ДомойЛоиҳаҳои моЛоиҳаи " Обмен контентом» барои ВАО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва...

Лоиҳаи » Обмен контентом» барои ВАО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Internews Network барои иштирок дар лоиҳаи байналмилалӣ оид ба мубодилаи мавод, ВАО-и мустақилро аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват мекунад.

Моҳияти асосии «Обмен контентом»  (Мубодилаи мавод) дар чӣ аст?

Ҳар як медиа, мунтазам мавод истеҳсол мекунад, ки метавонад мавриди таваҷҷӯҳи на танҳо  шунавандагон ВАО-и минтақавӣ бошад, балки тамошобинон, шунавандагон, хонандагони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад.

Лоиҳаи  «Обмен контентом» махсус барои ВАО пешбинӣ шудааст, то ки онҳо дастрасии озодро ба маҳсулоти иттилоотии нодири ҳамкасбонашон пайдо кунанд, бо ёрии технологияҳои нав ин раванд хеле осон мегардад ва дониши махсуси техникиро талаб намекунад.

Ки лоиҳаро таъсис дода, онро дастгирӣ мекунад?

Лоиҳаи «Обмен контентом» аз ҷониби намояндагии Internews Network  дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Поддержка доступа к информации»  (Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот), таҳти сарпарастии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) амалӣ гардонида шуд.

Чӣ тавр лоиҳа аз ҷиҳати  техникӣ татбиқ мегардад?

Васоити ахбори омма дастрасиро  ба нигаҳдории абри Google Drive пайдо мекунанд. Ин ҷо иштирокчиён маводи худро  боргузорӣ мекунанд ва аз ин ҷо метавонанд маводи ҳамкасбонашонро, ки тибқи нақшаи кашида метавонанд бо забони русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ истифода баранд, дастрас кунанд.

  • Видео: гузориши наворӣ, мусоҳиба, гузоришҳои иттилоотӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои ҳуҷҷатӣ, ток-шоу ва барномаи муаллиф.
  • Aудио: мусоҳиба, гузоришҳои иттилоотӣ ва барномаи муаллиф.
  • Аксҳо: гузоришҳои тасвирӣ (фоторепортаж) ва инфографика.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи «Обмен контентом» ба  иштирокчиён барномаҳои фонди телевизионии Internews Network пешниҳод мегарданд. Он — барномаҳои телевизионии форматҳои гуногун, филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои бачагона ва таълимии маҳсули шарикон ва аз истеҳсолкунандагону таъминкунандагони байналмилалӣ харидоришуда мебошад.

Аллакай, дар  марҳилаи мазкури лоиҳа 37 -ВАО аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Internews Network барои иштирок дар лоиҳаи медиа, нафаронеро, ки мехоҳанд маводи худро паҳн кунанд ва бо маводҳои дигар минтақаҳо эфири худро пур кунанд, даъват мекунад.

Ба шарикони аз ҳама фаъол, Internews Network нақша дорад, ки грантҳои хурдро барои истеҳсоли маводи  иҷтимоии пурмазмун ҷудо кунад.

Грантҳо аз рӯи натиҷаҳои озмун барои ҳар як кишвар мунтазам ҷудо карда мешавад. Тафсилоти бештарро метавон дар инҷо пайдо кард.

Internews Network менеҷери техникии лоиҳаи  «Обмен контентом»  маҳсуб ёфта, параметрҳои техникии маводи дар Google drive  ҷойгиршударо муайян  мекунад. Internews Network ба муносибатҳои ҳуқуқии иштирокдорони лоиҳа шомил намешавад, ба ғайр аз маводҳои нашршудае, ки ба он Internews Network ҳуқуқ дорад.

Масъалаи танзими ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, аз ҷониби худи  иштирокчиёни лоиҳа мустақилона амалӣ карда мешаванд. Ҷойгиркунии маводи  иштирокчии лоиҳаи «Обмен контентом»  бидуни нишон додани шартҳои махсус, маънои розигӣ додан ба  зеркашӣ, ҷойгиркунии пурра ё таҳрири ҳама гуна ҳаҷмро барои иштирокчиёни лоиҳаи дигар дорад.

Иштирокчиёни лоиҳаи «Обмен контентом»  масъулияти пурраро оид ба  мавҷудияти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар маводи аз ҷониби онҳо ҷойдодашуда ва мувофиқат кардани мавод ба қонунҳои кишварашон, бар дӯш мегиранд.

Барои ба гурӯҳӣ мо ҳамроҳ шудан, Шуморо мебояд танҳо номаеро ба ҳамоҳангсозони лоиҳа ирсол кунед:

Манбаи акс дар пешнамоиш: flickr.com.

Муфассалтар дар :http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ