Кино (синамо) барои рӯзноманигорон метавонад яке аз муҳимтарин навъҳои санъат ба шумор равад, зеро тамоми расонаҳои муосир ба он асос ёфтаанд. Бо вуҷуди ин, ба кино беадолатона танҳо як нақши фароғатӣ нисбат дода мешавад ва ҳатто худи расонаҳо на ҳамеша решаҳои худро дар ин технология мебинанд.
Дар бораи он ки чаро рӯзноманигорон бояд саводи синамоӣ дошта бошанд зимни ҷаласаи кушод дар доираи севумин MediaCAMP Eduton 2022 дар Осиёи Марказӣ коршиноси синамоии рус Камил Ахметов, нақл мекунад.
Нақши забони филми муосир чӣ гуна аст?
Дар асрҳои миёна одамон барои гирифтани маълумот имконият надоштанд, зеро тамоми фишангҳои ҳокимият ва инчунин монополияи савод ба калисо тааллуқ дошт. Он вақт китобҳо бо даст навишта шуда, нусхаҳо рӯнавис мешуданд. Аммо дар асри 15 Иоганнес Гутенберг мошини чопро ихтироъ кард. Ин чӣ маъно дошт? Китобҳо дар як нусха буданд, дастраси мардум набуданд ва ногаҳон имкони паҳн кардани китоб пайдо мешавад, миллионҳо китоб ба вуҷуд меоянд. Одамон ба китобхонӣ пардохта, аз адабиёти чопӣ саводу дониш меомӯзанд , ба фикр кардан оғоз мекунанд.
Бо ин асрҳои миёна ба охир расид ва давраи Эҳё (Ренессанс) оғоз ёфт. Иттилоот оммавӣ шуд, пас аз пайдоиши китобҳо рӯзномаҳо ба вуҷуд омаданд, онҳо ба чопи реклама (таблиғот) шурӯъ карданд ва тамоми ҷаҳон ҳамин тавр тағйир ёфт.
Дар охири асри 19, маҳз ҳамин гуна дигаргунӣ ба амал омад, танҳо ба ҷои дастгоҳи чоп технологияи синамо пайдо шуд — эҷоди пайдарпайи видео. Ва давраи расонаҳои муосир оғоз ёфт.
Такрори иттилоот:
- XV — Иоганнес Гутенберг
- XVII — рӯзномаҳо
- Охирҳои XIX — филмсозӣ
- Аввалҳои асри XX — радио
- Миёнаи асри XX — телевизион
- Охири асри XX – Интернет
Филм чист?
Ҳамаи расонаҳо бо забони санъат ҳарф мезананд. Аммо барои фаҳмидани ин забон, шумо бояд контекстро донед. Қазоқҳо ҳайкали себро дида, мефаҳманд, ки ин рамзи Алмаато аст, барои русҳо танҳо пайкараи себ аст.
Пеш аз филмсозӣ инсон се намуди санъат дошт: наққошию аксбардорӣ, адабиёт ва театр. Филм – ин синтези ҳар се намуди санъат аст. Ҳар як намуди санъат ба таври ҷудогона имкониятҳои бузург дорад, аммо маҳдудиятҳо низ мавҷуданд. Филм барои аз байн бурдани ҳама маҳдудиятҳо кумак мекунад ва ҳама имкониятҳоро бо ҳам истифода мебарад.
Забони филм — системаи воситаҳо барои интиқоли маънои филм мебошад.
Ҷанбаҳои забони филм:
- Ҳикоят (аз адабиёт) — композитсияи асар, нақл, фабула ва сюжет, конфликти нақлӣ, характери персонажҳо.
- Аёният (аз наққошӣ) – тан ва ранг, нуру соя ва нақшу нигори оҳангдори (тоналии) равшан, символизми ранг, роҳҳои таъсири мутақобилаи хатҳо, далелҳо (фактура), бофт (текстура).
- Муваққатӣ (аз театр) — дарозии замон, суръат.
Таҳаввули кино дар 128 сол
Кинетоскоп соли 1893 ихтироъ карда шуд. Сеанси бародарон Люмерҳо соли 1895 барпо гардид ва он аз аввалинҳо набуд. Дар соли 1895 дар саросари Аврупо кӯшишҳои зиёде барои табдил додани кинетоскоп ба экран сурат гирифтанд, аммо Люмерҳо беҳтарин технологияро ба вуҷуд оварданд ва муҳимтар аз ҳама, онҳо тавонистанд ҳаётеро, ки ба бинандаҳо ҷолиб буд, нишон диҳанд: қатора чӣ тавр меояд, одамон чӣ тавр барфбозӣ мекунанд. Расмҳои оддии ҳаётро нишон медоданд ва аз ин рӯ, филмҳои онҳо хеле маъруф буданд. Онҳо чизҳои ҷолиб, аммо аз ҳаёт дур набуданд. Дар ҳамаи китобҳои дарсӣ онҳо на танҳо офарандагони кинематография, балки офарандагони қисмати нақли он низ ба шумор мераванд.
Тамоми кино ба ду қисм тақсим мешавад: нақлӣ ва тасвирӣ.
Зеро кино ҳам ҷанбаҳои нақлӣ ва ҳам тасвирӣ дорад. Ҳамин ки мо онро ҳамчун мутахассис истифода мебарем, мо бо расонаҳо ба таври дигар кор мекунем. Вақте ки мо мефаҳмем синамо ҷанбаи нақлӣ ва тасвирӣ дорад ва имкон медиҳад, ки ҳикоя на танҳо тавассути тасвир, балки тавассути чӣ гуна гузошта шудани рӯшноӣ, ҳалли ихтилофи рӯшноӣ ва соя, кадом зовия (ракурс) истифода мегардад, нақл карда шавад. Ҷанбаи визуалӣ ниҳоят муҳим аст, ба хотири он мо ба филм таваҷҷуҳ мекунем. Агар шумо танҳо сенарияро бо кумаки бозигарон нақл кунед, пас филм ба гумон аст, ки ин қадар шавқовар бошад. Ва агар Люмерҳо асосгузорони синамои нақлӣ шуданд, пас Ҷорҷ Мелиси фаронсавӣ, ки эффектҳои вижа ихтироъ карда, дар бораи сафар ба Моҳ филм таҳия кардааст, асосгузори ҷанбаи визуалӣ маҳсуб мешавад.
Баъдтар, филмсозон ба омӯхтани тарзи ба ҳам пайвастани тасвир ва нақл шурӯъ карданд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Эйзенштейн ва дар Япония Акира Куросава дар шумори аввалин ин гуна коргардонҳо буданд. Ин анъанаро Тарковский ва Бергман давом доданд. Забони филм таърихи тӯлонӣ дорад, ки бояд омӯхта шавад. Синамо танҳо вақтхушӣ нест. Синамо байни ин ки мехоҳад санъат бошад ва ин ки бояд ҷаззоб бошад қарор дорад, зеро дар акси ҳол он пул кор карда наметавонад.
Таърихи кино нишон медиҳад, ки 10-15 соли ҷаззобият мегузарад, ки пас аз он давраи реализм фаро мерасад. Имрӯз, ба шарофати технология, дар синамо ҷаззобияти зиёде вуҷуд дорад, аммо тавре ки таърихи синамо омӯзиш медиҳад, одамон барои реализм дилтанг ҳастанд. Ва дар давоми 10 соли охир бисёр филмҳои реалистй пайдо шудаанд. Масалан, филми «Айка»-и режиссёр Сергей Двортсевой мисоли равшани синамои реалистй мебошад.
Ҳамин тариқ, тамоми дастовардҳои синамо моро водор мекунад, ки дар бораи он андеша кунем, ки забони синамо дар расонаҳои муосир чӣ нақш мебозад ва чӣ гуна метавон аз он босамар истифода кард. Забони синамо на танҳо нақл кардани ҳикоя аст. Кӯшиш кунед, ки дар бораи он бештар маълумот гиред ва ин дар фаъолияти касбии шумо кумак хоҳад кард.
Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.