Истифодаи ибораи «фейк-нюс» ё «ахбори қалбакӣ» аз соли 2016 то имрӯз 365% афзоиш ёфтааст. Ҳоло мо қариб ҳар рӯз бо иттилооти бардурӯғ ва қалбакӣ дучор мешавем. Аз ин рӯ, барои рӯзноманигорон хеле муҳим аст, ки барои фактчекинг вақт ҷудо кунанд. Рӯзноманигор, хабарнигор ва таҳиягари филмҳои мустанади шабакаи “Ал-Ҷазира” Робин Форрестиер-Уолкер дар лексияи худ дар омӯзиши (тренинги) онлайнии «Маҳоратҳои асосии рӯзноманигорӣ» асрори беҳтар анҷом додани ин корро ошкор кард.
Фактчекинг ё санҷиш: оё фарқияте вуҷуд дорад?
Пеш аз оғози кор, шумо бояд фарқи байни фактчекинг ва санҷиши оддии иттилоотро бифаҳмед. Инҳо ду тарафи як танга мебошанд. Вақте ки сухан дар бораи санҷиш меравад, ин дар назар аст, ки мо ҳамчун рӯзноманигор пеш аз интишори хабарҳо барои худамон чӣ кор мекунем. Ин гузориши мост, ки мо бояд пеш аз нашр онро тафтиш кунем. Барои ин мо далелҳои ибтидоӣ, додаҳо аз манбаъҳои аслиро истифода мебарем.
Ва тарафи дигари тангаи мо санҷидани фактҳо мебошад. Ин аст он чизе ки мо барои дигарон мекунем, зеро мо-рӯзноманигорон, мисли дигарон, истифодакунандаи иттилоот ҳастем. Мо на танҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ба хабарҳои дигаре, ки ба хабарнигорони дигар дахл доранд, такя мекунем. Аммо, новобаста аз он ки маълумот дар назари аввал то чӣ андоза дуруст менамояд, мо бояд онро дубора санҷем (тафтиш кунем).
Манбаъҳои иттилоотро чӣ гуна бояд санҷид?
Қадами №1 Санҷиши пайдоиш
Мо бояд ба худ савол диҳем: маълумот аз куҷо пайдо шудааст, агар он аз имрӯз не, балки аз гузашта бошад, эҳтимол дорад, ки онро аз контекст бурида гирифта бошанд?
Қадами №2 Санҷиши муаллиф
Мо бояд манбаъҳоро бисанҷем, ки кӣ инро наворбардорӣ кардааст. Азбаски “Ал-Ҷазира” соли гузашта дар вақти бесарусомониҳо дар Боку гурӯҳи наворбардорӣ надошт ва вобаста ба пандемия, монанди бисёр расонаҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорон натавонистанд дар он ширкат кунанд, аммо метавонистанд ба муҳтавои аз ҷониби корбарон тавлидшуда такя кунанд. Муайян кардан мумкин гардид, ки Элнур Элиев, ки наворро пешниҳод кардааст, аз Боку аст ва тирпарронӣ маҳз ҳамон шаб сурат гирифтааст. Инро дар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо мушоҳидаи дақиқи нуктаҳои мавҷуд дар видео ва ғайра санҷидан мумкин аст.
Қадами №3 Мутобиқати вақт
Ба мо лозим аст, ки бори дигар санаро тафтиш кунем: замоне ки эҳтимолан видео ба навор гирифта шудааст.
Қадами № 4 Санҷиши макон — дар куҷо бояд ба навор гирифта шуда бошад.
Қадами №5 Биандешед, ки чаро шумо бояд онро интишор кунед.
Шояд муаллифони баъзе нашрияҳо барои мунташири иттилоот бо зерматни мушаххас сабабҳои худро дошта бошанд. Бояд ангезае, ки муҳтаво ба хотири он ба нашр расидааст, муайян карда шавад.
Ва барои эътимоди бештар ва каме суръат бахшидан ба раванди санҷиш, шумо метавонед абзорҳои махсусро истифода баред:
Tineye.com —ин як сайти ҷустуҷӯи аксҳои баръакс аст. Барои санҷидани тасвир ва манбаи аслии он, шумо бояд худи аксро кушоед, URL-и онро нусхабардорӣ (скопировать) кунед ва онро дар сатри ҷустуҷӯи сайт гузоред.
WolframAlpha — обу ҳавои шаҳри мушаххаси ҷаҳонро дар таърихи рӯзи мушаххас ҷустуҷӯ мекунад, то бубинад, ки оё ҳавои воқеӣ бо тасвирҳои дидаамон, масалан, дар видео, мувофиқат мекунад.
Who is — сервисе аст барои тафтиши вебсайтҳо. Бо кумаки он, мо метавонем фаҳмем, ки сайт кай ба қайд гирифта шудааст, шояд нишондодеро пайдо кунем, ки оё он муътабар аст, оё он муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад. Шумо бояд танҳо суроғаи IP-ро нусхабардорӣ ва ҷустуҷӯро оғоз кунед.
Jefferey’s Image Metadata Viewer —мета-додаҳои аксҳоро нишон медиҳад ва ба шумо мегӯяд, ки акс дар куҷо гирифта шудааст, кай гирифта шудааст ва дар он тасвири чӣ нишон дода мешавад.
Forensically — сайтест, ки ба мо имкон медиҳад, ки тасвирро калонтар кунем, ба ҷузъиёти хурд нигоҳ кунем ва нуктаҳоро барои ин ки ҳаққонияти аксҳоро тафтиш кунем, новобаста аз он ки онҳо таҳриф шудаанд ё на, ба даст орем.
FactCheck.kz — як манбаъи қазоқӣ барои тасдиқи дурустии иттилоот аст.
Ва дар ниҳоят, мо ҳеҷ гоҳ 100% итминон дошта наметавонем, ки тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то боварӣ ҳосил шавад, ки ҳақиқатро нашр менамоем. Мо бояд аз худ бипурсем, ки пеш аз пахш кардани тугмаи “нашр” то чӣ андоза мо роҳат ҳастем.
Ин тавсияҳо бар асоси суханронии Робин Форрестиер-Уолкер дар тренинги онлайнии «Маҳоратҳои асосии рӯзноманигорӣ« таҳия шудааст, ки дар чаҳорчӯби барномаҳои MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.