ДомойМедиалентаЧӣ гуна корро дар тим ташкил намоем? Ҷаласаи Мактаби филмҳои мустанад

Чӣ гуна корро дар тим ташкил намоем? Ҷаласаи Мактаби филмҳои мустанад

Дар яке аз ҷаласаҳои “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” сармураббии мактаб Шаҳида Тулаганова ва мураббӣ Елена Демидова дар бораи чӣ гуна ташкил намудани кори тим дар рафти истеҳсоли филмҳои мустанад, нақл карданд. Коргардонони филми мустанад, ки таҷрибаи бой доранд, мушоҳидаҳои худро ба иштирокчиёни Мактаб дар бораи аҳамияти аъзоёни гуногуни тими корӣ қисса намуданд.

ПРОДЮСЕР

Шахида Тулаганова:

— Продюсер «худо» аст. Продюсер ба манфиати шумо кӯшиш мекунад ва ӯ «пушти» шумо аст. Вай барои шумо маблағ дарёфт мекунад. Агар продюсери хуберо дарёфт карда, бо ӯ чанд филм ба навор гиред, ин хеле олӣ аст. Ман продюсероне доштам, ки дар натиҷаи кор ҳавасманд набуданд. Ман онҳоро аз кор барканор кардам ва мустақилона бо ин кор машғул шудам. Албатта, якҷоя кардани вазифаву масъулият хеле душвор аст: ҳам дар бораи сужа фикр куну ҳам маблағ ҷустуҷӯй кун.

Вақте аз ман дар бораи филми мустанад мепурсанд: “Оё инро кардан мумкин, вайро кардан мумкин аст аст?” Ман ҳамеша чунин посух медиҳам: “Ин як соҳаи эҷодӣ аст, дар ин ҷо ягон қоида вуҷуд надорад. Шумо мувофиқи диди худ, ҳамон тавре, ки худатон эҳсос мекунед меофаред. Ягон дастури махсус вуҷуд надорад».

Елена Демидова:

Ман дар бораи муносибат бо продюсерҳо филмҳои гуногун доштам. Ман соли 2010 ҳамроҳи ризокорон рафта, филми «Во время пожара» -ро ба навор гирифтам. Ва баъд барои корҳои пас аз истеҳсолот тариқи краудфандинг пул меҷустам. Аммо ин як ҳикояи нодир аст. Чунин ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки ман дар як лоиҳа ҳам коргардон ва ҳам продюсер ҳастам. Вале шумо бояд инро дар назар гиред: ман кори худро ҳамчун коргардон хеле бад иҷро мекунам.

Як продюсер барои як филм, дигараш барои филми дигар мувофиқ аст. Барои ба навор гирифтани филми ««Мужской выбор»» ба ман коргардоне лозим буд, ки танбалӣ накарда, омода аст ба шимол равад. Влад Кеткович ин вазифаро ба уҳда гирифт. Мо бо ӯ муносибати наздик пайдо кардем ва чор соли дигар якҷоя кор кардем. Филми “Третью жизнь Марины Клещёвой”  -ро ман бо Лиза Антонова омода кардам. Ӯ бо Театр.doc иртибот дошт, ки Марина Клешеваро ҳамчун ҳунарпеша «кушод». Вай дар дохил аст ва аз вазъият бохабар буда, моҳияти ҳикояро мефаҳмад.

Коргардон ва продюсер барои омода намудани питчинг якҷо кор мекунанд. Продюсер метавонад «бузург» бошад, ё ӯ метавонад мисли шумо бошад. Муҳимтар аз ҳама, продюсер бояд достони шуморо дӯст дорад, дар ғайри ин сурат, ҳеҷ коре аз дасташ намеояд. Продюсер метавонад дар кори худ филмҳои мухталиф дошта бошад. Вале агар ба лоиҳаи шумо таваҷҷӯҳи махсус надошта бошад, пас ҳатто агар ӯ барои бо шумо кор кардан розӣ бошад ҳам, аз ин ҳеҷ ҳосиле намебарояд.

Инчунин продюсерони бад – “арракунҳои буҷа” ҳастанд. Тавассути онҳо шумо метавонед аз Вазорати фарҳанг маблағ гиред. Ман бо гузоштани як қатор шартҳо (достон таърихи маҳаллӣ дошта бошад, ӯ дахолат намекунад, ки ман дар оянда бо ин лоиҳа ба куҷо меравам) бо чунинҳо кор кардаам. Аммо ин як намунаи бад аст. Агар шумо мехоҳед, ки одамон филми шуморо тамошо кунанд, бо нафароне кор кунед, ки саргузашти шуморо дӯст медоранд.

 

ОПЕРАТОР

Елена Демидова:

— Мушкилот бо наворбардорон метавонанд дар кишварҳое бошанд, ки дар онҳо филмбардорӣ рушд накардааст. Умуман, наворбардорон зиёданд. Ҳастанд наворбардороне, ки барои телевизионҳо кор мекунанд ё онҳое ҳастанд, ки сериалҳоро «чоп» мекунанд. Онҳо филми шуморо хароб мекунанд. Бояд наворбардорони касбии филми мустанад ё ин, ки хатмкунандагони донишгоҳи соҳавиро ба кор ҷалб кунед. Бо наворбардор муносибати роҳат доштан зиёд муҳим аст.

Ман аксари филмҳоро худам ба навор мегирам. Филмҳои маҳрамонае мавҷуданд, ки миёни ману қаҳрамон нахҳое кашида мешавад ва пайдо шудани боз як шахси дигаре метавонад ин нахҳоро канда кунад.

Шахида Тулаганова:

— Ман ҳеҷ гоҳ барои наворбардор пули зиёд надорам. Барои наворбардор «баланд бурдани» маблағ душвор аст. Ман аксар вақт мустақилона ба навор мегирам ва кӯшиш мекунам, ки аз илоҷаш бароям. Пас аз он ман шахси дуюмро ҳамчун ёвар қабул мекунам, ки гузаришҳоро ба навор гирад ва ғ. Ман ҳатто як фикри аҷибе доштам: хостам, ки дар курсҳои наворбардорӣ таҳсил кунам. Вале ин хеле гарон аст. Сабаби дигаре ҳаст, ки чаро ман зуд-зуд наворбардорӣ мекунам: ман дар кишварҳои на онқадар ором кор мекунам, ки дар он ҷо шумо бояд барои аъзоёни гурӯҳи кории худ масъул бошед. Ва то чанде тими корӣ калонтар бошад, кори марбут ба идоракунӣ низ бештар мешавад.

КОРГАРДОНИ ТАНЗИМ

Шахида Тулаганова:

— Ман истифодаи танзимгарони телевизион ё барномаҳои хабариро тавсия намедиҳам. Ба шумо шахсе лозим аст, ки эҷод кардан метавонад, қиссаро бо тасвирҳо гуфта тавонад. Забони тасвир — забони интихобкардаи коргардони танзим аст. Ин ҳам филми ӯ аст. Шумо бояд гӯш кунед, интихоб кунед: оё танзимгар дар филмҳои ба ин монанд кор кардааст? Касе, ки дар бораи мӯд филмҳо танзим кардааст, барои таҳияи филм дар бораи Ироқ намешавад. Муҳим он аст, ки ӯ манфиатдор бошад, то ки ӯ ҳам филмро дӯст дорад.

Елена Демидова:

— Аз сабаби камбуди маблағ, бисёриҳо коргардони танзимро ба кор намегиранд. Мустақилона танзим мекунанд. Албатта мо медонем, ки чӣ гуна тугмаҳоро пахш кардан лозим аст. Вале коргардони танзим як каси дигар аст. Ин нафарест, ки диди шахсии қиссаро дорад ва дар ба  тавозун даровардани филм кӯмак мерасонад. Барои шумо, ҳамчун коргардон ва аксар вақт наворбардор, дар ин филм ҳама чиз муҳим мебошад: дар ин ҷо эҳсосоти одам хуб аён аст, ҷойи дигар, лаҳзаҳоест, ки шумо барои ба навор сабт кардани онҳо ба кӯҳ баромадеду қариб буд, ки кушта мешудед. Барои ин кадрҳо дили шумо месӯзад. Ва коргардони танзим бошад берун аз ин қиссаву эҳсосот аст. Ӯ дар сохтани филми қавӣ кӯмак мекунад. Ва ҳамзамон, бояд ҳавас бошад, бе шӯру ҳавас кор хуб анҷом намешавад.

Шоҳида Тулаганова, рӯзноманигори муқими Лондон аз Ӯзбекистон аст. Вай солҳои дароз дар BBC-и Лондон, “Радиои Озодӣ” дар Прага фаъолият кардааст. Солҳои охир, ӯ ҳамчун як рӯзноманигори мустақил дар гармтарин нуқтаҳои ҷаҳон кор мекунад.

Елена Демидова коргардон, оператор, муҳаррир ва продюсери рус аст. Таҳсилоти аввалро дар  — МВТУ ба номи Бауман, маълумоти коргардонӣ дар мактаби филмҳои мустанади Internews (коргоҳи Марина Разбежкина). Узви Гилдияи филмсозони Федератсияи Русия ва Гилдияи филмҳои бадеӣ. Аз соли 2006 инҷониб вай зиёда аз 10 филми мустанадро ба навор гирифтааст.

Рӯзи 10 уми март “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ» оғоз шуд. Машғулиятҳои назариявӣ то 15 уми апрел, дарсҳои амалӣ ва дастгирии мураббигӣ то 25 уми июн идома хоҳанд ёфт. Дарсҳои мактаби онлайнӣ, дар платформаи Zoom баргузор мешаванд. Забони таълимӣ русӣ аст. Ҳамзамон тарҷума ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад. Барои иштирок дар мактаб коргардонони ҷавон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интихоб карда шудаанд. Дар аввал ширкаткунандагон шаш ҳафтаи таълими пуршиддат бо коргардонони машҳури филмҳои мустанад ва мураббиёни байналмилалӣ, супоришҳои хонагӣ, семинарҳо, намоиши филмҳо ва мубоҳисаҳо хоҳанд дошт. Баъдан, ду моҳи наворбардориву танзим, таҳияи филми мустанад таҳти роҳбарии мураббиёни мактабро бар ӯҳда доранд.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ