ДомойМедиалентаСоҳаи журналистика вусъатдиҳии махсуси домении press-ро қабул хоҳад кард

Соҳаи журналистика вусъатдиҳии махсуси домении press-ро қабул хоҳад кард

Хабарнигороне, ки мехоҳанд  сомона ё ки онлайн-портфолиои худро таъсис диҳанд, аксар вақт бо чунин вазъият рӯ ба рӯ мешаванд: онҳо номи домении комилро  ҷустуҷӯ мекунанд, фикр карда мебароянд, аммо баъд мефаҳманд, ки он аллакай банд аст. Вале сарфи назар аз васеъшавии домени com, .org ва .net  чун доменҳои аслии сатҳи олии (рДВУ) шинохта, шумо интихоби дигар низ доред.

Интернет аз сайтҳои тамдидшудаи .com пур шудааст, ки имконияти гирифтани  номи домении интихоб кардаи  Шуморо мушкил месозад. Аммо  чунин  ширкатҳо, ба монанди Radix Registry, Donuts ва ҳатто Google,  имкониятҳои навро дар соҳаи номҳои доменӣ  ҷустуҷӯ  ва пешниҳод мекунанд.

Соли 2012, иттиҳодия  оид ба таъинии номҳj (ICANN),  ки вазифаи ҳамоҳангсози техникиро дар соҳаи номҳои доменӣ адо мекунад, ба ширкатҳо имконияти истифода бурдани доменҳои тамдидшудаи худ — ҳар чизе ки аз тарафи  рости «нуқтаҳо» дар URL (масалан, .org дар  ijnet.org) қарор дорад, додааст. ICANN аллакай тақрибан 2 000 дархостҳоро барои дастрас намудани рДВУ-и нав қабул намуд ва интизор меравад, ки боз тахминан 1 300 дархостҳои навро қабул кунад.

Иттиҳодияи Radix Registry  дархостҳоро барои 31 тамдид пешниҳод кард ва дар байни дигар чизҳо ҳуқуқи тамдиди ягонаи .press-ро, ки  махсус барои журналистика  пешбинӣ шудааст, пайдо намуд. Акнун, Шумо метавонед  на танҳо сомона  ё онлайн-портфолиоии худро  эҷод намоед, балки ҳамчунин касби худро низ бевосита дар URL муқаррар кунед.

Пеш аз он, ки дархостро барои дастрас намудани тамдиди .press ирсол намояд, ширкати Radix  аз  хабарнигорони тамоми ҷаҳон мусоҳиба гузаронид, то ки то чӣ андоза тамдидкунии мазкур зарур аст, маълумот пайдо кунад.

Нишондоди талаботи махсус он аст, ки калимаи «press » яке аз дархостҳое мебошад, ки бештар дар ҷустуҷӯкунанда (поисковик)-и Google ба назар мерасад. Дар асоси тадқиқотҳо  ширкат қарор дод, ки маводҳоро барои офаридани чунин тамдидкунӣ сармоягузорӣ кунад.

«Ниёзи умумӣ ба .press вуҷуд дорад, — иброз дошт, Параг Бархейт, менеҷер оид ба тамдидкунии .press, аз ширкати Radix. Мазмуни калимаи .press,  ба аксарияти кишварҳо ва забонҳои ҷаҳон равшан аст.

Бисёре аз журналистон ва медиамуассисаҳо,  ба монанди Charlie Hebdo, Muck Rack, Freedom of the Press Foundation, бале  ҳатто IJNet, истифода бурдани тамдиди .press-ро оғоз намуданд.

Журналистон метавонанд домени  .press-ро барои сомонаи нав, тағйир додани трафик дар  сомонаи мавҷудбудаи худ  ё аккаунт дар медиаи иҷтимоӣ, харидорӣ кунанд.

IJNet бо Бархейт ва  Кевин Копас , менеҷери шабакаи Radix дар Шимол ва Ҷанубӣ Амрико,  оид ба густариши иқтидори .press, дар бораи он ки чаро он ба рӯзноманигорон  мувофиқ аст ва чӣ гуна онҳо метавонанд онро дар кори худ истифода баранд, гуфтугӯ намуд.

Чаро (ва чаро ин маҳз ин лаҳза муҳим аст) дар Интернет зиёд будани тамдидкуниҳои доменӣ муҳим аст?

Параг Бархейт:  Дар пешниҳодоти ICANN, оид ба  илова намудани тамдидкуниҳои нав се сабаб  вуҷуд дошт.

Аввал — ин кам будани шумораи  номҳои домении мавҷуда. Агар шумо ба ҷустуҷӯи фаврӣ муроҷиат кунед, метавонед бинед, аксарияти номҳои домение, ки аз як ё ду калима иборатанд аллакай банд шудаанд. Барои ҳамин бисёре аз ширкатҳое, ки номҳои домениро барои тамға (бренд)-и худ интихоб мекунанд, бо мушкилоти бузург рӯ ба рӯ мешаванд.

Сабаби дуюм — хоҳиши офаридани замина (контекст), бо номҳои доменӣ алоқаманд. Масалан, тамдидкунии .com ба мо дар бораи бо кадом намуди соҳибкорӣ машғул будани Шумо, чизе намегӯяд. Чунин тамдидкунӣ метавонад, як қисми номи домении дармонгоҳи тиббӣ, бонк ё ширкати технологӣ бошад. [Тамдидкунии доменӣ бояд] дар бораи замина ва ё маънои номи домении ширкат ёдовар шавад.

Сабаби сеюм — хоҳиши ба ширкатҳо додани имконияти  назорати бештар аз болои доменҳояшон мебошад. Агар ман нақшаи ташкил намудани шабакаи телевизиониро оид ба таҳқиқоти журналистӣ дошта бошам, ман барои ин лоиҳа номи домениро дар  investigativepress.com ҷустуҷӯ менамудам. Ширкати мо метавонад ба ҷои ин ном, investigative.press-ро, ки эҳтимол ҳанӯз банд нашудааст  ва илова бар ин, аз нигоҳи SEO барои лоиҳаи шумо фоиданок  аст, пешниҳод созад. Аз ин нуқтаи назар вусъатдиҳиҳои  домение, ки мо дархост кардаем, барои истифодабарандагон пурқиммат хоҳад буд. Мо мехоҳем, вақте ки Интернет ба фазо бо номҳои домении муносиб паҳн мегардад, хеле фоиданок бошад.

Чӣ тафовуте байни ин сомонаҳо барои брендинги шахсӣ ва ё таъсиси портфолио, чун about.me, flavors.me, ҳамчунин сомонаҳои WordPress  аз як тараф ва доменҳои .press-аз дигар  вуҷуд дорад? Бартарии тамдидкунии  .press дар чӣ аст?

Параг: Аксари ин хизматрасониҳо ба истифодабарандагонашон имконияти ба танзим даровардани портфолиои худро медиҳанд. Хулоса, онҳо метавонанд домени худро дар .press қайдгузорӣ намуда, онро ба сифати домени корбари портфолиои худ истифода баранд. Тарроҳи графикӣ ё суратгир метавонад кори худро дар портфолиои .me намоиш диҳад. Фарқият бо  тамдиди .press дар он аст, ки он Шуморо бо ҷомеаи рӯзноманигорон мепайвандад. Ин гуна платформаҳо  барои рӯзноманигороне , ки мехоҳанд таърихи худро ба сомонаи эътимоднок иброз намоянд, заруранд.

Чӣ тавр ин ба беҳсозии SEO таъсир мерасонад?

Кевин:  Бо якчанд сабаб, Google аллакай баҳои баъзе доменҳои  .press ва .host-ро гузошата, муқаррар намудааст, ки онҳо аз .com баландтаранд. Яке аз ин сабабҳо — Google мехоҳад, ки истифодабарандагонаш  натиҷаҳои беҳтаринро  ба даст оваранд ва фикр мекунад, ки домени .press муносибати Шуморо бо рӯзноманигорӣ нишон медиҳад. Пас, агар шумо истифодабарандае,  ки дар ҷустуҷӯ баъзе маълумотҳои марбут ба соҳаи журналистика бошеду касе домени  .press-ро  харида ва онро коркард карда бошад, эҳтимол меравад, ки URL бо ин тамдидкунӣ нисбат ба .com-и маъруфгардида, қабл аз  ҷустуҷӯ пайдо гардад.

Журналистон метавонанд доменҳои  тахфифшудаи .press-ро  дар доираи баргузории моҳи  озодии матбуоти умумиҷаҳонӣ, ки  ширкати Radix доир менамояд, дастрас кунанд.

Саҳифаи аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ