ДомойХудомӯзҲолатҳои фавқулодда. Хизматрасониҳои муфиди онлайнӣ

Ҳолатҳои фавқулодда. Хизматрасониҳои муфиди онлайнӣ

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда, маълумоти фаврӣ ва саривақтӣ дар бораи он ки дар минтақа чӣ воқеа рӯй дода истодааст, бояд ба ҳар як аҳолии Замин дастрас бошад. Рӯйхати якчанд хадамотҳое, ки барои пайгирии ҳаводис кӯмак мекунанд, пешниҳод мекунем.

Харитаи садамаҳо дар Google. Барои хабардор кардани хонандагон дар бораи ҳолати фавқулодда ё офатҳо дар сомонаи худ, харитаи садамаро ҷойгир кунед. Метавон рамзро офарида, харитаҳои худро бо истифода аз ПО бо рамзи сарчашмаи кушода, тағйир дод.

Google Person Finder — барои пайдо намудани одамоне, ки пас аз офати табиӣ беному нишон шудаанд, кӯмак мерасонад.

Барои насб намудани виҷети ин хизматрасонӣ ба сомонаи худ, аз рамзи саҳифаи google.org/personfinder истифода баред.

 

 

 

Person Finder:
2015 Nepal Earthquake


Language selection

 

 

 

Person Finder: 2015 Nepal Earthquake

 

 

Currently tracking about 7200 records.

 

Search is available through SMS.
In Nepal: Text «search <name>» to 6040
In India: Text «search <name>» to +91-9773300000
In US: text «search <name>» to +1 650-800-3978

 

 

 

Google Public Alerts. Дастгоҳи мазкур истифодабарандагонро аз ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор месозад. Агар Шумо хоҳед, ки Public Alerts-ро ба сомонаи худ илова намоед, ба фид Alert Hub худро номнавис кунед.

Маркази зилзиласанҷии аврупоии баҳри миёназамин (EMSC), аз соли 1975 то ин ҷониб фаъолият мебарад. Ташкилот барои пайгирӣ намудани зарбаҳои хатарнок, пешгўии оқибатҳои эҳтимолии онҳо ва коркарди системаи хабардоркунии барвақтӣ, масъул мебошад.

Дар сомонаи EMSC дар вақти воқеӣ, метавон харитаро бо маркази зилзила (эпицентр)-и заминларзаҳои охир пайдо намуд.

Харитаи интерактивӣ фосилаи ҳамаи зилзилаҳоро аз як соат то ду ҳафта муайян мекунад. Дар зер -ҷадвал макони баргузории садамаро бо ҷойгиршавии дақиқи ҷуғрофӣ, ченак ва андоза нишон медиҳад.

Ҳастанд барномаҳо барои смартфонҳо дар IOS ва Android, дар ин ҷо инчунин метавон вазъиятро дар вақти воқеӣ назорат кард. Дар он шарҳҳои сокинони минтақа ва маслиҳатҳои амалӣ аз ҷониби коршиносон дастрас аст.

ubAlert шабакаи иҷтимоии ҷаҳонӣ, ки барои мубодилаи иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар саросари ҷаҳон офарида шудааст. Муаллифони хизматрасонӣ тасмим гирифтаанд, ки бузургтарин асбоби ҷаҳониро эҷод кунанд. Гуфта мешавад, ки ба воситаи он хадамотҳои наҷотдиҳӣ метавонанд ба зудӣ ба бонги хатар, ба таври фаврӣ эътино кунанд.

alert

Ҳар нафаре метавонад бонгеро дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ба сомона ирсол кунад, ubAlert дурустии маълумотро санҷида, ҳамаи тафсилотҳоро нашр менамояд. Барномаҳо ба Android ва  IOS дастрас мебошанд.

Матни асли: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ