ДомойХудомӯзЖурналистикаи додаҳо (дата-журналистика) чист ва чаро он ба ҳама дар Осиёи Марказӣ...

Журналистикаи додаҳо (дата-журналистика) чист ва чаро он ба ҳама дар Осиёи Марказӣ зарур аст

Посухдиҳандагони рӯзноманигори додаҳо (дата-журналист) – рақамҳое мебошанд, ки ба ВАО дар бораи қиссаҳои ҷолиб нақл мекунанд. Мутахассисон мегӯянд, ки дар ояндаи наздик маҳоратҳои кор бо додаҳо ба ҳамаи рӯзноманигорон зарур мешаванд ва онҳо бояд  ба забони рақамҳо гап заданро ёд гиранд. Инро чӣ гуна метавон анҷом дод ва оё додаҳо дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати кор кардан барои ин гуна рӯзноманигор кофӣ мебошанд – дар варақаҳои махсуси «Новый репортер» дар ин бора мутахассисони минтақавӣ, муассисони “Школа данных”-и Қирғизистон Алтинай Мамбетова ва Чолпон Узакбаева нақл мекунанд.

Чӣ рух дод?

Дар Тоҷикистон Мактаби шашмоҳаи журналистикаи додаҳо ба охир расид, ки онро Маркази ТИК бо дастгирии Internews дар Тоҷикистон баргузор намуд. Хатмкунандагони  Мактаб нӯҳ мутахассис буданд, ки корро дар расонаҳои маҳаллӣ идома хоҳанд дод. Намунаҳои кори онҳоро метавон дар ин ҷо ё дар ин ҷо мушоҳида кард.

Зимнан, дарсҳои интенсивӣ дар Мактаб аз ҷониби мутахассисони минтақавӣ оид ба журналистикаи додаҳо, муассисони “Школа данных”-и Қирғизистон Анастасия Валеева, Алтинай Мамбетова ва Чолпон Узакбаева, инчунин мутахассиси Internews ИМА доир ба кор бо додаҳои калон Эва Константарас баргузор карда шуданд.

Алтинай Мамбетова

Аммо дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ дар Осиёи Марказӣ додаҳои дастрас бисёр кам мебошанд…

Албатта, бузургтарин дорандаи додаҳо давлат аст ва мақомот бояд иттилоотро бо дастрасии озод дар сайтҳои идораҳои омор ё порталҳо ҷойгир намоянд. Ба таври мисол, бузургтарин махзани миллии иттилоотии боз дар Тоҷикистон – сайти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон stat.tj мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар Осиёи Марказӣ принсипи боз будани додаҳо ба тозагӣ ба роҳ андохта шудааст. Ба таври мисол, мо, ҳамчун рӯзноманигорон, ҳуқуқ дорем, ки ҳар гуна додаҳоро дархост кунем, ба истиснои додаҳое, ки ба амнияти миллӣ, сирри давлатӣ ва ғайра дахл доранд. Ғайр аз ин, мумкин аст аз махзанҳои иттилоотии байналмилалӣ истифода кард, масалан, яке аз калонтарин махзанҳои иттилоотӣ махзани Бонки ҷаҳонӣ мебошад.

Аммо агар иттилооти зарурӣ аз манбаъҳои боз пайдо карда нашавад, мумкин аст он бо тарзҳои дигар ҷамъоварӣ карда шавад.

Аз куҷо метавон додаҳоро ба даст овард?

Дар ҳолати идеалӣ дар дастрасии боз ба шакли қобили хондан. Ҳар шахси хоҳишманд метавонад онҳоро боргирӣ  намояд ва бо онҳо бо салоҳдиди худ кор кунад, масалан, таҳия намудани мавод дар бораи сатҳи саводи мактаббачагон дар Қирғизистон. Бо вуҷуди ин, дар минтақаи мо, на ҳама сохторҳои давлатӣ додаҳои бозро мубодила мекунанд. Аз ин рӯ, чунин иттилоотро метавон (ва бояд!) дархост кард, тавре ки, ба таври мисол, инро рӯзноманигорони нашрияи “Kloop” ҷиҳати омода кардани мақола дар бораи ифлосшавии ҳаво дар Бишкек анҷом доданд.

Агар додаҳо дар ҷадвалҳои маъмулии қобили хондани мошин барои рӯзноманигор мавҷуд нестанд, аммо дар вебсайтҳо, нашриёт ё дар чандин сафҳаи веб вуҷуд доранд, метавонед аз барноманависон ё сервисҳои онлайн барои скрейпинг истифода кунед. Ин намунаи қисса — додаҳоест (дата-история), ки асоси онҳоро додаҳои скрейпинг ташкил медиҳанд.

Агар ин методҳо мувофиқ набошанд, метавон аз краудсорсинг истифода намуд (аз забони англисӣ crowdsourcing, crowd – «издиҳом» ва sourcing – «истифода аз захираҳо») – ин ҷалб кардани шумораи зиёди одамон барои ҷамъоварии додаҳо мебошад. Масалан, бо истифода аз методи мазкур рӯзноманигорон қиссаеро дар бораи он таҳия намуданд, ки чӣ гуна анъанаҳои тӯй дар Қирғизистон боиси камбизоатӣ мешаванд.

Кадом додаҳо вуҷуд дорад?

Ду намуди додаҳо вуҷуд доранд – миқдорӣ ва сифатӣ. Ба додаҳои сифатӣ ҳамаи чизҳое дахл доранд, ки сифат ё аломатҳо, категорияҳоро (вазъи оилавӣ, ранги мӯй) дар бар мегиранд. Ба додаҳои миқдорӣ додаҳо дар шакли рақамҳо дахл доранд. Ба таври мисол, вазн, миқдор, масоҳат. Бо додаҳои миқдорӣ мумкин аст амалиётҳои гуногуни математикӣ барои таҳлил гузаронида шаванд (ба таври мисол, ҳисоб кардани афзоиши миёна дар гурӯҳ) ва додаҳои сифатиро асосан ҷамъ намуда, бо якдигар муқоиса мекунанд (кӣ бештар аст – шахсони малламӯй ё сиёҳмӯй). Додаҳо – «инъикоси» рӯйдодҳое мебошанд, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд. Мо ҳар рӯз додаҳоро ҳосил мекунем – дар як рӯз/моҳ/сол чанд қадам ва чанд километр масофаро тай кардем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд паём (пост) нашр намудем ва чанд маротиба дастаи футболи дӯстдошта ғолиб/мағлуб шуд.

Фарқи байни журналистикаи додаҳо ва журналистикаи муқаррарӣ чист?

Воситаҳои кор, манбаъҳои иттилоот, рӯйкард (подход) ба кор. Аммо боз ҳам, журналистикаи додаҳо – журналистикаи босифат аст, ки бояд бо такя ба додаҳо ва манбаъҳои боэътимод асос ёбад. Дар журналистикаи классикӣ, расонаҳо иттилоотро аз коршиносон мегиранд ё онро дар ҳуҷҷатҳо пайдо мекунанд; дар журналистикаи додаҳо бошад, додаҳо ба мо нишон медиҳанд, ки ба куҷо назар кунем ва дар куҷо кобем. Аммо хулосаҳои бароварда аз ҷадвалҳо сабаби онро намегӯянд, ки чаро ин тавр рух медиҳад. Додаҳо ва хулосаҳои мо аз таҳлил ба мушкилот ва холигоҳҳо ишора мекунанд, ки мо бояд таҳқиқ намуда, сабабҳо ва таъсири онҳоро фаҳмем.

Оё метавон гуфт, ки маводҳои додаҳо (дата-материалы) нисбат ба маводҳои муқаррарӣ сифати баландтар доранд?

Албатта, зеро дар маводҳои додаҳо таҳлил ва хулосаҳо ба додаҳои мушаххас асос ёфтаанд. Рақамҳо барои омӯхтани моҳияти мушкил ва фаҳмидани сабабҳои он кӯмак мекунанд. Ҳамин тавр, маводҳои додаҳо ба хонанда иттилооти бештар босифатро пешниҳод мекунанд, ки бар асоси он мухотабон барои худ, оилаи худ, ҷомеа ва давлат қарорҳои асосдорро қабул менамоянд.

Чолпон Узакбаева

Зимнан, бо афзоиши ҳаҷми иттилооти рақамӣ, қобилияти фаҳмидани он ва кор кардан бо он маҳорати асосӣ барои рӯзноманигорон мешавад. Ба таври мисол, ба кори рӯзноманигорон ҳангоми пандемия назар кунед: ҳар рӯз додаҳои нав пайдо мешуданд ва рӯзноманигорон бояд онҳоро дар вақти воқеъӣ коркард мекарданд, то ахборе нависанд, ки барои ҷомеа муҳим бошанд. Ҳамаи додаҳо дорои шумораи зиёди қиссаҳо ҳастанд ва кор карда натавонистан бо онҳо, маҳрум кардани хонандагони худ аз иттилооти зарурӣ мебошад.

Дар чӣ муддат ва дар куҷо метавон журналистикаи додаҳоро омӯхт?

Муҳлатҳои мушаххас вуҷуд надоранд, барои ҳар шахс ба таври гуногун, аммо ҳатто пас аз омӯзиш бояд маҳоратҳои худро дар амал истифода кард ва тамоюлҳоро пайгирӣ намуд. Имкониятҳои зиёде барои оғози кор ба унвони рӯзноманигори додаҳо вуҷуд дорад. Тренингҳо оид ба журналистикаи додаҳо дар Осиёи Марказӣ воқеан мунтазам ва ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Ба таври мисол, Internews баргузор намудани барномаҳои таълимӣ оид ба журналистикаи додаҳо дар минтақа идома медиҳад ва эълонҳоро метавон дар сайти «Новый репортер», инчунин дар сайтҳои Internews дар Тоҷикистон, Internews дар Қазоқистон ва Internews дар Қирғизистон пайгирӣ кард.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ