ДомойМедиалентаФилмҳои интерактивӣ ҳамчун формати рекламаи иҷтимоӣ

Филмҳои интерактивӣ ҳамчун формати рекламаи иҷтимоӣ

Рекламаи пурсамари иҷтимоӣ, на танҳо иттилооти муҳимро дар бар мегирад. Он тамошобин,  шунаванда,  хонандаро ба фикру мулоҳизакорӣ бармеангезад.

Бо кӯмаки расонаҳои нав ва воситаҳои онлайнӣ метавон чунин формати рекламаи иҷтимоии интерактивиро эҷод намуд, ки истифодабаранда як ҷузъи асосии ҳодисаву воқеот мегардад.

Яъне, аз он таассурот гирифта,  хулоса мебарорад.

Ба иштирокчиёни нахустини маъракаи рекламаи иҷтимоӣ дар Қирғизистон «Равные права – общий успех» (Ҳуқуқи баробар – муваффақияти  умумӣ)   муяссар гардид, ки лоиҳаи ғайриоддиро барои Осиёи Марказӣ -бозии интерактивӣ барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, эҷод кунанд.

Бозӣ бо навори низои оилавӣ, ки идомаи онро аз тарафҳои гуногуни — шавҳар ё зан, ки метавонед худатон интихоб кунед,оғоз мегардад.

03

Марди хашмгиншуда чӣ тавр худро нишон медиҳад- худро ба даст мегирад ё ки ба ҳамсараш даст мебардорад, ин қарорро низ худи тамошобин қабул мекунад. Охири ҳар як бозӣ, ҳар лаҳза тағйир меёбад.

Зани таҳти зӯроварӣ қарордошта низ, ҳуқуқи  интихоб карданро дорад.

Варианти интихобшуда дар ролики навбатӣ ба куҷо мебарад.

Найди выход из семейного конфликта! — from Portal Tiroz on Vimeo.

«Лоиҳа аллакай самаранокии худро исбот кардааст: аз беш аз 8000 тамошобин, тахминан  65 фисадашон, зан ва ё шавҳарро ҷонибдорӣ намуда, ба  шарҳи мухтасари интерактивӣ гузаштаанд.

Аз ҳама хотимаи маъмултарини бозӣ «ба милитсия муроҷиат намудан», аз нуқтаи назари зан ва « оромона ҳал намудани низоъ» аз нуқтаи назари шавҳар» буд, — менависад worldofad.asia.

Шамир Раяпов, коргардон, муаллифи сенария, наворбардор-созандаи филм, дар бораи лоиҳа чунин гуфтааст:

«Дар мастер-класс оид ба ташкили рекламаи иҷтимоӣ, ба мо вазифаҳо супорида шуда,  меъёрҳое, ки ҳангоми сохтани лоиҳа мебоист ба он такя намуд муайян карда шуданд: 1) иттилоот, 2) ҷузъи эмотсионалӣ – одамон бояд нисбати қаҳрамонҳояшон бетараф набошанд, 3) ҳавасмандӣ — хоҳиши чизеро иваз намудан пас аз тамошои реклама.

Ман меъёри нави таҳлилӣ, яъне маълумотро дар бораи чанд нафар дар лоиҳа иштирок мекунанд, илова намудам.

Ҳамин тавр формате ба вуҷуд омад, ман фикр мекунам, ки  онро метавон видеомусоҳибаи иҷтимоӣ номид. Бо кӯмаки ӯ мо тавонистем, ба ҳисоби миёна шумораи занони таҳқиршударо таҳлил намоем. Шумораи мардоне, ки моил ба хушунат ҳастанд ва ғайраро муайян созем.

Дар таҳияи консепсия, тартиб додани нақша ва сенарияи он 2 рӯз, барои продакшн 2 рӯз ва коркарди маводи омодашуда, ду ҳафта масраф гардид.

Аз сабабе  ки буҷа маҳдуд буд,  мо ҳамаи шиносҳоямонро барои иштирок ба он ҷалб намудем. Дар байни ҳунармандон корманди милитсия, намояндаи «Маркази дастгирии занон»  иштирок доштанд. Тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурдем. Дар гурӯҳ се нафар кор мекарданд, Жазгул Иброҳимова ва Каникей Орозоева бо ҷустуҷӯи ҳунарпешагон, логистика ва ташкили наворгирии филм машғул буданд «.

Сарфи назар аз буҷети маҳдуд, филм дар сатҳи касбӣ қарор гирифта, хуб пазируфта шуда буд — дар фестивали V-уми байналмилалии LIME рекламаи иҷтимоии Маскав, дар категорияи Digital, лоиҳаи «Роҳи пешгирии низоъро пайдо намо!», ҷои дуввумро ишғол намуд.

Акнун иштирокчиёни маъракаи рекламаи иҷтимоӣ дар Қирғизистон «Равные права – общий успех» лоиҳаи худро тартиб дода, бо он машғуланд.

Саҳифаи аслӣ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ