ДомойMedia and Social Innovation LabНатиҷаҳои медиа озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ

Натиҷаҳои медиа озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ

Озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ  бо пирӯзии дастаи Қазоқистон, бо лоиҳаи- барномаи мобилии  «Я помогу»  (Ман ёрӣ мерасонам) ба итмом расид. Даста соҳиби шаҳодатнома  бо  2000 $ гардид.

Барои раҳбари даста, София Грозная ин  ғалабаи  ногаҳонӣ буд.

«Мо тамоман  дар бораи ғолибияти худ фикр намекардем, зеро мо дар ин ҷо лоиҳаҳои хуб ва ояндадорро дидем.

Ман фикр мекунам, ки даста барои он пирӯзӣ ба даст овард, ки мо ба технологияҳои мобилӣ такя менамудем. Ҳоло ин, тамоюли умумӣ буда, он  хеле муҳим аст.  Ғайр аз ин, «Я помогу» — лоиҳаи иҷтимоиест, ки бевосита ба одамон тааллуқ дорад ».

Хизматрасонии «Я помогу»,  аз се боб иборат аст: « Помогу» — эълонҳо бо дархости дасти ёрӣ дароз кардан,  иштироки хусусӣ (соз кардани чумаки об барои собиқадор ва ғайра), «Финансовая помощь» (Кӯмаки молиявӣ)- эълон аз ТҒД ва фондҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷамъоварии маблағ барои хайрия,  «Отдам» — эълони омодагии додани чиз, маводи озуқа ва ғайра.

Даста нақша дорад, ки маблағро барои хостинги тайёри барномаҳои мобилӣ сарф намояд.

Се дастаи дигар бо  тӯҳфаҳои махсус, планшет аз шарикони Озмоишгоҳ, ширкати «Билайн Қазоқистон»  сарфароз гардонида

шуданд:

Дастаи мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон бо лоиҳаи «Дороги» (Роҳҳо), лоиҳаи «Эко-Атлас» (Қазоқистон)
Барномаи  «Ынтымашка» (Қирғизистон).

Озмоишгоҳи медиа ва навовариҳои иҷтимоӣ, аз 25 то 26 июни соли 2015 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид.

Дар давоми ду рӯз, 9 дастаҳо — намояндагони ҷомеаи ВАО, аз бахши шаҳрвандӣ, IT-мутахассисон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон,  онлайн-лоиҳаҳои иҷтимоиро  таҳия намуданд.

 

Эко

 

Я помогу

 

Маълумоти бештарро дар бораи лоиҳаҳо, метавон дар инҷо пайдо кард.Мураббии асосии чорабинӣ Иван Печишев, дотсенти кафедраи журналистикаи ДМТДП (ПГНИУ-Перм), ҳамоҳангсози «Теплицы социальных технологий» (Гармхонаҳои  технологияҳои иҷтимоӣ) буд.» Ба мавзӯъҳое, ки иштирокдорон дар Озмоишгоҳ  иштирок мекарданд,  ҳар як хакатон ҳасад мебурд, зеро ки онҳо бо сифати хуб коркард шуда буданд.«Лоиҳаву барномаҳо ниҳоят гуногун, илова бар ин хеле мустаҳкам мебошанд.Ҳастанд лоиҳаҳое, ки дар оянда метавонад барои пойтахт ва ё шаҳрҳои бузург манфиати ҷиддӣ расонанд.Ман фикр мекунам, ки  ҳар лоиҳаҳоро дар маҷмӯъ метавон ба кишвари дигар интиқол намуд.  Ба ҳар ҳол, ин чорабинӣ — намунаи хуб барои Русия низ ҳаст. Аслан, дар мо чунин чорабиниҳо хеле кам ба назар мерасанд. Ба андешаи ман, муҳим он аст, ки мардум аз кишварҳои гуногун дар якҷоягӣ кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо дар оянда низ табодули таҷриба  хоҳанд кард.Дар лоиҳаи иштирокчиён  нақшаҳои ба муомилотдарорӣ (монетизатсия), дарёфти грант, ҷалби соҳибкорӣ, тарғиби реклама пешниҳод гардида буд. Ҷоизи қайд аст, ки дар бисёре аз ташаббусҳои ВАО  ё ташаббускорон  ва ҳам шарикон, устувории лоиҳаҳоро таъмин хоҳанд кард.Гулим Амирхонова, медиамураббӣ, коршинос дар ВАО-и  нав, журналистикаи мултимедиавии Қазоқистон,  итминон дорад, ки ин яке аз аз чорабиниҳои ғайриоддӣ ба ҳисоб меравад.«Дар хотири ман, ин аввалин чорабиниест дар Осиёи Марказӣ, ки дар якҷоягӣ  медиачиён, намояндагони бахши шаҳрвандӣ ва IT-мутахассисон кор мекунанд. Онҳо биниш, андешаи гуногун доранд, маҳз ба ин хотир назорат кардани баҳзу мунозира ва чӣ тавр ба мувофиқа расидани  онҳо хеле ҷолиб буд», — иброз дошт Гулим Амирхонова.Медиа озмоишгоҳ ва навовариҳои иҷтимоӣ- лоиҳаест, ки  дар доираи Internews  «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» таҳти сарпарастии Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) амалӣ гардонида шудааст.Ташкилкунандагони чорабинӣ – Намояндагии  Интерньюс Нетуорк дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фонди ҷамъиятии  «Клооп Медиа»  маҳсуб меёбад.

Матни аслӣ:  http://newreporter.org/

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ