Заноне, ки дар дунёи сиёсат ва расонаҳо кор мекунанд, дар бештари маврид бо мухотабони худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ мекунанд. Чунин ҳолати дар мазҳари ом будан барои пешрафт дар касбу кор кумак мерасонад, аммо аз ҷониби ҷомеаи тоҷик чандон қобили қабул буда наметавонад. Махсусан ин ҳолат ба занони ҷавон дахл мекунад: дар бархе ҳолат онҳо маҷбуранд, ки аз ду яке — ё пешрафт дар кор ва ё зиндагии хонаводагиро интихоб кунанд.
Бо ин вуҷуд, фишор аз ҷониби мухотабон ба занони маъруф танҳо хоси Тоҷикистон нест. Пажуҳишҳои мухталиф нишон медиҳанд, ки занони маъруф назар ба мардони маъруф аз сӯи мухотабон бештар мавриди таҳқир ва озори лафзӣ дар заминаи ҷинсӣ қарор мегиранд. Танҳо ин ҷиҳати масъала фарқ мекунад, ки агар дар кишварҳои дигар занони маъруф аз сӯи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳо муҳофизат шаванд, пас дар Тоҷикистон онҳо дар аксари ҳолатҳо бо мушкилоти худ танҳо мемонанд. Ҳарчанд онҳо метавонанд, аз ҷонибҳои дигар дархости кумак кунанд.
Дар бораи он ки таҳқири онлайнӣ дар чи шакле зоҳир мешавад ва бо он чи гуна мешавад сохт – дар матлаби “Хабарнигори муосир” мутолиа кунед.
Нурангез Рустамзода ба иловаи кори асосиаш чанд сол аст, ки блоги шахсӣ дорад. Вай фаъолияташро дар расонаҳо маҳз бо доштани саҳифаҳои шахсӣ шуруъ кард ва барои мисол ҳангоми ҷустуҷӯи мутахассиси SMM бартарии асосии Нурангез саҳифаҳои маъруфаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ буданд.
-Аммо касе намедонад, ки бо чи қимате ин маъруфият барои ман ҳосил мешавад. Ҳоло, албатта, ҳама чиз беҳтар аст, вале дар гузаште мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидаам, — гуфт Нурангез.
Вай нақл мекунад, ки ҳанӯз аз замони донишҷӯи факултаи журналистика будан саҳифаҳояшро дар шабакаҳо боз кардааст. Ҳар касе, ки аз алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ дорад, медонад, ки барои пешбурди блоги худ дар шабакаҳо пеш аз ҳама видео ва акс зарур аст. Ва ба илова садоқат ва гуфтугӯи ошкоро бо мухотабон аз номи худ ҳам муҳим аст.
-Яке аз ҳамдарсонам аз ман мустақиман пурсид, ту ки аксҳои зиёдатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунӣ, чи гуна ба шавҳар мебароӣ? Дар донишгоҳ маро “таблиғгар” меномиданд, ҳатто устодон ҳам чунин шухиҳо мекарданд, — нақл мекунад Нурангез.
Гуфтугуҳои нороҳаткунанда бо ҳамдарсон беозортарин гуфтугуҳо будаанд.
-Миёни ману волидонам мушкил сар зад. Ҳоло, шуки Худо, онҳо маро дарк ва ҳимоят мекунанд, аммо дар ибтидо талаб карда буданд, ки саҳифаҳоямро дар шабакаҳо пок кунам. Ҳамсояҳо ва хешовандон ҳар рӯз ба модарам мегуфтанд, ки ман худро беш аз ҳад дар шабакаҳо ба намоиш мегузорам ва волидонам ин суҳбатро ҷиддӣ мегирифтанд. Ба илова, модарам медид, ки зери аксҳои ман чи гуна шарҳҳо менависанд ва ҳамаи инро ба сахтӣ таҳаммул мекард, — афзуд Нурангез.
Шарҳҳои манфӣ, ки корбарон зери муҳтавои Нурангез мегузоштанд, тибқи қоида, ба мазмуну муҳтавои матолиби вай рабт надоштанд, аммо ба зоҳир, либос, тарзи суҳбат кардан ва ҳаёти шахсиаш дахл мекарданд. Шарҳҳои шабакаҳо дар бархе ҳолатҳо ба ҳаёти воқеӣ мекӯчиданд, атрофи Нурангез овозаҳо паҳн гаштанд. Аксари овозаҳо ба ҳаёти шахсии вай дахл доштанд ва боиси осеби равонӣ шуданд.
Замоне, ки Нурангез номзад пайдо кард, вай талаб кард, ки Нурангез аз шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашад.
— Вай хашмгин мешуд, ки маро дар кӯчаҳо мешиносанд. Миёни ҷанҷол бархост. Вай талаб кард, ки ман ҳамаи саҳифаҳоямро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунам. Дар ниҳоят ман онҳоро пок кардам. Ин кори хеле душвор буд, зеро ман ба рушди фаъолияти худ хати бутлон кашидам ва аз баҳри заҳмати чандсолаам гузаштам. Вале ҳамон замон дарк кардам, ки набояд худро арзон фурӯшам. Талош кардам, ки бо вай гуфтугӯ кунам, аммо ба муносибатҳои мо хешовандони вай дахолат краданд, онҳо ҳам зидди саҳифаҳои ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ буданд. Дар ниҳоят мо аз ҳам ҷудо шудем, — ба ёд меорад Нурангез.
Сарфи назар аз он ки шарҳҳои манфӣ зери муҳтавои Нурангез ҳамоно навишта мешаванд, ҳоло вай муносибати худро нисбати чунин шарҳҳо тағйир додааст: корбарони хашинро “блок” мекунад, паёмҳояшонро намехонад. Аммо Нурангез эътироф мекунад, ки ҳамоно дар баробари мухотабон осебпазир аст ва талош мекунад, ба мавзуҳои ҳассос даст назанад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ барои занон нестанд?
Барои ҷомеаи Тоҷикистон рафтони Нурангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар воқеъ ҷасурона ба ҳисоб меравад. Гап дар бораи он аст, ки дар кишвар ин ақида ҳукмфармост, ки доштани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои занон ғайри қобили қабул аст. Барои мисол, дар бораи он ки духтаре, ки дар Instagram саҳифа дорад, наметавонад, зани хуб бошад, блогерони маъруфи тоҷик ба таври ҷиддӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки чунин тарзи тафаккур аз ҷониби мухотабон пуштибонӣ мешавад.
Дар бораи он ки дар Тоҷикистон чунин боварҳо дар воқеъ маъмул ҳастанд, пажуҳишҳо низ мавҷуданд. Барои мисол, бино ба таҳлили муҳити рақамии кишвар (DECA), ки аз ҷониби USAID дар соли 2023 анҷом шудааст, духтарон ва занони ҷавони шавҳардор дар Тоҷикистон ба гаҷетҳо ва интернет дастрасии маҳдуд доранд. Яке аз сабаҳо – ин назорат аз болои занон аст, аз ҷумла назорати муколамаву мукотабаҳои онҳо. Дар хонаводаҳое, ки муҳоҷири меҳнатӣ доранд, вазъ то ҳолати ҳазён мерасад: мардҳо метавонанд, телефони мобилиро дар ихтиёри модаронашон гузоранд, на занонашон ва дар чунин ҳолатҳо низ занон ҳатто бо шавҳарони худ ҳери назорати хушдоманҳо суҳбат мекунанд.
Эҳтимол ин маҳдудиятҳо ба он оварда расонидаанд, ки дарсади ҳузури занони тоҷик миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ғайр аз Туркманистон) аз ҳама камтар аст. Корбарони асосии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби тоҷикон – ин мардон ҳастанд. Барои мисол, ба иттилои Datareportal – портале, ки тамоюлҳои рафтори мухотабонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои мухталиф меомӯзад, ибтидои соли 2024 саҳми занони тоҷик миёни корбарони Facebook каме бештар аз 26%-ро ташкил додааст, саҳми мардон бошад 74%-ро. Дар Instagram – 23,9 % — занон ва 76,1 % — мардон будаанд. Барои муқоиса, дар Қирғизистон дар ҳамин давра ҳиссаи занон дар Фейсбук бештар аз 48%-ро ташкил доштааст, мардон бошанд бештар аз 51%-ро. Дар Инстаграм ҳам тақрибан ҳамин тасвирро дидан мумкин аст – занони қирғизистонӣ дар ин шабака 57,7% ва мардон 42,3% будаанд.
Фишорро ба заноне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузури фаъол доранд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ мерасонанд. Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон рӯйдодҳои марбут ба блогер-духтароне сар зад, ки барои фаъолияти худ ҷазоҳои мухталифи маъмурӣ гирифтаанд. Барҷастатарин ҳолат ҳабси 10-рӯзаи духтари 18-солае буд, ки ба иттилои пулис, муҳтавое нашр мекард, ки “ба анъанаҳои мардуми тоҷик комилан бегона буданд”. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳтавои ин блогер-духтар аз муҳтавои ҳамсолонаш, ки дар кишварҳои дигар таҳия ва нашр мекунанд, фарқе надошт – ин духтар зери навои мусиқӣ мерақсиду суруд мехонд ва ба худ пӯшидани либосҳои нимаӯрёнро иҷоза медод.
Хушунати онлайнӣ чи пайомадҳо хоҳад дошт?
Пажуҳишҳое, ки хушунатҳои онлайниро баррасӣ мекунанд, ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ҳангоми талоши муҳофизати худ аз бадномсозиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ занон дар бархе ҳолатҳо даст ба худкушӣ мезананд.
-Албатта, ман ҳоло худро нигаҳ медорам, на ҳамеша дидгоҳамро ошкоро баён мекунам. Ман дарк мекунам, ки нуктаи назари ман метавонад дубора боиси хушунат алайҳи ман шавад ва аз дидгоҳҳоям даст мекашам, зеро намехоҳам, неруи худро барои муқобила бо бадномсозӣ сарф кунам, — мегӯяд Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигор ва роҳбари расонаи «Your.tj».
Зебо борҳо ба хушунатҳои дастаҷамъона рӯ ба рӯ шудааст. Сарфи назар аз он ки мавзуи асосӣ чӣ будааст ва чи чиз боиси таҳқиру бадномсозӣ шудааст, хосияти таҳқирҳо ҳамеша қолаби якхела доштаанд – корбарон дар заминаи ҷинсият таҳқирро раво дидаанд, зоҳири ӯро баррасӣ кардаанд ва ё ӯро дар вобастагӣ аз машрубот айбдор кардаанд. Яъне аксари таҳқирҳо ҳаргиз ба мавзуи мавриди баррасӣ дахл надоштаанд. Ва ин ҳам танҳо хоси Тоҷикистон нест. Занони сиёсатмадор дар кишварҳои дигар ҳангоми таҳқир дидан аз ҷониби мухотабон пеш аз ҳама ба таҳқирҳо дар заминаи ҷинсӣ ва пешдовариҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Зебо эътироф мекунад, ки вазнинтарин чолиш барои вай маъракае буд, ки 10 сол пеш нисбаташ роҳандозӣ шуда буд. Он замон шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи аввали маъруф шудан буданд ва рӯзноманигорон ҳанӯз зидди шарҳҳои манфӣ “иммунитет” ҳосил накарда буданд.
-Он маърака аз ҳазорон шарҳҳои таҳқиромез, таҳдидомез иборат буд, ман он бадномсозиву таҳқирро ба сахтӣ пушти сар кардам. Махсусан замоне мушоҳида кардам, ки ҳамаи ин бадгӯиҳо ба боварҳои одамон дар дунёи воқеӣ таъсир расонидааст. Он ҳолат дар воқеъ тарснок буд, — ёдовар мешавад Зебо.
Вай меафзояд, сарфи назар аз он таҳқирҳо, ки корбарон нисбаташ навишта буданд, вай ба ҳеч куҷо барои кумак муроҷиат накарда буд.
-Дар воқеъ нест ҷое, ки барои кумак муроҷиат намоӣ. Ман то ҳол намедонам, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят бурдан кофӣ нест, шабакаҳо ба чунин шикоятҳо вокуниши дуруст анҷо намедиҳанд, алгоритмҳо кор намекунанд. Танҳо метавон ба ҳимояти афроди наздикат умедвор буд, — гуфт Зебо.
Заноне, ки бо хушунати онлайнӣ рӯ ба рӯ шудаанд, худро чи гуна ҳимоят кунанд?
Сарфи назар аз он ки хушунати онлайнӣ – ин барои тамоми дунё масъалаи ҷиддист, усулҳои ҳимоят аз он мавҷуданд ва онҳо аз ҷумла барои занон дар Тоҷикистон дастрас ҳастанд. Пеш аз ҳама ин кумаки равонӣ аз ҷониби мутахассисон аст.
-Барои пушти сар кардани таҳқир пеш аз ҳама устувории равонӣ ва ботинӣ зарур аст. Мутаассифона, заноне, ки фаъолиятҳои ҷамъиятӣ доранд, бояд ба бадномсозӣ омода бошанд, ин тарафи дигар маъруф будан аст, аммо ба онҳо бояд кумаки равонӣ расонид. Дар танҳоӣ ба бадномсозӣ муқобила кардан душвор аст, — мегӯяд Фирӯза Мирзоева, мутахассис дар бахши амнияти рақамӣ ва равоншинос.
Вай меафзояд, миёни муштариҳояш намояндагони расонаҳо нестанд. Фирӯза чанд сабаб, аз ҷумла надоштани маблағ барои пардохти харҷи равоншиносро номбар мекунад.
-Таҷрибаи барои дарёфти кумаки равонӣ муроҷиат кардан миёни рӯзноманигорон маъмул нест, ҳарчанд таҳқир нисбати онҳо хеле зиёд аст. Агар болои худ кор накунӣ, пас афсурда мешавӣ ва тарки фаъолияти иҷтимоӣ мекунӣ, — шарҳ медиҳад Фирӯза.
Дар бештари ҳолат ҳомиёни ҳуқуқ кумаки равониро аз ҳисоби созмонҳои байналхалқӣ дарёфт мекунанд. Барои рӯзноманигорон ҳам чунин хидматрасониҳо дастрас ҳастанд. Бино ба эъломияи СММ дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ҳам метавонанд бо онҳо баробар бошанд. Барои мисол, кумаки равониро онҳо метавонанд, аз созмонҳое амсоли Urgent action fund ва People in Need дарёфт кунанд. Ба ҷуз ин, рӯзноманигорони тоҷик кумаки равониро метавонанд дар доираи тарҳи WoMeN дарёфт кунанд, моҳи июли соли ҷорӣ онро Internews дар Тоҷикистон бо кумаки Сафорати Олмон роҳандозӣ кард.
Оё ба мақомот муроҷиат кардан зарур аст?
Василаи дигари ҳимоят аз хушунати онлайнӣ – ин муроҷиат кардан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Ба иттилои ҳомии ҳуқуқ аз созмони ҷамъиятии “Ибтидо” Хуршеда Раҳимова, дар Тоҷикистон чунин парвандаҳо ниҳоят кам ҳастанд, ҳарчанд таҳдид ва таҳқирҳоеро, ки дар интернет сурат мегиранд, додситонӣ бояд онҳоро айнан мисли ҳолатҳои ҳаёти воқеӣ баррасӣ кунад.
-Ҳамаи таҳқир ва таҳдидҳоро дар интернет бояд сабт кард, баъдан ба телефони боварии вазорати корҳои дохилӣ ва ё додситонӣ тамос гирифту шикоят кард ва сабтҳоро низ фиристод, — мегӯяд Хуршеда.
Ин ҳомии ҳуқуқ аз ҳолате ёдовар мешавад, ки чанд сол пеш фаъолон имзо ҷамъ оварда ва ба додситонӣ аз болои гуруҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Нетипичный Канибадам” шикоят бурданд. Дар ин гуруҳ муҳтавое нашр мешуд, ки таҳқиркунанда ва пастзанандаи занон буд.
-Он замон мо ба шикояти худ посухи расмӣ дарёфт карда будем, аммо ҳоло ин гуруҳ дигар фаъол нест, — гуфт Хуршеда.
Ҳомии ҳуқуқи дигар, роҳбари созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Дилрабо Самадова тавсия медиҳад, ки шарҳҳои таҳқирдор ба тарзе сабт карда шаванд, ки сана, сифат ва ҳамаи паёмакҳои баъдии он намоён бошанд.
-Агар шахсияти муаллифи таҳқир ошкор бошад ва вай зидди каси дигар дар замина забон, ҷинс, дин ва дигар махсусиятҳо таҳқирро раво бинад, ба бетартибӣ даъват кунад (сангборон кунед, шапед, занед), табъйизро раво бинад ва ё пас занад (бигзор занон дар ошхона ба кори худ машғул бошанд), пас бояд шикоят бурд. Дар моддаи 462 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҳамаи ин ҳуқуқвайронкуниҳои эҳтимолӣ зикр шудаанд, — мегӯяд Дилрабо.
Дар робита ба корбарони беному нишон, ки дар интернет таҳқиру таҳдидро раво мебинанд, Дилрабо тавсия медиҳад, ки нисбати онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят бурд.
Ба маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ чи гуна бояд шикоят бурд?
Барои он ки шикоят дар мавриди таҳқиру таҳдидҳо ба маъмурони шабакаҳои таъсирнок бошанд, онҳоро бояд тавассути созмонҳои мухталифи байналхалқӣ расонид. Гап дар бораи он аст, ки бисёре аз сохторҳое, ки ба ҳимояти ҳуқуқи ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон машғул ҳастанд, бо маъмурони шабакаҳои бузурги иҷтимоӣ ёддоштҳо ва созишномаҳои мухталиф доранд ва ба дархости чунин созмонҳо шабакаҳо зудтар вокуниш нишон медиҳанд.
Хуршеда Раҳимова тавсия медиҳад, ки ба созмони Access Now муроҷиат кард. Ин яке аз хадамоти муассирноки муҳофизат аст, ки 24 соати рӯз ва 7 рӯзи ҳафта кор мекунад.
-Агар шумо дар рӯ ба рӯи хатаре қарор доред, Access Now таъмини амнияти рақамии шуморо беҳтар месозад, то ин ки шуморо аз таҳдид муҳофизат кунад. Ва агар шумо мавриди ҳамла қарор гирифтед, ин созмон кумаки фаврӣ мерасонад, — шарҳ медиҳад Хуршеда.
Кумаки ин созмон дар ҳолатҳое муҳим аст, ки бадкорон саҳифаҳои шуморо мешикананд, иттилои шахсии шуморо паҳн месозанд ва ё ба мукотабаҳои шумо дастрасӣ меёбанд.
-Ба ин созмон метавон ба таври шабонарӯзӣ ва ҳатто бо забони русӣ муроҷиат кард. Онҳо бо ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ робита доранд ва метавонанд, масъалаҳоро фавран ва ба таври муассир ҳал кунанд, — гуфт Хуршеда.
Ҳомиёни ҳуқуқ меафзоянд, мутаассифона, маҳз намояндагони расонаҳои Тоҷикистон талош мекунанд, ки бо масъалаи хушунати онлайнӣ дар танҳоӣ мубориза баранд. Ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ҳамаи василаҳои мумкинро истифода мебаранд, то ин ки худро аз таҳқир муҳофизат кунанд ва ба ин тартиб эҳтимоли афсурдагиро коҳиш диҳанд. Афсурдагӣ ва ё фарсудагӣ дар бештари ҳолат боиси даст кашидан аз кор ва ё аз принсипҳои худ мегардад.