ДомойМедиалента«Феминизм дар ҷомеаи мо як калимаи таҳқиромез аст»: чӣ гуна рӯзноманигорони зан...

«Феминизм дар ҷомеаи мо як калимаи таҳқиромез аст»: чӣ гуна рӯзноманигорони зан дар Тоҷикистон дар бораи баробарии гендерӣ менависанд

Рӯзноманигорони тоҷик, ки дар бораи баробарии гендерӣ гузориш медиҳанд, бо иттиҳоми омода кардани матлабҳои фармоишӣ ва таъқиб аз ҷониби аудитория рӯбарӯ мешаванд. Онҳо тасмим надоранд, ки корро дар ин самт бас кунанд, аммо баъзан онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба худ фурсат диҳанд, то аз нофаҳмиҳо, ҳатто аз ҷониби онҳое, ки ин муҳтаво барои онҳо сохта шудааст, истироҳат кунанд. Тафсилот дар бораи кори онҳо дар мақолаи «Хабарнигори нав» («Новый репортер») мавҷуд аст.

Чанд ҳафта пеш дар шабакаи YouTube-и рӯзноманигор ва коргардони тоҷик Далери Имомалӣ мусоҳибае бо рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Нисо Расулова нашр шуд. Нисо Расулова аз камтарин афроде дар Тоҷикистон аст, ки худро ошкоро феминист мехонад. Ин хабар 27 ҳазор боздид (барои Тоҷикистон ин нишондиҳандаи хуб аст) ва беш аз ҳазор шарҳро (комментария) аз тарафи корбарон ҷамъоварӣ кардааст.

— Аз инҳо ҳамагӣ ду дарсад чизи муносиб навиштаанд, — мегӯяд Нисо, — ҳамаи боқимонда маро ба бадбахтӣ, надоштани ҳаёти шахсӣ, пул гирифтан айбдор карданд ва як нафар ҳатто пулисро хабар кардааст, ки бо ман бархурд кунад.

Нисо дар ин мусоҳиба ҳеҷ чизи радикалӣ нагуфтааст: чун ҳамеша, ӯ шарҳ додааст, ки чаро масъалаи гендериро матраҳ кардан муҳим аст, ҳаққи худро барои тоҷик будан ва ҳамзамон ҷонибдори ақидаҳои феминизм будан собит кардааст ва дар бораи судмандии феминизм ба худи мардон суҳбат намудааст. Аммо шореҳон (коментаторҳо) чун ҳарвақта бераҳм буданд.

«Ман медонистам, ки аудиторияи Далер маро қабул намекунанд, намефаҳманд, аммо ман наметавонам дар бораи идеяҳои феминизм танҳо дар платформаҳои ҳассоси гендерӣ суҳбат кунам, ман бояд дар ин бора бо одамони дигар суҳбат кунам, ки аксари вақтҳо ҳатто намефаҳманд, ки ман барои чӣ мубориза мебарам”, — шарҳ медиҳад рӯзноманигор.

Нисо худаш ба навиштан дар бораи баробарии гендерӣ ва баъди чанд сол ширкат кардан ҳамчун коршинос дар муҳтавои ҳамкорони худро шурӯъ кард. Вай иқрор мешавад, ки дар аввал шарҳҳои аудиторияи ӯ аз қабили  «аблаҳ», «даҳшатнок» ва ғайра буданд, аммо ҳоло онҳо дигар шудаанд.

— Ҳоло ман бештар баррасиҳоеро мебинам, ки пур аз нафратанд, аммо дар онҳо на беэътиноӣ, балки тарс дида мешавад. Метарсанд, ки ақидаҳои ман ба зану хоҳару духтаронашон писанд ояд, — мегӯяд Нисо.

Илова ба суханронӣ дар расонаҳои маҳаллӣ, Нисо эҷоди муҳтаворо дар мавзуъҳои гендерӣ дар ҷойҳои гуногун идома медиҳад. Масалан, соли дуюм аст, ки вай ба ҳайси мунаққиди расонаӣ дар вебсайти «Новый репортер» дар бораи заноне, ки дар Тоҷикистон муваффақанд, нақл мекунад ва бо фаъолон ҷиҳати эҷоди сиёсати гендерӣ барои созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳатто Нисо ва бисёр фаъолони дигар дар гурӯҳҳои хурд муттаҳид шуда, ба заноне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, кумак мекунанд.

Вай саргузашти духтари дувоздаҳсолаеро ба ёд меорад, ки муддати тӯлонӣ аз ҷониби ҳамсояаш таҷовуз мешуд. Муҷозоти мард ин шуд, ки рост аз толори суд озод гардид. Сипас ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин ҳодиса дахолат кард. Нахуст, сиёсатмадор Раҳматилло Зоиров дар бораи ин қазия навишт, фаъолон ба ҳимоят аз ин духтар флешмоб роҳандозӣ карда, муроҷиатнома омода карданд ва баҳсу мунозираро ба вуҷуд оварданд. Дар натиҷа созмони “Ташаббуси ҳуқуқӣ” ба ҳимояти кӯдак бархост ва ин мард дубора ба додгоҳ кашида шуд.

— Ва он вақт шахсоне пайдо шуданд, ки дар коментарияҳо менавиштанд, ки духтари ҷабрдида 12 сола ба назар намерасад, худи ӯ гунаҳкор аст, волидонаш гунаҳкоранд ва ғайра. Вале ба ин гуна фикрҳо нигоҳ накарда, мо тавонистем адолатро барқарор кунем. Ва ин бори аввал нест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мушкилотҳои ҷиддиеро ҳал мекунад. Масалан, як-ду сол қабл аз ин озору азият дар хиёбонҳо ҳодисаи муқаррарӣ ба шумор мерафт. Пас аз он ки рӯзноманигорон ва фаъолон дар ин бора ба навиштан шурӯъ карданд, мушкилот дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд ва ҳоло полис ҳадди ақал ба таъқиб ва ҳатто муҷозоти қонуншиканон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, — мегӯяд Нисо.

Насли нав феминизмро қабул мекунад

Дувумин рӯзноманигоре, ки идеяҳои баробарии гендериро таблиғ мекунад, Алия Ҳамидуллина, корманди нашрияи «Азия-Плюс» мебошад.

— Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маро ҳамчун як феминисти сарсахт мешинохтанд, ҳарчанд дар дидгоҳҳои ман ҳеҷ чизи радикалӣ нест. Ман зуд-зуд бо духтарони феминист суҳбат мекардам, ақидаҳои онҳоро ба назари худ шабеҳ ёфтам ва хатареро дар феминизм намебинам. Ман бо ин занҳо ҳамраъй ҳастам ва азму иродаи онҳоро қадр мекунам. Дар ҷомеаи мо дар бораи феминизм ва баробарии гендерӣ ҳарф задан хеле душвор аст ва онҳо на танҳо истилоҳоти замони муосирро гирифтаанд, балки воқеан дарк мекунанд, ки ин кори хеле муҳим аст, — шарҳ медиҳад Алия.

Дар матнҳои худ Алия дар бораи принсипҳои ибтидоии баробарии гендерӣ суҳбат мекунад, аммо ҳатто ин барои барангехтани ҳамон шарҳҳои хашмгинона кофӣ аст. Масалан, дар яке аз матнҳои охирини Алия дар бораи он ки оё Тоҷикистон ба феминизм ниёз дорад, нақл мекунад: коршиносон тавзеҳ медиҳанд, ки идеяҳои баробарии гендерӣ бо ислом мухолифат надоранд, ҳимояи ҳуқуқи зан ба рушди тамоми ҷомеа мусоидат мекунад, аммо аудитория то ҳол изҳори норизоиятӣ мекунад.

— Ҳамаи феминистҳо ва афроди ҳамназар бо онҳо аз тарафи ҷомеа таҳқир мешаванд, аммо онҳо кори худро бас намекунанд. Моро аксари  вақтҳо айбдор мекунанд, ки бо фармоиш кор мекунем, тавассути грант кор мекунем, аммо ман барои ин мавзуъҳо ҳеҷ гуна грант намегирам, ман танҳо дар ин бора навиштанро дӯст медорам. Ростӣ, вақтҳои охир ман фикр мекардам, ки вақти танаффус расидааст, таҳқирҳои воқеӣ аллакай оғоз шудаанд, ин маро нороҳат мекунад, пӯсти ман он қадар ғафс нест, ки ба ҳамаи ин тоқат кунам, — иқрор мешавад Алия.

Дар мавриди ҳамкасбон бошад, ба гуфтаи Алия, вай ҳамлаи онҳоро барои ин мавзуъҳо надидааст. Гузашта аз ин, масалан, кормандони хадамоти смм-и гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи шарҳҳои таҳқиромезро зуд ҳазф мекунанд ва дар ҳар ҷое, ки имкон дорад, бо корбарон ба баҳсу мунозира ворид шуда, кӯшиш мекунанд, ки андешаҳои Алияро дар маводҳои худ нақл кунанд.

— Албатта, аз ҷониби ҳамкорон ва коршиносон дастгирӣ ба назар мерасад, ки дар омода кардани муҳтаво ба ман кумак мекунанд, баъзан шахсони ношинос дар паёми шахсӣ менависанд ва мегӯянд, ки бо мавқеи ман розӣ ҳастанд, — мегӯяд рӯзноманигор.

Илова бар ин, вай муътақид аст, ки фаҳмонидани идеяҳои баробарии гендерӣ ва феминизм ба ҷавонони пешқадами тоҷик умуман лозим нест, зеро онҳо худашон инро хуб мефаҳманд ва қабул мекунанд.

Мисли Алия, Нисо низ аз ҷониби ҷомеаи коршиносон ва дигар фаъолон пуштибониро эҳсос мекунад.

— Маро бисёр фаъолони гендерӣ таҳсин мекунанд ва ба ман илҳом мебахшанд, масалан, яке аз онҳо Зулайхо Усмонова аст, зане, ки шахсан барои ман дар мавриди омӯхтани феминизм ва баробарии гендерӣ корҳои зиёде анҷом додааст, ман пайваста бо ӯ дар тамос ҳастам ва аз ҷониби ӯ дастгирии қавӣ мебинам. Вай як феминист бо ҳарфи калон, хеле шоиста ва лоиқ аст. Мо Малика Ҷӯрақулова ҳам дорем — вай ҳеҷ гоҳ аз канори чизе намегузарад, вай ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба занони ба вазъияти душвор дучоршуда ёрӣ расонад, дигар фаъолонро дастгирӣ мекунад. Ва мо чунин номҳо зиёд дорем, ҳамаи ин занҳо бо мавридҳои даҳшатнок кор мекунанд ва ҳеҷ чиз садди онҳо намегардад ва ин маро бисёр рӯҳбаланд мекунад, — мегӯяд Нисо.

«Аз суҳбат дар бораи феминизм натарсед»

Шахсе, ки Нисо дар бораи ӯ суҳбат мекунад, Зулайхо Усмонова — сармутахассиси шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон аст. Воқеан, вай муҳимтарин коршиноси масоили гендерӣ дар муҳтавоҳои рӯзноманигорони тоҷик маҳсуб мешавад, худаш дар ин мавзуъ мақолаҳои илмӣ менависад ва дар барномаҳои оммавӣ суханронӣ мекунад.

— Тарғиби идеяҳои баробарии гендерӣ дар муҳити академӣ барои ман душвор нест, роҳбарият ва ҳамкорони институт маро дастгирӣ мекунанд, зеро онҳо дарк мекунанд, ки ин муҳим аст. Илова бар ин, идеяҳои баробарии гендерӣ бо сиёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг буда, ӯ пайваста аз зарурати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи мо ҳарф мезанад, — мегӯяд Зулайхо.

Вай танҳо аз ду рӯзноманигор ном мебарад, ки дар расонаҳои маҳаллӣ дар бораи масъалаҳои гендерӣ менависанд. Инҳо Нисо ва Алия ҳастанд. Якчанд коршиносону блогнависони маъруф ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоии худ дар ин маврид ҳарф мезананд, аммо ба далели нотавонбинии худ дар фаҳмонидани моҳияти баробарии гендерӣ ва феминизм, онро таҳриф мекунанд ва танҳо корро бадтар мекунанд.

— Ман аз ҳар гуна муҳтавое, ки ба ҳуқуқи занон бахшида шудааст, истиқбол мекунам, агар он хуб омода шуда бошад, аммо дар асл чизе намебинам. Нисо ва Алия менависанд, дигарон метарсанд, мафҳуми феминизм дар Тоҷикистон маъмул нест. Ҳарчанд ман намефаҳмам — онҳо аз чӣ метарсанд? Ин мавзуъ ҳатто бо мавқеи расмии мақомот мухолиф нест. Дар омади гап, аксари вақтҳо рӯзноманигороне, ки дар бораи гендер ҳарф мезананд, муттаҳам мешаванд, ки пул мегиранд. Пас, агар барои ин мавзуъҳо воқеан пул медоданд, рӯзноманигорони гендерӣ зиёд мешуданд, — шарҳ медиҳад Зулайхо.

Ба гуфтаи вай, зиёд будани теъдоди мухолифони феминизм дар Тоҷикистон ба тасаввуроти нодуруст дар бораи ҷунбиши занон, пояҳо, идеяҳо ва моҳияти он ва ҳамчунин бо бархурдҳои начандон қавии патриархалии аҳолии мард ва қисмате аз занон алоқаманд аст. Ба онҳое, ки мехоҳанд ин ақидаро тағйир диҳанд, Зулайхо тавсия медиҳад, ки сатҳи донишашонро баланд бардоранд, адабиёти махсусро мутолиа кунанд ва аз ҳеҷ чиз натарсанд.

Ба назари бисёриҳо мавзуъҳои баробарии гендерӣ, феминизм осон аст ва ҳама метавонанд онро дарк кунанд. Ин дуруст нест. Дар ҷомеае, ки идеяҳои баробарии гендериро қабул кардан намехоҳад, фаъолон бояд мавқеи худро равшан баён кунанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо чунин мутахассисон намерасанд. Занҳое ҳастанд, ки бетафовут нестанд, аммо ба онҳо кумак кардан лозим аст, то дар ин мавзуъ дониши муносиб гиранд, — мегӯяд Зулайхо.

Алия низ мувофиқ аст, ки донишу огоҳӣ дар ин замина зарур аст. Вай мегӯяд, мавзуъҳои баробарии гендерӣ хеле амиқтар аз он аст, ки дар назари аввал ба назар мерасад ва кор дар ин гуна мавзуъ осон нест. Дар навбати худ, Нисо бар ин назар аст, ки дар бораи баробарии гендерӣ ҳатман бояд ба забони тоҷикӣ ҳарф зад, зеро дар бахши русзабони интернет дар ин мавзуъ иттилоот пайдо кардан мумкин аст, аммо дар бахши тоҷикӣ мутаассифона на.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ