Журналистон аз кишварҳои рӯ ба тараққиниҳода ё кишварҳои дар давраи гузариши иқтисодӣ қарордошта барои иштирок дар ин тренинг метавонанд дархост пешниҳод намоянд.
Фонди Thomson Reuters семинари “Мамнӯъ дар журналистка”-ро мегузаронад, ки аз 11 то 15-уми июл дар Лондон доир мегардад. Семинар ба инъикоси беғаразонаи масъалаҳои ҳассос (нозук) бахшида мешавад.
Дар байни мавзӯъҳои тренинг: банақшагирии мавод ва консепсияҳои он, техникаи мусоҳибаороӣ, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба масъалаҳои ҳассос ва ғайраҳо ҳастанд.
Пас аз интиҳои семинар журналистон доир ба масъалаи дарёфти иттилоот ва коркарди мавод кӯмаки таҳрирӣ ва машваратиро мегиранд.
Ташкилкунандагон барои иштирокчиёни интихобшуда хароҷоти роҳкиро ва истиқоматро пардохт менамояд.
Дедлайн барои пешниҳоди дархост – 25-уми апрел. Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.
Манбаъ: ijnet.org.