғаро истифода баред;
  13. Пас аз ворид кардани суроғаи барои сабти ном дастрас бояд шаблони намуди зоҳирии блогро интихоб намоед;
  14. Бо пахш кардани тугмачаи «Create blog!» блоги шумо сохта мешавад ва шумо ба саҳифаи асосии идоракунии он гузаронида мешавед;
  15. Барои нашри мақолаи худ тугмачаи «New post»-ро пахш кунед.

Доир ба нозукиҳои ҷурсозии блоги худ дар Blogger.com метавонед дар шабакаи интернет ва хусусан YouTube наворҳои омӯзишии зиёдеро пайдо кунед. Дар мақолаи ояндани худ ман ба шумо чӣ гуна дар Blogger нашр кардани мақоларо нишон медиҳам. Дар зер бошад, қадамҳои дар боло зикргардидаро дар формати слайдҳо метавонед тамошо кунед.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ