Плагинҳо барои браузерҳо абзори хуб дарои рӯзноманигороне, ки дар реҷаи “вокуниши фаврӣ” фаъолият менамоянд, хело муфид мебошанд. Насби ҳамаги якчанд иловагӣ ба шумо имкон медиҳад, ки самаранокии дарёфт ва тафтиши маводро дар шабака, боло бардорад.
Story Multisearch (дарёфти ҷамъи маводҳо)
Агар шумо танҳо якчанд фактро донеду, фавран маводи иловагӣ лозим бошад, роҳи дурусти ҷустуҷуи мавод ин – шабакаҳои иҷтимои мебошад. Бо ёрии плагини Multisearch, ки Storyful (сомонаи – “ҷадвали хабарии шабакаҳои иҷтимои”) ихтироъ кардааст, метавонед бо як ишора дар Twitter, Vine, YouTube, Tumblr, Instagram ва Spokeo дархост диҳед. Натиҷаҳо барои ҳар як шабака дар даричаи алоҳида нишон дода мешавад.
[youtube youtubeurl=»CKP3Hey1Azo» ][/youtube]
Бисёри дархостҳо барои натиҷагири гурӯҳбанди карда мешаванд, ки барои рӯзноманигорон хело муфид хоҳад буд.
Дастрасӣ: Chrome.
Яке аз роҳҳои тези фаҳмидани асоснокии расм дар маводи иттиилооти – ин коркарди кофтукоб аз рӯи расм мебошад. Плагини RevEye барои дарёфти манбаи акс ёри медиҳад. Он дар асоси –калонтарин онлайн-маҳзанҳои Google, TinEye, Microsoft Bing, Yandex, Baidu – маводро таҳрир мекунад.
Чунин мониторинги ҳамоҳанг вақти дарёфти аксро албаттар сарфа мекунад.
Дастрасӣ: Chrome. Ивазкунандаи хуби FireFox – Search Image Everywhere.
Вазъи калидии рӯзноманигор – дар қатори аввалин қабулкунандагони иттилоот будан. Лекин назорат аз паи онлайн-манбаҳои бешумор хело вазнин аст. Distill Web Monitor имкон медиҳед, ки аз болои дигаргуни дар веб-саҳифаҳо тариқи огоҳи дар экран, паёмҳои почтави ва СМС, бохабар бошед.
[youtube youtubeurl=»ZTMscRMFa9A» ][/youtube]
Дилхоҳ веб-саҳифаро кушоед, ки мехоҳед назора кунед. Тугмачаи Distill’s-ро дар панели хизматрасонии браузер интихоб кунед. Барои боз ҳам қулай шудани кор метавонед қисми саҳифа ё тамоми онро нишон диҳед. Интихоби худро ҳифз намоед. Инчунин метавонед якчанд роҳандози кунед – бо кадом марҳила Distill саҳифаро тафтиш мекунад, роҳи огоҳсозӣ, агар лозим бошад тафтиши хабарҳо бо калимаҳои калиди.
Дастрасӣ: Chrome, Firefox, Opera.
Маълумот дар бораи расм – ба монанди, вақт, сана ва дастгоҳ, ки вақти аксбардори сабт шуда аст – онҳо барои таҳлили расм ёри медиҳанд.
Насби плагини Jeffrey’s Exif Viewer имкон медиҳад, ки маълумотро дар бораи расм бо як нохунзани гиред.
Дастрасӣ: Chrome
Дар асоси маводҳои firstdraftnews.com.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/