ДомойХудомӯзЧӣ тавр онлайн – портфолио сохта мешавад

Чӣ тавр онлайн – портфолио сохта мешавад

Онлайн – портфолио ин воситаи оддӣ ва самараноки худбрендингкунист. Шумо метавонед фаъолона саҳифа ё сомонаеро пешбарӣ намоед, ки он ҷо корҳои беҳтарини шумо гузошта шудааст ва бо ин роҳ шунаванда ва ё тамошобинро ҷалб сохта, имиҷи касбиро ташкил медиҳед.

Ва албатта ишора ба профайли мультимедиявии шумо таъсири зиёд ба корфармо мегузорад, аз он ки видеомаводҳои ба мактубчаспонида ва файлҳои матнии шумо.

 

Барои қайд дар clippings.me бояд саволномаи наонқадар калонро пур кард. Баъдан ин хидматрасонӣ ба шумо саволҳо медиҳад – ҷои кор, ҳолномаи кӯтоҳ, мамлакате ки шумо зиндагӣ мекунед. Зер — акс (фотография — подложка) — ро интихоб мекунем.

Акнун метавон ба офаридани портфолио шурӯъ намуд – иловаи истинод ба корҳои худ, акс ва видео,  PDF- файлҳо. Дар намуди  бепули он гузоштани ҳамагӣ 16 банд мумкин аст. Аккаунт бо истифодабарии васеъ – аз 5 доллар дар моҳе.

Хизматрасонӣ иловаи матн ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба касби шумо (ссылка) истинод пешбинӣ менамояд.

Allyou.net  интихоби васеи тартиб додани портфолиои шуморо пешниход менамояд. Ва дар айни замон бо назардошти он ки, саҳифаи шумо дар таҷҳизотҳои мобилӣ чӣ гуна ба назар мерасанд.

Баъди оне ки шумо мавзӯъро барои худ муайян кардед, хизматрасонӣ ба шумо гузаштани ҷараёни стандартии қайдро пешниҳод мекунад. Портфолио дар Allyou.net чун маҷмӯи корҳо намудор мешавад.

Шумо метавонед ҳар як қисмро таҳрир намоед, ба он ҷо матн, истинод (ссылка) – ро илова намоед – танҳо ба марказ чизи даркориро кашида гиред – матн, акс ва ҳоказо.

Wix.com – хизматрасонии бепул буда, бо забони русӣ кор мекунад. Ба он бо ёрии аккаунтҳои Facebook ва ё Google+ даромадан мумкин аст.

Мавзӯи сомона ва нусхаро интихоб мекунем. Тугмачаи «Редактор» моро ба дастурамали мукаммал оид ба идоракунии саҳифа мебарад. Блогҳоро ба пеш ҳаракат диҳед, суратҳо ва истинодҳоро илова намоед.

Дар  flavors.me шумо аввал саҳифаро пур менамоед, сониян сомона аз шумо қайдшавиро хоҳиш мекунад.

Ҳамааш хеле осон – тасвир ва мӯҳтаворо илова намоед, ҷиҳати мусбии хизматрасонӣ – имконияти ба профил пайваст кардани аккаунтҳои амалӣ дар сомонаҳои гуногуни иҷтимоист.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ